Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

З.Мирзоён: "Чавгон мероси муштарак аст, на моли озариҳо"


Зафари Мирзоён.

Зафари Мирзоён.

Иддае аз донишмандони тоҷик бо ирсоли як нома ба ЮНЕСКО пешниҳод кардаанд, ки бозии «чавгон», ки дар феҳристи ин созмон ба номи Озарбойҷон сабт шудааст, мероси муштарак дониста шавад.

Дар ин нома, ки ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ иншо шуда ва як нусхаи он ба дасти “Озодӣ” низ расид, аз хонум Ирина Бокова, директори генералии ЮНЕСКО хоста шудааст, ки дар иваз ин бозӣ мероси муштараки мардуми Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон, Арманистон, Туркманистон, Узбакистон ва Озарбойҷон низ дониста шавад.

Чанд рӯз қабл, ҳаштумин нишасти Кумитаи мероси ЮНЕСКО чавгонбозиро ба номи ҷумҳурии Озарбойҷон сабт кард. Озарбойҷон қаблан аз Кумитаи мероси маънавии ҷаҳонӣ, Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии СММ (ЮНЕСКО) дархост карда буд, ки ин варзишро таҳти унвони "Чавгон бозии суннатӣ бо асп дар Қарабоғ" ба номи ин кишвар ва дар феҳристи мероси маънавии ЮНЕСКО сабт кунад.

Ҳаштумин нишасти Кумитаи мероси маънавии ЮНЕСКО бо ҳузури 600 намоянда аз 95 кишвари ҷаҳон рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта дар Боку ифтитоҳ ёфт ва ин кумита рӯзи сешанбе бо раъйдиҳии кишварҳои ширкаткунанда, чавгонбозиро ба номи Озарбойҷон сабт кард. Пеш аз ин кишвари Эрон ба ин дархости Озарбойҷон дар бораи саби ном шудани чавгонбозӣ эътирози шадид карда буд ва хоҳони сабти ин варзиши бостонӣ ба унвони "мероси муштараки чанд кишвар" шуда буд. Ба дунболи эътирози расмии Эрон, ҳоло донишмандони тоҷик ҳам алайҳи ин тасмими ЮНЕСКО садо баланд карданд. Дар зери ин нома Акбар Турсон, доктори илмҳои фалсафа, Юсуфшоҳ Яъқубов, доктори илмҳои таърих(бостоншинос), Абдунаби Сатторзода, доктори илмҳои филологӣ, Ҷумъахон Алимӣ, доктори илмҳои филологӣ ва дигарон имзо гузоштаанд

Дар сӯҳбат бо Зафари Мирзоён, донишманди тоҷик, ки низ зери ин нома имзо гузоштааст, ибтидо пурсидам, чӣ онҳоро водошт, ки бо ирсола нома ба ЮНЕСКО муроҷиат кунанд:

Зафари Мирзоён: Мо тоҷикон аслан одат кардаем, ки арзишҳо ва суннатҳои аз бобоён ба меросгузоштаи моро дигарон соҳибӣ кунанд. Агар жарфтар бингарем, ёдгориҳо ва андешаҳои тоҷикиву эронии мо барои дигарон хидмат мекунанд ва мо аз ин хурсандем. Ин аз он рӯ аст, ки мо аз қадим мардум фарҳангофарин будем ва ҳар чӣ, ки эҷод кардем, барои дигарон бахшидем. Вале мутаассифона дигарҳо, аз ҷумла ҳамсояҳои мо арзишҳои тоҷикӣ ва эронитабории моро аз худ карда, моли худ медонанд, вале дар ягон ҷо аз он ёд намекунанд. Ба мо аз назари баландбинӣ нигоҳ мекунанд. Чун иқтисоди моро, зиндагии моро нигоҳ мекунанд, гумон мекунанд, ки мардуми пасмонда буданд. Ин, то андозае одамро алам мекунад. Мисли ҳамон аст, ки як боғбон боғе бунёд мекунад ва дарахтҳое мешинонад ва вақте самар ба бор меоваранд, ба дигарон мегӯяд, ки хуб бифармоед, аз ин мева бихӯред. Аммо ин будааст, ки вақте аз ин меваҳо мехӯранд, намегӯянд, ки боғбонаш кист. Фикр намекунанд, ки ин расму оинҳои қадимии мо аст ва онро риоят накардан, то андозае таҳқир аст. Мо намегӯем, ки озариҳо аз худ нагӯянд чавгонро. Ташаккур, ки онҳо ҳифз карданд ва мо натавонистем дар замони Шӯравӣ онро ҳифз кунем. Аммо онҳо бояд андеша кунанд ва таърихро бидонанд, ки он чи гуна пайдо шуд. Агар дур наравем, бубинем ҳазрати Рӯдакиро аз гӯйю чавгон сухан гуфтааст. Фирдавсӣ вақте достони Сиёвушро, ки дар Вароруд зиндагӣ кардааст, меорад, онҷо аз чавгонбозии Сиёвуш бо Афросиёб қисса мекунад ва он як достоне аст. Дар ашъори Ҳофизу Саъдиву дигар тамоми саромадони адабиёти мо дар бораи гӯйю чавгон сухан гуфта шудааст. Вале инро ба ёд наовардан, ин ба андозае куфр аст. Бародарони озарии мо мутаассифона як худбузургбинӣ доранд.

Ин худбузургбинӣ худ аз чӣ маншаъ мегирад, вақте дигар асбобҳои мусиқии моро, ҳатто масалан “тор” ва “сурнай”-ро моли худ медонанд? Онҳо воқеан кор карданд. "Шоҳнома"-и ҳаким Фирдавсии моро гирифтанд асари асотирӣ ва афсонавӣ гуфтанд, дар ҳоле ки ин як асари таърихӣ аст. Тамоми таърихи миллати мо дар он аст ва он шиносномаи миллати мост ва дар онҷо дар бораи чавгон возеҳ гуфта шудааст. Вале вақте ба ЮНЕСКО ин корро медиҳанд, ин созмон бояд 1-2 ховаршиносро ҳамчун коршинос бигиранд, ҳар вақте кишваре талош варзид ва иддао кард барои аз худ кардани арзишҳои ғайримодӣ ва фарҳангии ақвоми дигар, бигӯяд, ки бародар ин аз шумо нест.

Озодӣ: Дуруст аст, ки ҳоло дигарон бузургманишӣ доранд ва талош мекунанд, ки мероси фарҳангии дигаронро аз худ кунанд. Аммо Тоҷикистони имрӯз як кишвари мустақил аст ва намояндагии худро ҳам дар ЮНЕСКО дорад. Чаро онҳо сари вақт садо баланд намекунанд?

Зафари Мирзоён: Барои худи ман ҳам ҷои тааҷҷуб аст. Шумо бубинед, вақти ҷашни саросарии Темури Лангро ба Амир Темур ном карданд, магар ЮНЕСКО фаромӯш кард, ки вақте тӯпу танку бомбаи атомӣ набуд, 19 миллион нафар ва ба ҳисобе 20 миллион нафар кушта шуд. Ман ҷавоб гуфта наметавонам, ки чаро намояндагони мо дар ЮНЕСКО ба ин эътироз намекунанд? Хуб, дипломат будан даркор, бародарони озариро дӯсту бародар донистан даркор, аммо ба онҳо бояд гуфт, ки ин моли мову шумост ва мо ба ин розӣ ҳастем. Аммо моро ҳеҷ чиз надонистан то андозае таҳқир аст. Бинобар ин, ман дар пайи навиштани як мақола ҳастам ва бояд доираҳои дипломатии ин кишварҳо андеша кунанд. Ҳамаи ин корҳои барои чӣ аст? Наврӯз ва чавгон инҳо фарҳанги бузурги сулҳофаринӣ ҳастанд, ки мардумро ба сулҳ мехонанд ва ҳаргиз ба ҷанг ташвиқ намекунанд. Ҳамин гуна ҳама суннатҳои мо суннатҳои сулҳхоҳӣ аст. Мардум бояд байни ҳамдигар ҷашн бигиранд ва бозиву варзиш кунанд, на ҷанг. Бинобар ин, бигузор ин арзишҳои моро бигиранд. Фикр мекунам, вазорати фарҳанг ҳам ба тариқи шояд роҳҳои дипломатӣ ва хуб, аз роҳҳои дигар бифаҳмонад, ки ҳама мардуме ҳастем, ки мехоҳем оромӣ ва осудагӣ бошад, фарҳанги умумибашарӣ бошад.

Озодӣ: Ба назари Шумо, чӣ гуна метавон арзишҳои худро аз соҳиб шудани дигарон ҳифз кард?

Зафари Мирзоён: Мутаассифона донишмандони мо, масалан, ман дар русто зиндагӣ мекунам, дидам, ки дар марказ ба ин кор касе даст назад. Ин пешниҳоди ман аст. Фикр мекунам, донишмандони мо бояд донишмандони воқеӣ бошанд. Бояд бинависанд, ба забони англисӣ тарҷума кунанд, дар расонаҳои хабарии ҷаҳонӣ пахш кунанд арзишҳои моро ва мубориза баранд. Ман медонам, ки дар онҷо ҳамсари раиси ҷумҳури Озарбойҷон фориғуттаҳсили Донишгоҳи давлатии Маскав аст ва саводи шарқшиносӣ дораду ин корро мекунад. Онҳо донишгоҳҳо ва фарҳангистонҳо доранд. Бояд фарҳангистонҳои мо ҳам кор кунанд, арзишҳоямонро ба ҷаҳон муаррифӣ кунанд. Бояд бештар кор кард, то Тоҷикистони моро бештар бишносанд.

Озодӣ: То кадом андоза умедвор ҳастед, ки ЮНЕСКО ба ин муроҷиати шумо таваҷҷуҳ мекунад, чун аллакай он ба номи Озарбойҷон сабт шуд?

Зафари Мирзоён: Хуб сабт кард, бигузор сабт кард. Вале фикри моро аз тариқи расонаҳои хабарӣ ва интернетӣ, масалан аз тариқи радиои "Озодӣ", ки байналмилалӣ аст, мардум мефаҳмад, ки ба номи Озарбойҷон сабт шуда бошад ҳам, ин кори ЮНЕСКО сад дар сад дуруст нест. Ҳамон тавр, ки Амир Темурро фарҳансолор гуфтанд, дуруст нест. Ҳамин тавр, ки меоянд бар пояи муҷассамаи Чингизхон гулгузорӣ мекунанд, аммо ин дуруст нест. Аммо вокунише, ки мо нишон додем, ба он маъност, ки ҷаҳониён то андозае хабар мешаванд, худи шаҳрвандони мо бохабар мешаванд, ки мо чунин арзишҳо доштем. Вагарна, бубахшед, бо ин танбаливу сустии тоҷиконае, ки мо дорем, масалан мо дар 22 сол аст, ки истиқлоли давлатӣ дорем, то ҳол барои эҳёи чавгон касе як хасеро аз ҷояш намеҷунбонад. Ҳоло он, ки мо бояд бар ивази бузкашӣ, ки фарҳанги мо нест ва аз мардуми бодиянишин аст ва раиси ҷумҳур онро манъ карданд, чавгонро эҳё намоем.


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG