Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми AFC: Бохти дувуми “Равшан” ба “Ал Қудсия” бо ҳисоби 1:3


Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар даври чоруми мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) имрӯз, 9-уми апрел, дар шаҳри Хуҷанд аз тими “Ал Қудсия”-и Кувайт бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.

Ин бозии гурӯҳи “D” миёни дастаи «Равшан», қаҳрамони феълии Тоҷикистон ва тими “Ал Қудсия”, қаҳрамони 15-каратаи Кувайт, дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» бо ҳузури 4 ҳазор тамошогар баргузор шуд.

Дар дақиқаи 2-юми бозӣ Течи Саламон, легионери африқоии “Равшан”, ҳисобро боз кард. Воқеан, ин голи аввалини “Равшан” дар ин мусобиқа ба шумор меравад. Баъди 17 дақиқа голи ҷавобиро бозигари меҳмонон Фаҳд Ал-Иброҳим ба ҳадаф расонд. Дар дақиқаи 43-юм Бадер Ал Мутва, ҳамлагари кувайтиҳо, голи дувуми дастаашро зад.

Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 1:2 анҷом ёфт. Дар нимаи дувум, дар дақиқаи 58-ум боз тӯбро Бадер Ал Мутва вориди дарвозаи мизбонон кард. Дарвоқеъ, Бадер Ал Мутва дар ду бозӣ ба дарвозаи “Равшан” 4 гол задааст.

Дар бозии дигари даври чорум дар гурӯҳи “D” дастаи мизбон - “Ал Рамза”-и Урдун аз тими “Ал Шорта”-и Сурия бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд.


лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:26 0:00
Линки мустақим



Ёдовар мешавем, дастаи “Равшан” дар бозии даври севуми мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC дар гурӯҳи “D” 3-юми апрел дар варзишгоҳи Муҳаммад Ал Ҳамади пойтахти Кувайт аз тими “Ал Қудсия» бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрда буд. Ду голи мизбононро ҳамлагар Бадер Ал Мутва дар дақиқаҳои 26-ум ва 88-ум ба ҳадаф расонд. Як голи дигарро ҳимоятгар Одил Эргашев, капитани «Равшан», дар дақиқаи 68-ум ба дарвозаи дастааш зад.

Баъди натиҷагирии бозиҳои чаҳор даври мусобиқаи интихобӣ дар гурӯҳи “D” тимҳои “Ал Шорта” ва “Ал Қудсия” бо 9-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои якуму дувум қарор доранд. Тими “Ал Рамза” бо 6 имтиёз дар зинаи севум мебошад. Дастаи “Равшан” бидуни имтиёз (таносуби тӯбҳояш - 1-9) дар зинаи охирин - чорум ҷойгир шудааст.

Исроил Шарифов, раиси бошгоҳи футболи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, ки узви кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон мебошад, дар бораи ширкати дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё ба радиои Озодӣ чунин ибрози назар кард:

“Ширкати ду дастаи беҳтарини Тоҷикистон дар Ҷоми AFC, ба назари ман, барои рушди минбаъдаи футболи тоҷик мусоидат хоҳад кард. Ҳарду даста,ки барои аввалин бор дар чунин мусобиқа иштирок мекунанд, таҷоруби хуби бозии байналмилалӣ касб менамоянд. Дастаҳои мо дар Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё борҳо иштирок карда, чор бор соҳиби ин Ҷом шуда буданд. Вале сатҳи Ҷоми AFC нисбат ба Ҷоми раиси AFC болотар аст. Дастаҳои мо ҳарчанд имрӯз аз тимҳои пурқуввату пуртаҷрибаи Осиё мағлуб мешаванд, вале умедворем, ки дар мусобиқоти оянда бошгоҳҳои кишвари мо хубтар бозӣ карда, ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил мешаванд.”


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:25 0:00
Линки мустақим


Бозии даври панҷумро дастаи “Равшан” 23-юми апрел бо тими “Ал Рамза”-и Урдун дар сафар анҷом медиҳад.

Намояндаи дигари Тоҷикистон – дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, бошад, дар даври чорум дар гурӯҳи “А” рӯзи чоршанбе, 10-уми апрел, дар сафар бо тими “Кувайт”-и Кувайт, барандаи феълии Ҷоми AFC, рақобат мекунад. Ин бозӣ соати 18:40 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.
XS
SM
MD
LG