Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Тошканд ба зарари худаш кор карда истодааст"


Амонуллоҳ Ҳукуматулло, раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон.

Амонуллоҳ Ҳукуматулло, раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон.

Раиси ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон» мегӯяд, давлати Узбакистон то ҳадде ба Тоҷикистон бадбинӣ дорад, ки омодааст бар зарари иқтисодиёти худаш амал кунад.

Амонулло Ҳукуматуллоҳ, раиси ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон» рӯзи 22-уми июл дар як нишасти хабарӣ гуфт, давлати Узбакистон ҳанӯз дар соли 2009 қарори махфие содир карда буд, ки ҳадафаш маҳдуд кардани боркашонӣ ба самти Тоҷикистон аст: "Хатти роҳи оҳани транзитии Узбакистон то ба Тоҷикистон 1000 километр аст. Ин масофаи қобили мулоҳиза аст ва аз ин роҳ ҳар сол Узбакистон метавонист то 100 миллион доллар фоида бигирад. Лекин онҳо боркашониро маҳдуд карда, ҳамин сад миллион доллар фоида намегирад. Онҳо бар зарари худ кор карда борҳои ба вилояти Хатлон тааллуқдоштаро ба вилояти Суғд мефиристанд."




Ҷаноби Ҳукуматулло афзуд, дар тӯли чаҳор соли охир ҳаҷми боркашонӣ бинобар маҳудудиятҳои ҷорикардаи Узбакистон чор маротиба коҳиш ёфтааст. Ба таъкиди вай, пас аз қатъ кардани ҳаракати қатора аз Узбакистон ба вилояти Хатлон, ин минтақаи Тоҷикистон ва ҳам вилояти Бадахшон беш аз ҳама зарар мебинанд. Вай мегӯяд, борҳое, ки ба ин вилоятҳо тааллуқ доранд, акнун бо воситаи нақлиёти автомобилӣ аз вилояти Суғду Душанбе кашонида мешаванд ва дар натиҷа нархи ҳамагуна маҳсулот қариб 30 дарсад боло меравад.

Узбакистон ду сол пеш ба таври якҷониба ҳаракати қаторҳо ба самти Амузанг - Хатлон ро манъ карда, ин қитъаи роҳи оҳанро то марзи Тоҷикистон канд.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Амонуллои Ҳукуматулло, онҳо барои боз кардани роҳи оҳани Амузанг-Хатлон ба ҷониби Узбакистон даҳҳо нома ирсол кардаанд, аммо то кунун ин мактубҳо беҷавоб мондаанд: "Мо тавассути ҳукумат ва Вазорати корҳои хориҷӣ борҳо ба ҷониби Узбакистон нома навиштем, аммо ба ягон мактубамон то ҳол посух нагирифтем. Роҳбари ширкати роҳи оҳани Русия ҳамчун роҳбари Шӯрои роҳи оҳани СНГ ва сарвазири Узбакистон низ нома навишт, аммо ин нома ҳам беҷавоб мондааст."


Ба гуфтаи Амонуллои Ҳукуматулло, аз баста шудани қитъаи роҳи оҳани «Ғалаба -Амузанг» як солу ҳашт моҳ сипарӣ мешавад ва Тоҷикистон "дар пайи баста шудани роҳи қатори самти Амузанг-Хатлон, соли гузашта танҳо ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон 50 миллион ва дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 15 миллион доллар зарар дидааст."

Ба таъкиди ҷаноби Ҳукуматулло, ин танҳо ҳамон хисоротест, ки ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз коҳиш ёфтани боркашониву мусофиркашонӣ дидааст. Хисороти мардум, ки дар пайи бастани роҳ аз гаронии маҳсулот азият мекашанд даҳчанд аст. Ба бовари раиси ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон», монеаҳои маснуии эҷодкардаи Узбакистон дар интиқоли молу коло ба кишвар сирф ҷанбаи сиёсӣ дошта, ба нақшаҳои давлати Тоҷикистон ҷиҳати эҳдоси НБО Роғун бастагӣ дорад.

Ҷаноби Ҳукуматуллоҳ гуфт, баҳри раҳо кардани Тоҷикистон аз муҳосираи иқтисодии Узбакистон вай тариқи нома ба сафорати Амрико муроҷиат карда ду маротиба бо сафир мулоқоти рӯ ба рӯ доштааст, аммо Амрико барои рафъи мушкили мониагузориҳои Узбакистон кӯмаке накардаааст. Вай афзуд, агар ягон журналист боздошт шавад, сафорати Амрико ба чор тараф ҷор мезанад, аммо дар мавриди муҳосираи иқтисодии Тоҷикистон аз сӯи Узбакистон боре ҳам садо баланд накард.

Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ аз соли 2002, инак 11 сол боз раиси ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон аст. Аммо ӯ дар нишасти хабариаш дар дар ин бора, ки оё худи ӯ дар ин 11 соли раҳбариаш барои ҳалли мустақими мушкилоти ҷамъшуда чанд бор ба Тошканд сафар кардааст, чизе нагуфт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG