Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо муҳоҷирон мулоқот кард


Рамазон Раҳимов
Рамазон Раҳимов

Муҳоҷирони тоҷик дар Екатеринбург ба Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки полиси Русия ҳуқуқи онҳоро поймол мекунад.

27 август дар шаҳри Екатеринбург бо ширкати вазирони корҳои дохилии Русияву Тоҷикистон Владимир Колоколтсев ва Рамазон Раҳимов ҷаласаи машваратии вазоратхонаҳои ҳар ду кишвар баргузор ва дар он масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ баррасӣ шуд. Дар ин ҷаласа вазирон роҳҳои ҳамкории миёни вазоратҳои корҳои дохилаи ду кишвар, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, пешгирӣ аз тундгароии исломӣ ва поин бурдани сатҳи ҷиноятро баррасӣ карданд. Аз ду ҷониб дар ин мулоқот муовинони вазирони корҳои дохила низ ширкат доштанд.

Владимир Колоколтсев дар поёни ҷаласа ба рӯзноманигорон гуфт, ки Русияву Тоҷикистон барои расидагӣ ба ҷинояти шаҳрвандони худ бо якдигар ҳамкорӣ хоҳанд кард. Ба гуфтаи вай, дар натиҷаи ҳамкориҳои дуҷониба ба вазоратҳои ҳар ду кишвар муйяссар шудааст, ки мизони ҷиноятҳое, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия анҷом медиҳанд, камтар шавад. Дар соли 2012 нисбат ба соли 2009 чунин ҷиноятҳо 40 дарсад коҳиш ёфтааст. Оқои Колоколтсев гуфт, худи муҳоҷирони тоҷик низ гаҳ-гоҳе қурбони чунин ҷинояткориҳо мешаванд. Масалан, соли гузашта 1 700 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст ва дар шаш моҳи соли ҷорӣ 800 ҷиноятро сабти ном кардаанд.


Ба навиштаи хабаргузории ИТАР-ТАСС, Колоколтсев гуфтааст, ки барои расидагӣ ба ин ҷиноятҳо, ба вижа барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва пешгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ба кӯмаки ҳамкорони тоҷики худ ниёз доранд. Ба чунин ҷиноятҳо аслан ононе даст мезананд, ки бо шабакаҳои ҷиноӣ иртибот доранд.

Як рӯз пеш аз ин ҷаласаи машваратӣ Рамазон Раҳимов бо муҳоҷирони тоҷик мулоқот дошт. Дар мулоқот раҳбарони тақрибан 10 ҷамъияти бузурги тоҷикон, аз ҷумла аз шаҳрҳои Новосибирск, Иркутск, Екатеринбург, Челябинск, Магнитогорск, Тюмен ва Краснодар ширкат доштанд.

Оқои Раҳимов дар суханронии худ гуфт, роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша аз муҳоҷирони корӣ ҳимоят кардааст ва саъй мекунад барои онҳо дар Ватан ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд орад. Вай афзуд, ташкили ҷойҳои нави корӣ дар соҳаҳои хӯрокворӣ, кишоварзӣ ва нақлиёт, ҷудо намудани қитъаҳои замин барои ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, додани қарзҳои имтиёзнок барои ташкили соҳибкорӣ аз тадбирҳое мебошанд, ки имрӯзҳо бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон амалӣ шуда истодаанд. Торнамои вазорати корҳои дохила низ иқтибосҳое аз суханронии вазир дар ин мулоқотро чоп кардааст.


Оқои Раҳимов хитоб ба ҳамватанони бурунмарзӣ ва муҳоҷирони корӣ гуфт: «Модоме, ки шумо дар Федератсияи Россия кору фаъолият менамоед, кӯшиш кунед, ки ба қонунҳои амалкунандаи ин кишвар, дину оин, урфу одат, ҷойҳои муқаддас ва арзишҳои олии ин мамлакат эҳтиром гузошта, фарҳангу тамаддуни баланди миллати тоҷикро нишон диҳед».

Фаррух Мирзоев, раиси ҷамъияти тоҷикони вилояти Свердлов бо номи “Сомониён” аз шаҳри Екатеринбург дар сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ гуфт, ба мулоқоти вазир ва консерти дастаи ҳунарии “Сипар”-и Вазорати корҳои дохилӣ ҳамаи тоҷикистониёни муқими шаҳри Екатеринбург низ даъват шуда буданд ва ба ҷуз аз раҳбарони ҷамъиятҳо ҳудуди 400 нафар муҳоҷирон, ки дар миёни онҳо донишҷӯён низ буданд, ҳузур доштанд.

Мулоқот ва консерт дар толори қасри фарҳанги “Уралмаш”-и шаҳри Екатеринбург ҷараён гирифт. Вай афзуд, дар мулоқот муҳоҷирон ёдоварӣ карданд, ки то ҳол мавридҳои риоят нашудани ҳуқуқи онҳо ҳангоми бакоргирӣ аз тарафи кордиҳандагон ва ё таҳқири муҳоҷирон мушоҳида мешавад.


Фаррух Мирзоев
Фаррух Мирзоев
Ҷаноб Мирзоев гуфт: "Муҳоҷирон гуфтанд, ки аз вазорати корҳои дохилии Русия хоҳиш карда шавад ва ё ба онҳо расонда шавад, ки ҳуқуқи муҳоҷирони коррии тоҷик камтар поймол карда шавад”.

Рамазон Раҳимов дар посух гуфтааст, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар қаламрави Русия вазифаи мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба шумор меравад ва ин масъаларо дар мулоқот бо вазири Русия дар миён мегузорад ва роҷеъ ба массъалаҳои баррасишуда ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ гузориш хоҳад дод.

Вай ҳамчунин дархост кард, ки дар оянда муҳоҷирони корӣ дар бораи намунаҳои риоят нашудани ҳуқуқи худ ба консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург низ хабар диҳанд ва пешниҳодҳои худро бо кормандони он дар миён гузоранд.
XS
SM
MD
LG