Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гулрухсор, шоири маъруфи тоҷик рӯзи 17 декабр зодрӯзашро таҷлил кард. Ӯ мегӯяд, дар умраш боре ҳам ҳарфи каҷ нагуфтааст ва аз зиндагиаш ҳам пушаймон нест.

Шоири шинохтаи Гулрухсор Сафиева афсӯс мехӯрад, ки аз серкорӣ натавонист ба писари ягонаааш ба серӣ модарӣ кунад ва ҳоло ин камбудиро дар наберагонаш ҷуброн меунад. Гулрухсор Сафиева, дар зодрӯзаш, рӯзи 17-уми декабр аз ҳама бештар аз табрики набераҳояш Парвизу Ширин, ки барояш шеър қироат мекарданд, хушҳол шуд.

Гулрухсор Сафиева мегӯяд, ки “худамро хеле бад ҳис мекунам ва фикр мекунам, Азизам аз модар сер нашудааст, аммо ҳар чӣ қадар вақт ва меҳру муҳаббатамро ҳоло ба фарзандони ӯ медиҳам. Ҳам шеър аз ёд мекунем, ҳам наққошӣ мекунем ҳам суруд мехонем. Вале аслан барои бача вақти зиёд сарф кардан шарт нест. Фақат роҳи бедор кардани ҳунару истеъдоди ӯро кашф кунӣ, дигар худаш меравад.”

Гулрухсор Сафиева аз машҳуртарин шоирони даврони муосири Тоҷикистон, муаллифи даҳҳо китоби назмиву насрист. Аммо исми ӯ дар ҷомеаи Тоҷикистон фаротар аз як шоир, чун як зани озодихоҳу соҳибандеша ошност. Аввалин шунаванда ва хонандаи шеъри Гулрухсор ҳам ҳамсари ӯ аст. Гулрухсор, мегӯяд, муҳимтарин, азизтарин ва содиқтарин шахсе, ки дар тамоми умраш доштааст, шавҳараш аст, ки дар ҳама пастиву баландиҳои зиндагӣ шоирро ҳамроҳӣ кардааст.

Неъматулло Раҷабов, шавҳари Гулрухсор, мегӯяд, “баҳамоии ду нафар, яке шоир ва яке сангшинос, геолог аз рӯйи қоида чандон мувофиқат намекунад. Аммо шеъру сангҳои қимматбаҳову лаълҳои Бадахшон барин мо зиндагии хушу хурсандона дорем. Мо соли 1964 шинос шудем. Мо дар хобгоҳ зиндагӣ мекардем. Назди тирезаи хобгоҳ як дарахти Акатсия гул дошт. Гулрухсорро як рӯз дар назди оби ҳамин дарахт дидам, ки дасташон гули лола дошт. Ман ҳам аз дарахт чанд гул кандам ва ба ӯ додам. Қаҳраш кард ва гуфт, чаро ба ман гул медиҳед. Ман гуфтам шумо духтари хеле зебо ҳастед ва бояд ман ин корро кунам.”

Неъматулло Раҷабов, шавҳари Гулрухсор.

Неъматулло Раҷабов, шавҳари Гулрухсор.

Раъно Сафиева, яке аз хоҳарони Гулрухсор Сафиева, ки дар дасти шоира бузург шудааст, мегӯяд, ҳамеша ба зиндагии хоҳарбузургаш бо ҳавас менигарад. Вай мегӯяд, ки то ба ҳол мебинанд, ки шавҳари Гулрухсор ҳар рӯз аз кор ба хона бо дастаи гул меоянд ва ба хонумаш чӣ қадар меҳру муҳаббат дорад. Раъно афзуд, ки онҳо ин чизро дида ва дар ҳайрат мемонанд: "То ҳозир набуд рӯзе, ки ба апаам гул тақдим накунанд, ҳама вақт гули тару тоза доранд.”

Гулрухсор Сафиева 17-уми декабри соли 1947 дар деҳаи Яхчи ноҳияи Нуробод ба дунё омадааст. Дар хурдсолӣ аз модар маҳрум шуд. Падар ҳам ба ғаму андӯҳ ва ашкрезиҳои Гулрухсори хурдсол тоб наоварда ӯро ба тарбияи ятимхона супурд.

Ӯ миёни беш аз 500 писар бузург шуд, аммо бо лаёқату ҳунари худ, ин духтар аз кӯҳистон ва аз як ятимхона ба зудӣ намунаи як духтари таҳсилдида ва идеали ҳазорҳо бонуи тоҷик шуд. Садҳо зану духтар дар кишвар Гулрухсор ном гирифт, вале шояд аксари ин Гулрухсорҳо имрӯз надонанд, ки Гулрухсори аслӣ дар зиндагӣ чӣ хатару сахтиҳоеро пушти сар кардааст.

Ноамнӣ ва таҳдидҳо ба ҷони шоираи саршинос, як муддат ӯро ба кӯи ғурбат бурд. Гулрухсор мегӯяд, ки хатар ба онҳо таҳдид мекард ва ба манзилаш барои куштани ӯ ворид шуда буданд. Аммо Борис Елтсин, раиси ҷумҳури вақти Русия, ки ҳамроҳ бо ӯ дар Шӯрои олӣ кор мекард, барояшон ҳавопаймо фиристод ва дар хонаи вакилон ҷой дод.

Вай мегӯяд, ки "аммо дар тамоми зиндагӣ ман ватанро на бад кардам на хиёнат кардам. Имрӯз вақте, ки мегӯянд, Роғунро фалонӣ намонд сохтан, аслан хандаовар аст. 4 нафар одамоне, ки на салиқа, на савод доранд, вақте шоири миллат ва ба ин восита миллатро бадном мекунанд, албатта дар оянда муҷозот хоҳанд дид. Аввалин касе, ки дар бораи Роғун навиштааст, ин ман будам. Ман ҳеҷ вақт зидди Роғун набудам. Рақибонам ҳама марданд, мардони номард. Мани зан як рақиби зан надорам.”

Бо ин ҳама шебу фарозҳо дар зиндагӣ, бо ҷасорати мардона ин зани мисли як мард муборизу озодихоҳ, чун як зани хушсалиқа ва хушлибос ҳам шинохта мешавад: “Медонед, модари ман вақте аз дунё рафт, дар ҳамон қишлоқи бебарқу дурдаст, аз ӯ чизе, ки монда буд, кафшҳои латагиаш бо рӯймоли сараш якранг буд. Салиқа ҳам мисли ҳунару истеъдод худодод аст. Ман он чиро, ки месозам, ҳамаро худам месозам. Имрӯз ҳам тарҳи либосро барои худ, худам месозам.”

Гулрухсор Сафиева, шоираи номдори тоҷик, модари як фарзанд ва бибии ду набера ба ин бовар аст, ки дар умри 68-солаи худ, коре накардааст, ки боиси пушаймониаш бошад. Сафедро сиёҳ ё сиёҳро сафед нагуфтааст. Бо ҳама осор ва нақшаш дар адабиёти тоҷик ин бонуи эҷод ба ин фикр аст, ки ҳанӯз шоири бузург нест, фақат як хонандаву донандаи хуби шеъри форсӣ дарӣ аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG