Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Почтаи Тоҷик" ба Украина нома намебарад


Ширкати «Почтаи тоҷик» қабул ва ирсоли мактубу бастаҳоро ба самти Украина ба далели вазъи он кишвар муваққатан қатъ кардааст.

Рӯзи 28-уми май мо дар бинои марказии «Почтаи точик» ва ё Почтамт шоҳиди он шудем, ки мактуб ва муросилоти муштариён ба самти Украина қабул карда намешуд. Дар бинои Почтамти Душанбе мо ба Сӯҳроб Мирзоев, сокини шаҳри Душанбе вохӯрдем, ки мехост ҳуҷҷатҳои бародарашро, ки дар донишгоҳи техникии шаҳри Одесса таҳсил дорад, ба Украина фиристад. Аммо корманди почта асноди ӯро пас дод ва гуфт, ирсоли номаҳо ба Украина муваққатан қатъ шудааст.

Сӯҳроб мегӯяд, як моҳ боз наметавонад ҳуҷҷатҳои заруриро ба бародараш фиристад, то ки вай ӯ барои гирфитани кумакпулии дониишҷӯӣ ба донишгоҳ ҳуҷҷат спуруад. Ба гуфтаи вай кормандони почта гуфта буданд, бо беҳтар шудани вазъият дар Украина фиристодани мактубу бастаҳо ба ин кишвар аз сар гирифта хоҳад шуд, аммо чун буҳрон дар он ҷо ба дарозо кашид кори почта то ба ҳол барқарор нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, фиристодани ҳуҷҷат ва муросилот аз тариқи почтаҳои маъруфи байналмилалӣ назири DHL ва TNT аз Тоҷикистон ба Украина ҳанӯз имконпазир аст.

Шаҳноза, як корманди почтаи DHL дар суҳбат ба Радиои «Озодӣ» гуфт, ин ширкат ҳоло ҳам ба Украина ва нимҷазираи аз сӯи Русия тасарруфшудаи Қрим мактуб ирсол мекунад. Вай гуфт: «Мо ба Қрим мактуб ирсол мекунем, аммо чун ба қаламрави Украина. То ба ҳол ба мо мактуби расмие намомадааст, ки Қрим қаламрави Русия аст. Мо ба Қрим мактуб мефиристем ва он тули 3-4 рӯз рафта мерасад.»
Ба гуфтаи ин корманди DHL, нархи ирсоли ҳуҷҷате, ки то 300 грамм вазн дорад, то ба нимҷазираи Қрим ва умуман то Украина 327 сомонӣ арзиш дорад.

Аммо Сӯҳроб, ҳамсуҳбати қаблии мо, ки хоҳиши фирситодани ҳуҷҷат ба бародарашро дорад, мегӯяд, тариқи ин ширкат фиристодани мактуб барои ӯ гарон аст ва барои ҳамин то ба ҳол аз хидмати он истифода накардааст. Аммо Сӯҳроб меафзояд, агар то як ҳафтаи дигар почтаи маъмулӣ ба самти Украина ба кор надарояд, вай маҷбур аст аз хадамоти почтаҳои байналмилалӣ истифода кунад.

Дар ҳамин ҳол, Татяна Холмуродова, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар суҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт, «Почтаи тоҷик» танҳо мактуб ва бастаҳоро ба самти Қрим қабул ва ирсол намекунад: «Аз тарафи Иттиҳодияи ҷаҳонии почта ба мо мактуб омад, ки дар Украина мушкилаш бисёр аст. Аз ин рӯ мувофиқи дархости ин созмон мо мактуб ва муросилотро ба самти Қрим ва шаҳри Севастопол қабул ва ирсол намекунем. Аммо ирсоли мактуб ва муросилот ба дигар шаҳрҳои Украина мушкил надорад.»

Ин дар ҳолест ки кормандони почтамти Душанбе дар суҳбат ба мо гуфтанд, на танҳо ба самти Қрим, балки тамоми Украина мактубу бастаҳо пазируфта намешаванд.
XS
SM
MD
LG