Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эшони Саидҷон Сорбонхӯҷа: «Сурия ҷиҳод нест, ҷиҳод ин ҷост»


Эшони Саидҷон Сорбонхӯҷа.

Эшони Саидҷон Сорбонхӯҷа.

Эшони Саидҷон Сорбонхӯҷа, раиси шӯрои уламои Хатлон мегӯяд, ҷиҳоди воқеиро онҳое анҷом медиҳанд, ки дар ватан барои пешгирӣ аз дуздию бадахлоқӣ ҷадал мекунанд.

Муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, имомхатиби масҷиди марказии вилояти Хатлон, Эшони Саидҷон Сорбонхӯҷа бар ин аст, ки рӯҳониён бояд дар ҷомеа нақши муҳим дошта бошанд ва барои беҳбуди он талош варзанд. Худи ӯ ҳар рӯзи чаҳоршанберо барои шаҳрвандон Рӯзи дари боз ё пазириши мардум эълом доштааст ва гуфтугӯи мо аз ин оғоз гирифт, ки дар ин рӯз киҳо ва бо чӣ пурсиш ё мушкилоте наздаш меоянд?

Эшони Саидҷон Сорбонхӯҷа: Ба ҳама маълум аст, ки баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ (манзур ҷанги солҳои 1992-97 - идора) бисёре аз мардҳо дар кишвари мо пароканда шуда, ба муҳоҷират рафтаанд, занҳоро бо панҷ-шаш кӯдак танҳо мемонанд ва онҳоро шавҳаронашон суроғ намекунад. Мо онҳоро аз рӯи қонуни ислом дастгирӣ мекунем. Заноне ҳастанд, ки дар мавриди талоқҳои телефонӣ аз шавҳарони муҳоҷирашон шикоят мекунанд ва суолҳои зиёде мекунанд. Баъзан, вақте ки идораҳои ҳифзи ҳуқуқ ба занону духтарон кӯмак намекунанд, онҳо дар номаҳои охирини ҳаёташон менависанд, ки мехоҳанд, худкушӣ кунанд ва ин номаҳоро ба наздамон оварда медиҳанд. Буданд ҳолатҳое, ки хонаҳои мардумро баъзе аз роҳбарон аз дасташон мегирифтанд, мо ба онҳо кӯмак кардем, ки хонаҳояшонро баргардонда диҳанд.

САТРУ РИШ, ФАҲШ ВА ҲАМҶИНСГАРОӢ

Озодӣ: Ахиран мавзӯи сатру риш дар ҷомеа бисёр пурсарусадо шуд, оё сокинон дар ин масоил низ ба Шумо муроҷиат мекунад?

Эшони Саидҷон Сорбонхӯҷа: Муроҷиат мекунанд ва ба онҳо мегӯем, ки риши дароз бо мӯйи сари дарозу баланд мисли як роҳзан ва ё мисли Алии Бедакӣ аст ва ин риши исломӣ нест. Тарошидани ин риш хубтар аст, чун нафаре, ки риш дорад бояд тоза ва зебо бошад, на ифлосу зардшуда, ин ришҳо масхараи ришу ришдорони дигар аст. Мақомот ва ё амният барои муҳофизат кор мекунад. Худамон дидем, ки чӣ тавр фоҳишаҳо худро бо сатр намоиш додаанд, ки ин ба ислом хуш намеояд, онҳо бо пӯшиши сатр мардумро ба зино даъват кардаанд.

Озодӣ: Дар Тоҷикистон мавридҳои боздошт ё рейди зидди занони фоҳиша зиёд расонаӣ шуд. Шумо ба ин мавзӯъ чӣ назар доред?

Эшони Саидҷон Сорбонхӯҷа: Ман розӣ ҳастам ва дастгирӣ мекунам, ки онҳоро боздошт кунанд, чун агар аз ин амал пешгирӣ нашавад, фоҳишаҳо зиёд мешаванд. Ислом мегӯяд, ки барои фоҳиша шудани як зан -- се нафар падар, бародар ва шавҳар ҷазо мегирад. Аммо баъзе мардҳо даюсанд, яъне нисбати занону хоҳарони фоҳишаи худ беаҳамият шудаанд. Ин занон рафта дар донишгоҳи исломӣ ё дунявӣ таҳсил карда, нонашонро пайдо созанд, кори хубе мешуд.

