Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозори Собир бо даъвати ҳукумат ба Тоҷикистон баргаштааст


Бозор Собир дар фурудгоҳи Душанбе
Бозор Собир дар фурудгоҳи Душанбе

Шоири шинохтаи тоҷик Бозори Собир, ки шоми 27 май ба Тоҷикистон баргашт, мегӯяд, инбор бо даъвати ҳукумат омадааст.

Бозори Собир, ки тайи 19 соли мусофираташ дар Амрико дастикам 3 дафъа ба Тоҷикистон омада буд, баъди берун шуданаш аз фурудгоҳ ба хабарнигорони ҷамъшуда танҳо чанд ҷумла гуфт, ки ӯ ҳар бор худаш меомад, вале ин бор бо даъвати бевоситаи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон баргаштааст. Бозори Собир ҳамчун гуфт, ки фикр мекунад, ин дафъа барои доим омадааст.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:32 0:00
Линки мустақим

Мақомот низ мегӯянд, шоир ин дафъа бо кумаки ҳукумат ва барои доим баргаштааст. Инбор ба истиқболи шоир мақомҳои баландпоя, аз ҷумла Муҳаммадсаид Пиров, раҳбари бахши фарҳанги дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ, Миралӣ Достиев, муовини вазири фарҳанг ва Низом Қосим - вакили парлумони Тоҷикистони давлатӣ ба фурудгоҳ омаданд.


Истиқбол аз Бозор Собир ин дафъа хеле пуршукӯҳ ва бо қатори духтарони гулу гулдаста дар даст доир шуд ва ҳамин тавр, бори аввал гурӯҳҳои наворбардори телевизионҳои давлатӣ низ барои наворгирӣ аз бозгашти шоир дар фурудгоҳ қарор доштанд. Дар толори ВИП-и фурудгоҳ Бозор Собир ба хабарнигорони расонаҳои давлатӣ нишасти хабарӣ медиҳад, вале хабарнигорони расонаҳои мустақил ва хориҷиро ба ин нишасти хабарӣ роҳ надоданд.

Бозори Собир аз соли 1994 дар Сиэтлли Амрико ба сар мебурд. Мақомоти дипломатии Тоҷикистон дар Амрико чанд моҳ боз талош доштанд шоири 74-солаи тоҷикро барои доим ба ватан баргардонанд.

Бозор Собир соли 1938 дар ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Ӯ дар солҳои 70 ва 80 дар саргаҳи ҷунбиши бедории мардуми тоҷик қарор дошт ва бо шеърҳое, чун "Забони модарӣ", "Девори Бухоро", "Ватан" ва "Тоҷикистон" дар радифи Мӯъмин Қаноату Лоиқ ва Гулрухсор аз маҳбубтарин шоирони тоҷики замони Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Ӯ дар поёни солҳои 80 ба ҷунбиши Растохез пайваста, соли 1990 вакили Шӯрои олӣ - парлумони вақти Тоҷикистон - интихоб шуд. Баъди пирӯзии Фронти халқӣ ва ба қудрат омадани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон Бозор Собирро дар оғози соли 1993 ба зиндон кашонданд ва ӯ дар поёни ҳамон сол бо мусоидати созмонҳои ҳомии ҳуқуқ раҳо ёфта, ба Маскав ва аз онҷо соле баъд ба Амрико кӯчид.

Дар Амрико Бозори Собир бисёре аз ақидаҳои қаблиашро дигар ва шеърҳои пешинашро аз нав таҳрир кард. Дар ашъори солҳои охири ӯ бештар ҳасрат аз хубиҳои даврони Шӯравӣ эҳсос мешавад.

Намояндагии Тоҷикистон дар СММ чанд моҳ боз бо Бозор Собир ва пайвандонаш дар Амрико шароити бозгашти ӯ ба Душанберо музокира мекард. Қаблан як идда аз шахсиятҳои саршинос аз мақомоти давлатии Тоҷикистон хоста буданд, ки ин шоири шинохтаро ба ҳар қимате ба ватан баргардонанд.
Аммо бозгашти Бозори Собир дар пешорӯи интихоботро бархе як қартаи дигари пешазинтихоботии ҳукумат низ маънидод мекунанд.
XS
SM
MD
LG