Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чӣ ҷавононро аз ширкат дар интихобот вомедорад?


Бахши ҷавонони Ҳизби халқӣ демократӣ дар маъраки интихоботи президентии соли 2013. Акс аз бойгонӣ.

Бахши ҷавонони Ҳизби халқӣ демократӣ дар маъраки интихоботи президентии соли 2013. Акс аз бойгонӣ.

Набудани ҷасорат, пойин будани сатҳи огоҳии сиёсӣ ва дар ниҳоят мушкилоти молӣ сабаби худдории ҷавонон барои ширкат дар интихобот ба унвони номзад будааст.

Авомили худдории ҷавонон дар интихоботҳо ва сатҳи пасти огоҳии сиёсии онҳо, зимни баргузории ҳамоиши рӯзи ҷумъаи 5 декабр дар шаҳри Душанбе, ки бо ширкати масъулони созмонҳои байналмилалӣ ва иҷтимоӣ ва таҳлилгарону иддае аз ҷавонон садо дод. Дар ин ҳамоиш китобе низ зери унвони “Овози худро ба дигарон надеҳ!” чун роҳнамо барои ҷавонон муаррифӣ шуд.

Рустем Тоҳиров, масъули созмони “Ҷавонони асри нав” дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ сабаби аслии худдории ҷавонон аз муаррифӣ ба унвони номзади интихобот, ба гарон будани мизони гаравпулии интихоботӣ марбут донист. Ин ҳам дар ҳоле, ки тибқи қавонини интихоботӣ мизони гаравпулӣ барои ҳар нафар номзад маблағи 4 ҳазор сомонист.

Ҷаноби Тоҳиров афзуд, ки дар баробари пардохти маблағи гаравпулӣ ҷавононро лозим аст, барои таблиғу ташвиқи худ низ маблағи ҳангуфте сарф кунанд. Бинобар ин ҷаноби Тоҳиров мегӯяд, танҳо он идда ҷавононе, ки имконияти хуби молӣ доранд, ба хусус тоҷирон метавонанд ба унвони номзад дар интихоботӣ навбатии порлумонӣ ширкат кунанд.

Рустем Тоҳиров

Рустем Тоҳиров

​Вай гуфт, “масалан агар ман чун як ҷавон хоҳам номзадиямро ба депутати гузорам, бархе аз ҷаҳорчӯбаҳо маро аз ин кор боз медорад. Ман аниқ аз пешниҳоди номзадиям чун як ҷавон худдорӣ мекунам. Барои худро ба қайд гирифтан ҳамчунин бояд ҳазор имзо ҷамъоварӣ кунам, ки барои ин ҳам пул лозим аст.”

Дар ҳамин ҳол созмони иҷтимоии “Нидои дӯстон”, муддати панҷ соли ахир дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон иқдомотеро ба манзури ширкати ҷавонон дар интихобот рӯи даст гирифтаанд.

Ин аст, ки ба гуфтаи Амиралӣ Фақиров дар қиёс ба интихоботи порлумонии соли 2010 дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2013, ширкати ҷавонон 30 дар сад афзудааст. Ҳамчунин ҷаноби Фақиров афзуд, ки дар муддати чанд соли ахир шеваҳои ширкати ҷавонон ба унвони номзад дар интихоботи порлумониро низ омӯзиш додаанд. Аммо ҷаноби Фақеров мегӯяд, ки иродаи раъйдиҳӣ ва муаррифӣ шудан ба унвони номзад дар интихобот ба худи ҷавонон вобастагӣ дорад:

“Омода кардани ҷавонон ҳамчун номзад ба интихобот вазифаи ҳукумат аст. Вазифаи созмонҳои ҷамъиятӣ танҳо омӯзонидани онҳо аст, ки чӣ тавр бояд дар интихобот иштирок кунанд. Бинобар ин мо то қадри имкон ба ҷавонон меомӯзонем, ки иштироки онҳо, овоздиҳии онҳо дар интихобот ҳатмӣ аст.”

Амиралӣ Фақиров

Амиралӣ Фақиров

Дар ҳамин ҳол иддае аз ҷавонони фаъоли тоҷик бар ин боваранд, ки на мушкили молӣ ва на поин будани донишҳои зарурӣ, балки тарси онҳо аз сиёсати ҳукумати Тоҷикистон сабаби муаррифӣ кардан дар интихобот аст.

Рустам Гулов, яке аз блогнависони фаъоли тоҷик муътақид аст, ки иддае аз ҷавонон алоқаи ширкат ва ҳатто муаррифӣ кардани худ ба унвони номзад дар интихоботҳо доранд, аммо сарнавишти соҳибкори шинохтаи тоҷик, Зайд Саидов, ки пас аз эълони таъсиси ҳизби сиёсии “Тоҷикистони нав” ба додгоҳ кашида шуд, онҳоро дудила кардааст. Рустам мегӯяд: “Сарнавишти на танҳо Зайд, балки вакилонаш ҳатто боиси он гаштааст, ворид шудан ба сиёсат хатарнок ба назар мерасад. Ин бештари мардумро ба он водор кард, ки беҳтар аст аз сиёсат дуртар гардем.”

Рустам Гулов ҳамзамон гуфт, агар гап сари он равад, ки ҷавонон ҳамчун интихобкунанда дар интихоботҳо камфаъоланд ё иштирок намекунанд, ин ҳам сабаби худро дорад. Камфаъолии вакилон ва ношаффофии интихоботҳои Тоҷикистон, боиси пайдо шудани шиоре гардидааст: “овоз додан бе фоида аст” гардидааст.

Рустам Гулов

Рустам Гулов

Нозирони умур мегӯянд, дар Тоҷикистон ҳам созмонҳои ҷамъиятӣ, ҳам ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳам ҳукумату ниҳодҳои зиддахл танҳо замоне фаъол мешаванд, ки ҳамагӣ моҳе то интихобот боқӣ мемонад. Агарчи то интихоботи парлумонии навбатии 2015 ҳамаги се моҳи дигар боқӣ мондааст, аҳзоби сиёсӣ мегӯянд, ки бо баргузории анҷуманҳои қабл аз интихоботӣ, ки дар миёнаҳои моҳи ҷорӣ сурат хоҳанд гирифт, номзадҳои худро муаррифӣ хоҳанд кард.

Дар як пурсиши сарироҳии ба суоли “Оё медонед, ки ба наздики кадом маъракаи сиёсӣ дар Тоҷикистон сурат мегирад?”, аз ҳудуди 35 ҷавон, танҳо 4 нафар гуфтанд, ки “Тоҷикистон интихоботи парлумонӣ доир мешавад”. Аммо бақия пурсидашудагон ҳеҷ иттилое дар бораи интихоботи қарибулвуқуи порлумонӣ надоранд. Интихоботи парлумонии соли 2015 қарор аст 1-уми моҳи март доир гардад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG