Пайвандҳои дастрасӣ

Расулзода: “Як қисми аҳолӣ дар шабонарӯз 6-7 соат барқ мегиранд”


Қоҳир Расулзода

Қоҳир Расулзода

Нахуствазири Тоҷикистон дар Маҷмааи Созмони Милал аз камбуди барқ дар кишвар ҳам сухан гуфт. Ӯ таъкид дошт, як бахши тоҷикистониён дар шабонарӯз танҳо 6-7 соат барқ мегиранду бас.

Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, дар иҷлосияи 69-уми Созмони Милал дар Ню-Йорк ба зарурати наҷоти пиряхҳо ва бунёди нерӯгоҳҳои азими барқи обӣ таъкид кард. Оқои Расулзода дар ин иҷлос, ки мавзӯи баҳсаш тағйири иқлим буду аз номи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон иштирок дошт, пешниҳод кард, Бунёди байналмилалии наҷоти пиряхҳо таъсис дода шавад. “Аз ин фурсат истифода карда, аз ҳамаи иштирокдорон даъват мекунам, ба ташаббуси Тоҷикистон дар бораи таъсиси Бунёди баналмилалии наҷоти пиряхҳо бипайванданд. Умед дорем, ин ташаббус тарафдор пайдо мекунад”,-афзуд ӯ.

Нахуствазири Тоҷикистон дар суханронии худ аз он ки масоҳати пиряхҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ хурдтар ва обшавияшон тезтар ҷараён мегирад, изҳори ташвиш кард. Ӯ гуфт, аз соли 1956 то 1990 майдони пиряхҳо, ки манбаи аслии об дар минтақаи Осиёи Марказиянд, то се баробар хурдтар шудаанду пиряхҳои Тоҷикистон дар даҳсолаи охир - то 30 дарсад камтар.

Дар идомаи баромадаш Қоҳир Расулзода ба масъалаи сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ ҳам дахл кард ва гуфт, “истифодаи гидроэнергетика ҳамчун манбаи барқ иқтисод ва иҷтимоиёти кишварҳоро пеш бурда, барои дар сатҳи поин нигоҳ доштани ҷудошавии газҳои гулхонаӣ мусоидат мекунад”. Ба қавли нахуствазир, 98 дарсади барқ дар Тоҷикистон дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва 70 дарсади нерӯи барқ дар минтақа дар ТЭЦ-ҳо тавлид мешаванд. Қоҳир Расулзода зарфияти солонаи гидроэнергетикии Тоҷикистонро 527 миллиард киловатт гуфт, ки бар асоси ҳисоби ӯ ин рақам аз ниёзи феълии Осиёи Марказӣ се баробар бештар буда, дар маҷмуъ, ҳамагӣ чор дар сади он истифода мешудааст.

Қоҳир Расулзода, инчунин, гуфт, дар баробари бунёди нерӯгоҳҳои хурд Тоҷикистон сохтмони нерӯгоҳҳои азими барқи обиро ҳам таҷруба мекунад. “Ин барои таъмин бо барқ, об ва амнияти ғизоӣ дар минтақа мусоидат мекунад. Обанбори нерӯгоҳҳои азим барои рафъи оқибатҳои камобӣ низ муфид аст”,-афзуд ӯ. Нахуствазири Тоҷикистон дар ин баромадаш аз камбуди нерӯи барқ дар Тоҷикистон ҳам сухан гуфт ва афзуд, кишвар барои таъмини комили аҳолӣ бо нерӯи барқ мушкил дорад. “Як қисми мардум танҳо 6-7 соат дар шабонарӯз барқ мегиранд”,-гуфт ӯ дар иҷлосияи 69-уми Созмони Милал дар Ню-Йорк.

Ҳадаф аз нишасти Ню-Йорк – водор сохтани кишварҳои узви Созмони Милал барои имзои созишномаи нав оид ба иқлим ва партоби "газҳои гулхонаӣ" аст, ки бояд соли оянда дар Париж имзо шавад. Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, дар арафаи ин нишаст гуфт, "тағйири иқлим ба сулҳу шукуфоӣ ва имконот барои миллиардҳо одамон, ки бо заҳмати зиёд ҳосил шудааст, таҳдид мекунад. Тағйири иқлим ин мушкили муҳимтарини даврони мост". Дар нишасти Ню-Йорк раҳбарон ва сарвазирони 125 кишвари олам мушкилоти муҳити зистро баррасӣ мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG