Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раъйдиҳии номзадҳо: Аз Э.Раҳмон то...


Акс аз сомонаи president.tj
Акс аз сомонаи president.tj

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ яке аз шаш номзади сабтиномшуда дар интихоботи раёсатҷумҳур, субҳи имрӯз дар яке аз ҳавзаҳои Душанбе овоз дод.

Ба ҳавзаи Раҳмон хабарнигоронро роҳ надоданд

Раисҷумҳурии феълии Тоҷикистон ва номзади аслӣ дар интихоботи президентӣ Эмомалӣ Раҳмон субҳи 6 ноябр якҷо бо аҳли хонаводааш дар яке аз ҳавзаҳои интихоботии шаҳри Душанбе райъ дод. Ҷараёни раъйдиҳии раисиҷумҳур ба фарқ аз солҳои гузашта бидуни ҳузури хабарнигорон гузашт. Тавре хабарнигори радиои Озодӣ мегӯяд, ҷараёни овоздиҳии президент Раҳмон таҳти чораҳои амниятӣ сурат гирифт. Ин дафъа ба фарқ аз интихоботи қаблӣ ҳарду тарафи роҳи хиёбони Рудакӣ таҳти назорати шадиди пулис қарор дошт ва ҳаракати нақлиёт ва одамҳо дар ин масир комилан қатъ шуда буд.

Чораҳои амниятӣ дар даромадгоҳи ҳавзаи интихоботӣ низ шадид буд ва ҳар як раъйдиҳанда бо дастгоҳи махсуси амниятӣ тафтиш мешуд. Хабарнигори Озодӣ дар корвони мошинҳои раиси ҷумҳур ҳамчунин мошини замонавиеро мушоҳида кард, ки ба назар мерасад. барои таъмини амнияти президент бо васоили иртиботи моҳвораӣ муҷаҳҳаз буд.

Мақомот сабаби лағви ҳузури хабарнигорон дар ҷараёни раъйдиҳии президент ва таҳкими чораҳои амниятиро шарҳ надоданд ва хабарнигорон, ки аз пеш барои раисиҷумҳур суолҳо омода карда буданд, натавонистанд бо оқои Раҳмон пеш ё баъд аз раъй доданаш рӯ ба рӯ шаванд.

Номзади демократҳо мегӯяд, 50 дарсад ба ӯ овоз хоҳанд дод

Саидҷаъфар Исмонов, номзади раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳизби демократ умедвор аст, ки 50 дарсади раъйи мардумро ба даст хоҳад овард.

Ҷаноби Исмонов, ки соати 10:00 субҳ дар маркази раъйдиҳии шумораи 2, воқеъ дар бинои Иттифоқи нависандагон ҳамроҳ бо аҳли хонавода ва иддае аз аъзои ҳизбаш пойи сандуқи раъй рафт, дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки интихоботи феълӣ аз интихоботҳои қаблӣ ба куллӣ фарқ мекунад ва ширкати фаъоли мардум дар марказҳои раъй дида мешавад.

Вай гуфт, ки «бовар дорад, интихобот ба таври демократӣ, шафоф ва озод баргузор хоҳад шуд.»

Саидҷаъфар Исмонов мегӯяд 50% интихобкунандагон ба ӯ раъй медиҳанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:59 0:00


Исмоил Талбаков: Барандаро халқ маълум мекунад

Хонаводаи номзади ҳизби Коммунист дар интихоботи раёсати ҷумҳур Исмоил Талбаков ба ҷонибдории ӯ райъ додаанд. Исмоил Талбаков, номзад аз ҳизби коммунисти Тоҷикистон соати 7-у 30 дақиқаи субҳи имрӯз пас аз раъйдиҳӣ дар ҳавзаи интихоботи шумораи 5-и шаҳри Душанбе дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки "албатта, ба пирӯзиам дар интихобот бовар дорам, аммо дар ниҳоят раъйи мардум ҳал хоҳад кард, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ кӣ баранда хоҳад шуд?"

Ҷаноби Талбаков, ки ҳамроҳ бо ҳамсару писар ва келинаш пойи сандуҳи раъй омада буд, гуфт, ки "барномаи интихоботии ман аз дигар барномаҳои номзадҳо беҳтар аст ва кишварро аз мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ раҳо хоҳад кард. Ба ин далел умед дорам мардум ба ман овоз хоҳанд дод."

Фарида Қодирова, келини Исмоил Талбаков низ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки ба падарарӯсаш раъй додааст. Ба гуфтаи Фарида, раъйи ӯ ба Исмоил Талбаков фақат ба хотири қаробати хешутабориаш нест, балки ин номзад дар раванди таблиғу ташвиқот аз дигар номзадҳо фаъолтар буд ва барномаи интихоботиаш низ нукоти муҳиме барои беҳбудии мардуми кишварро дар бар мегирад.

Толиббек Бухориев бо ҳамсараш ҳангоми раъйдиҳӣ
Толиббек Бухориев бо ҳамсараш ҳангоми раъйдиҳӣ

Толиббек Бухориев, номзад аз ҳизби аграрӣ ё кишоварзӣ низ хоҳиши пирӯз шудан дар интихоботи раёсати ҷумҳуриро дорад. Вай пас аз нахустин лаҳзаҳои раъйдиҳӣ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки "хеле мехоҳам то мардум ба ман раъй бидиҳанд." Аммо ин номзад низ мегӯяд, ироади мардум озод аст ва худи мардум номзади арзандаи худро интихоб хоҳад кард. Ҷаноби Бухориев дар ҳавзаи интихоботии шумораи 30-и шаҳри Душанбе ҳамроҳ бо ҳамсараш ба раъйдиҳӣ омада буд.

Раъйдиҳии Абдуҳалим Ғаффоров

Номзади ҳизби сотсиалист Абдуҳалим Ғаффоров субҳи 6 ноябр дар яке аз қитъаҳои воқеъ дар маҳаллаи 102-юми Душанбе раъй дод.

Абдуҳаллим Ғаффоров ҳангоми овоздиҳӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:25 0:00


Пахши мустақими ҷараёни раъйдиҳии мардум дар интихоботи раёсати ҷумҳур аз субҳи барвақти чоршанбе аз шабакаҳои телевизонии давлатӣ идома дорад.«Шабакаи аввал»,»Ҷаҳонамо», ва «Сафина» бо гузоришҳои мустақим ҷараёни раъйдиҳӣ дар манотиқи мухталифро инъикос мекунанд.

XS
SM
MD
LG