Озодӣ: Дар ҷомеа имрӯз ҳамчунин аз зану мардҳои ҳамҷинсгаро сӯҳбат мешавад. Шумо сабаби ин падидаро дар чӣ мебинед ва оё ҳамҷинсгароиро маҳкум мекунед?

Эшони Саидҷон Сорбонхӯҷа: Инҳо аз қавми паёмбар ҳазрати Лут ҳастанд, ки мардҳо ба мардҳо ва занҳо ба занҳо ҳамҷинсгароӣ карда, аз пешу аз пас расидагӣ мекунад, ки ливотагарӣ мегӯяд. Мебахшед, дар кӯҳистон дигар чиз мегуфтанд... Ҳоло онҳо дар ҷомеа зиёд ҳастанд, ки аз Худо тарсида ва сирри мардҳо ниҳон мегӯем ва онҳоро ошкор намесозем. Диндорон бояд дар ин бора машваратҳо диҳанд, ки мардум ба роҳи нек ҳидоят шавад. Сабаби зиёдшавияшро ман дар камбизоатӣ мебинам, ки аз камбизоатӣ онҳо нафси шаҳвониро мефурӯшанд ва танфурӯшӣ мекунад.

ҶАВОНОН ВА САФАРИ ОНҲО БА СУРИЯ

Озодӣ: Яке аз мавзӯъҳои доғ ин пайвастани ҷавонони тоҷик ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ва ба хусус сафари онҳо ба “ҷиҳод” аст. Бино бар омор, ҷавонони хатлонӣ дар ин миён кам нестанд. Оё ин ба маънии заъфи фаъолияти рӯҳониён нест, ки ҷавонони тоҷик фирефтаи чунин падидаҳо мешаванд?

Эшони Саидҷон Сорбонхӯҷа: Сад афсӯс, ки тангназар ҳастем ва ҷаҳонбинӣ надорем, ба таърих рӯй намеорем, ки Сурия ба ном давлати исломӣ аст, ки онҷо ҷараёнҳои “Шиъа”,”Мишкик”, “Маҷусӣ”,”Фиръавнӣ”,”Салафӣ”, “Ваҳҳобӣ”ва “Ҳизб-ул-таҳрир” аст, ки ҳамаи онҳо аслашон “Ваҳҳобӣ” аст. Айб аст, ки номи Тоҷикистонро бад карда, худро дар дами теғ мегузорем ва ҳаром мемурем. Муллоҳо кор карда истодаанд, вале ин ҷавонон аз Русия ба Туркия ва аз он ҷо ба Сурия мераванд, ки онҳо барои пул мераванд. Онҳоро бояд баргардонда, ба ҷой кор дар корхонаҳо таъмин созанд.

Озодӣ: Пайомади фаъол шудани гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ, ба хусус “Давлати Исломӣ” ба амнияти Тоҷикистонро чӣ гуна мебинед. Воқеан хатару таҳдиде хоҳанд дошт?

Эшони Саидҷон Сорбонхӯҷа: Ташаккур, онҳо ҷиҳод намекунад. Ҷиҳоди исломиро мо, иншоллоҳ, анҷом медиҳем, ки мардумро аз дуздию ғарӣ ва дигар роҳи бад бармегардонем. Онҳо хатаре барои Тоҷикистон надоранд ва коре карда наметавонад, намаки кишвар ва Эмомалӣ Раҳмон кӯрашон мекунад.

ҶАНГИ ШАҲРВАНДӢ, САНГАК САФАРОВ ВА ФАЙЗАЛӢ

Озодӣ: Мо дар остонаи таҷлили “Рӯзи Ваҳдат” ҳастем. Аммо аввалин даргириҳо дар Тоҷикистон, аз Қӯрғонтеппа шурӯъ шуда буд ва гуфта мешавад, Шумо бо Сангак Сафар ва Файзалӣ Саидов, раҳбарони Фронти Халқӣ, мулоқот карда будед. Ин чӣ мулоқот буд ва дар кадом мавзӯъ?

Эшони Саидҷон Сорбонхӯҷа: Он вақтҳо ман дар шаҳри Норак бо падари бузургворам, рӯҳонии шинохта, зиндагӣ мекардам, ки гурӯҳҳои мухолиф назди падарам меомаданд, ки ба онҳо мегуфт, ки муқобили давлат барнахезед, ки талаф мешавед. Ҳам аз фронти халқӣ ва ҳам опозитсия мерафтанд. Дар назди падарам будам, ки Сангак Сафаров омад ва гуфт, "Бобои Эшон, маро мардум “Кофари Кӯлобӣ” мегӯяд." Гуфт, ки масҷидҳои “вовчик”-ҳоро оташ задан даркор аст. Мо гуфтем, ин коро набояд кард ва ӯ розӣ шуд. Ба онҳо ва ду тарафи даргир мегуфтем, ки аз аспи ҷаҳолат поин оед, кишварро ҳифз кунед. Ягон корманди ҳифзи ҳуқуқ он вақт ҷуръат намекард, ки ба мардум кӯмак кунад, ман кӯмак кардам. Он вақт мардум зиндагии вазнин буд. Тақсимшавӣ ба “кӯлобӣ” ва “ғармӣ” буд.

Озодӣ: Ҳатто гуфта мешавад, ҷанозаи ин ду фармондеҳи Фронти Халқиро Шумо хондаед. Оё ин рост аст ва чаро аз Шумо даъват шуда буд, ки ҷанозаро анҷом диҳед?

Эшони Саидҷон Сорбонхӯҷа: Дар ҷанозаи Сангак Сафаров ва Файзалӣ Саидов иштирок доштам, ҳардуи онҳоро худам ҷаноза кардам, дар чархбол савор шуда, ба Кӯлоб рафта, дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва дигар роҳбарони ҷумҳурӣ, бобои Сангак, Мурод ва Давлатро худам ҷаноза кардам, бурда дар хок монда, ояти "Таборак"-ро хондам, ки сипас ҷаноби олӣ гуфтанд, ки мардумро ба Шумо ва Шуморо ба Худо супурдам, коре кунед, ки вазъият хуб шаваду мардум ба Қӯрғонтеппа рафта, дастбагиребон нашаванд. Бобои Маҳмадӣ Сафаров, бародари Сангак Сафар маро даъват кард, ки ҷаноза кунам. Худи Сангак Сафаров медонистааст, ки кушта мешавад ва васият кардааст, ки бобои эшон манро ҷаноза кунад. Бародарони Файзалӣ Саидов маро барои саидзода буданам ба ҷаноза даъват кардаанд.

Озодӣ: Дар собиқ кӯчаи Ломоносови Қӯрғонтеппа номи даҳҳо кушташудаи ҷанг сабт гаштааст ва нимпайкараҳои Сангак Сафаров, Файзалӣ Сайдов ва Лангарӣ Лангариев, се тан аз сарони Ҷабҳаи халқӣ гузошта шудааст. Шумо дар ин бора чӣ медонед?

Эшони Саидҷон Сорбонхӯҷа: Ман ҳамин коро кардам, ки он ҷо як мудат ҷой фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ буд, онро бартараф сохта, як масҷидеро дар наздикияш бунёд кардам, ки мардум он ҷо дар ҳаққи онҳо дуо кунанд.

Озодӣ: Ин се нафар, ки сарварони Фронти халқӣ буданд ва муқобили тоҷикҳо ҷангиданд, оё шаҳид шудаанд?

Эшони Саидҷон Сорбонхӯҷа: Агар барои халқу ватанашон кушта шуда бошанд, иншоллоҳ, шаҳид ҳастанд, агар барои шахсияти худашон бошад, асло шаҳид намешавад, вале он вақт мақсади ҳамаи мо якдилӣ ва ягонагӣ буд.

РӮҲОНИЁН ВА СИЁСАТ

Озодӣ: Чанде пеш Вазорати адлия пешниҳод кард, ки тахаллусҳои, ба гуфтаи он, тафриқаандоз, монанди "мулло","халифа", “тура”, ”хӯҷа”, "хоҷа", “шайх”, "валӣ", "охун", "амир", сӯфӣ" ва ба инҳо монанд, ки боиси тафриқаандозии одамон мегардад," манъ шаванд. Дар насаби Шумо тахаллуси “хӯҷа” ҳаст.

Эшони Саидҷон Сорбонхӯҷа: “Хоҷа”гуфтан рамзи эҳтиром аст, масалан “шайх”, “мавлавӣ”, “мавло” ва “ҳоҷӣ” гуфтан ба хотири эҳтиром аст. Дар Шимол “тура” хоҷагони худро мегӯяд. Мо аз ҷумлаи хоҷагон ҳастем. Мардум бояд бохабар бошад, ки саидзода ҳастем ва ҳамингуна мемонем. Касе наметавонад инро аз мо ҷудо созад.

Озодӣ: Аз миёни сиёсатмадорони Тоҷикистон ба ҷуз Эмомалӣ Раҳмон боз киҳоро мешиносед?

Эшони Саидҷон Сорбонхуҷа, 31 май соли 1947 дар хонаводаи шахсияти маъруфи ислом Эшони Сорбонхӯҷа Маҳмудов, дар шаҳри Қӯрғонтеппа таваллуд шудааст, ки дар кӯдакияш хонаводааш ба деҳаи Кибили Норак кӯч бастаанд ва мактаби рақами 7-уми ба номи Гоголро дар деҳааш хатм карда, ҳамзамон аз падараш Эшони Сорбонхӯҷа дониши исломӣ гирифтааст. Сипас, дар соли 1970 ба Бухоро рафта дар мадрасаи Мири Араб 7 сол таҳсили динӣ кардааст, вале бино бар маҳдудиятҳои замони Шӯравии собиқ бо даъвати падараш ба Тоҷикистон баргаштааст. Беш аз 20 сол мешавад, ки муовини раиси Шӯрои уламои Марказии исломии Тоҷикистон буда, солҳои тулони имомхатиби масҷиди марказии Хатлон ва ҳамзамон раиси шӯрои уламои ин вилоят аст. Панҷ сол пеш барои ҳимояи рисолаи илмияш дар мавзуи “Ваҳдат ва дӯстӣ” ба Теҳрон сафар карда, аммо рисолааш нотамом монда, имсол дубора барои ҳимояи рисолаи илмияш ба Теҳрон сафар мекунад. Эшони Саидҷон Сорбонхӯҷа як ҳамсар, 5 писар ва 8 духтар дошта, 17 бор сафари ҳаҷ кардааст.

Эшони Саидҷон Сорбонхӯҷа: Ман ҳамаи сиёсатмадоронро мешиносам, чӣ опозитсиёнӣ бошанд ва чӣ аз ҳукумат.

Озодӣ: Телевизиони “Висоли ҳақ” дар чанд барнома тасмимгириҳои ҳукумати Тоҷикистон ва сиёсатмадоронро мавриди танқид қарор дод. Шумо ин барномаро дидед?

Эшони Саидҷон Сорбонхӯҷа: Ман тамошо кардам, ки ҳамон ҳам яке аз кӯрнамакҳои Тоҷикистон аст. Гул бехор намешавад, ҳар кӣ сангамон занад, кам намешавем.

Озодӣ: Шумо дар чанд ҷаласаи Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар, ба унвони як рӯҳонии фаъол ширкат доштед ва, зоҳиран, ҳарфи Шуморо он ҷо мешунаванд. Дар мавриди тақсимоти кадрӣ дар Тоҷикистон чӣ мегӯед?

Эшони Саидҷон Сорбонхӯҷа: Эмомалӣ Раҳмон инсони бузург аст, вале гирду атрофи ӯ чандон одамони арзанда нестанд, дар як баромадам гуфтам, ки бояд ба ҷобаҷогузории кадрҳо аҳамият дода шавад, вале ӯ бузург аст ва бузургӣ мекунад.

Озодӣ: Гоҳо телевизионҳои Тоҷикистон аъмоли ғайриахлоқиии афродеро бо номи мулло, эшон ва шайх нишон медиҳанд. Шумо дар ин маврид чӣ назар доред?

Эшони Саидҷон Сорбонхӯҷа: Бародари азиз, мебахшед, ин Шайх Темур ва дигарҳое, ки намоиш медиҳанд, мулло, мавлавӣ ва диндори ҳақиқӣ нестанд. Онҳо дар Покистон мактаби ибтидоиро хонда, худро мулло мегӯянд, аммо маърифату маданият надоранд, онҳо муқобили дину мазҳаб ҳастанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG