Пайвандҳои дастрасӣ

Бобои барфӣ, сергазаш бигир! (ВИДЕО)


Ронандаи як микроавтобуси мусофирбар дар шаҳри Душанбе дар арафаи Соли нав либоси Бобои барфиро ба тан кардааст.

Агар ба маршрутка савор шудеду дар ҷои ронанда Бобои барфиро дидед, чӣ хоҳед кард? Як ронанда дар Душанбе дар арафаи Соли нав барои болида сохтани хотири муштариёнаш либоси Бобои барфиро пӯшидааст.

Мусофирони ин микроавтобус мегӯянд, ин ташаббуси ронандаи микроавтобусро "иқдоми нек" меноманд ва мегӯянд, дар тани ронанда дидани либоси Бобои барфӣ ба онҳо табъи хуши солинавӣ медиҳад.

Худи ронанда мегӯяд, ин корро ба хотири хуш кардани хотири муштариёнаш кардааст ва мегӯяд: "Хурсанд мешаванд ҳама, онҳо моро табрик мекунанд бо Соли наву мо онҳоро табрик мекунем."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG