Пайвандҳои дастрасӣ

Қонуни митингҳо тасвиб шуд (ВИДЕО)


Митинг дар назди сафорати Амрико. 5 апрели соли 2013

Митинг дар назди сафорати Амрико. 5 апрели соли 2013

Парлумони Тоҷикистон рӯзи 12 ноябр тарҳи қонун дар бораи гирдиҳамоӣ ва намоишҳоро тасвиб кард. Ин қонун барои баргузории митингҳои беиҷозат муҷозот таъин мекунад.

Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистон рӯзи 12 ноябр тарҳи нави қонун «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо»-ро тасвиб кард. Ин қонун барои баргузории маҷлису гирдиҳамоиҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷоза медиҳад, аммо ҳангоми баргузории ин чорабиниҳо маҳдудиятҳоеро ҳам пешбинӣ мекунад.

Амирқул Азимов, раиси Кумитаи амният ва дифоъ дар Маҷлиси намояндагон ва муаллифи тарҳи нави қонуни роҳпаймоиву гирдиҳамоиҳо, зимни муаррифӣ ва шарҳи тарҳи қонун гуфт, мушаххас набудани қонун ва ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шаҳрвандон оид ба ширкат варзидан дар гирдиҳамоиҳо, боиси сар задани воқеаҳои мудҳишу ҷиноятҳои санин ва ғасби ҳокимият дар бархе аз кишвар гашт: “Бартарии қонуни мазкур аз қонуни амалкунанда дар он мебошад, ки кафолати ҳуқуқи шаҳрвандон ба баргузор кардани чорабиниҳои оммавӣ ва озодона изҳор кардани андешаҳо ҳангоми баргузор намудани чунин чорабиниҳо мушаххас нишон дода шудааст.”

Саттор Холов, муовини раиси кумитаи амният ва дифои Маҷлиси намояндагон гуфт, ташаббускорони ҳар тазоҳурот бояд на камтар аз 15 рӯз қабл ба мақомоти маҳаллӣ ариза бидиҳанд ва дар ин ариза бояд соат, рӯз, макон ва шумори иштироккунандагони гирдиҳамоиро мушаххас нишон бидиҳанд. Мақомот, ба гуфтаи ӯ, бояд на камтар аз 5 рӯз қабл аз рӯзи барои гирдиҳамоӣ дархост шуда тасмими худро бигиранд, ки ба ин ҳамоиш иҷозат медиҳанд ё на.

Муҳиддини Кабирӣ, вакили порлумон аз ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ гуфт, қонуни нав назар ба қаблиаш мушаххастару мукаммалтар ба назар мерасад, вале баъзе маҳдудиятҳо дар он ҳам роҳ ёфтаанд. Оқои Кабирӣ аз ҷумла тақозои дастикам 15 рӯз пеш хабардор кардани мақомот аз азми як нафар ё гурӯҳ барои гирдиҳамоиҳро маҳдудият номид ва гуфт, баъзе масоиле ҳаст, ки дар 15 рӯз моҳияташро гум мекунад.

Назари Саттор Холов ва Муҳиддин Кабириро аз ин видео тамошо кунед:

Ин лоиҳа, ки аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ба парлумон ироа гардидааст, рӯзи 10 ноябр дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон мавриди баррасии аъзои ин шӯро қарор гирифт ва ба иҷлосияи навбатӣ пешниҳод гардид. Саттор Холов, муовини раиси кумитаи амният ва дифои Маҷлиси намояндагон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қонун «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо» дар таҳрири нав ва бо ҳадафи танзими баргузории осоиштаи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо дар қаламрави кишвар қабул шудааст.

Ба гуфтаи ҷаноби Холов, мақсади асосии ин лоиҳаи қонун, таъмини ҳуқуқу манфиатҳо ва озодиҳои шаҳрвандон ва амнияти онҳо ба ҳангоми баргузории ин гуна чорабиниҳо аст. Ба таъкиди муовини раиси кумитаи амният ва дифои парлумон, шаҳрвандон ҳаққи баргузор кардани маҷлису гирдиҳамоиҳо ва роҳпаймоиҳоро доранд, аммо бояд дар чорчӯби қонун амал кунанд.

Тибқи муқаррароти ин лоиҳаи қонун, ҳукуматҳои мақомоти иҷроияи маҳалҳо, танҳо барои баргузории маҷлису гирдиҳамоӣ ва роҳпаймоии то ҳазор нафар сокинон иҷоза медиҳанд. Аммо дар сурати таҷаммӯъи шумори бештар ваё дар чанд макон баргузор кардани гирдиҳамоиву раҳпаймоиҳо, салоҳияти иҷоза доданашро ҳукумати вилоятҳо ва шаҳрҳо доранд.

Ҳамчунин дар қонун омадааст, ки ташаббускорони ин чорабиниҳо бояд 15 рӯз қабл аз баргузории гирдиҳамоӣ ва роҳпаймоӣ ба ҳукумати маҳалҳо бо ариза муроҷиат кунанд ва замону макон, теъдод ва ҳадафи онро баён созанд. Ҳамзамон баргузоркунандагони ин ҳамоишҳо набояд аз чорчӯбаи қонун берун шаванд, бо ниқобу дигар мавод рӯи худро пӯшонанд ва пас аз баргузории гирдиҳамоӣ ё роҳпаймоиҳо макони доиршударо тозаву тамизкорӣ кунанд.

Тибқи қонуни нав, онҳое ки бидуни иҷозат ташкили тазоҳурот мекунанд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

"Коктейли Молотов" - "силоҳ"-и асосӣ дар митингҳои Украина

"Коктейли Молотов" - "силоҳ"-и асосӣ дар митингҳои Украина

Баррасии лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо» дар таҳрири нав дар палатаи поёнии парлумон дар ҳолест, ки қаблан парлумон ба ин қонун тағйиру иловаҳоеро ворид карда буд. Ҳамин тавр 25 июни соли ҷорӣ парлумони Тоҷикистон зимни ворид кардани тағйиру иловаҳо ба ин қонун истифодаи «коктейли Молотов»-ро бо корбурди силоҳи оташфишон баробар дониста, барои ин ҷазои сахт муқаррар кард. Аммо на танҳо истифодаи «коктейли Молотов» ё омезаҳои оташангез, балки пӯшидани ниқоб дар тазоҳуроту гирдиҳамоиҳо манъ шуд. Ҳамчунин дар ин қонун барои истифода аз силоҳу маводи сӯзанда ё тарканда дар рафти гирдиҳамоиҳо, ҷазо пешбинӣ шудааст.

Бар пояи ин қонун, шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон ҳаққи роҳандозии эътирозҳо ё мушорикат дар гирдиҳамоиҳоро надоранд.

Ҳамин тавр, Шодӣ Шабдолов, вакили парлумон ва раҳбари ҳизби коммунисти Тоҷикистон гуфт, ин қонун метавонад дасти хориҷиҳоро барои дахолат кардан ба вазъи дохилии Тоҷикистон кӯтоҳ кунад: “Ҳодисаҳое, ки дар кишвар гузашт, бо дасту бо маблағи хориҷиҳо сурат гирифт. Мардуми мо дар бораи “коктейли Молотов” ва тарзи омода кардани онро аслан намедонист. Аввалин “коктейли Молотов”-ро дар нобасомониҳои дохилӣ дар кумитаи марказӣ андохтанд ва сӯхтор ба амал омад. Бозорҳоро сӯзонданд. Тамоми мағозаҳоро сӯзонданд. Як даҳшат буд. Соли 1991 низ ҳамчунин ба хунрезӣ ва 1992 сол ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил ёфт. Бо ин қонун дасти давлатҳои хориҷиро мо кӯтоҳ мекунем. Ҳукумат ҳақ надорад ташкили гирдиҳамоиҳоро манъ кунад, вале бояд дасту маблағи хориҷӣ набошад инҷо.”

Комёб Ҷалил, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, вобаста ба муҳиту шароити имрӯза қабули лоиҳаи нави қонун дар бораи маҷлису гирдиҳамоиҳо ҳам зарур буд: “Ҳозир шароит тамоман дигар шудааст, вазъият дигар аст. Қувваҳое ҳастанд, ки метавонанд ҳамин нооромиро таҳти пӯшиши ягон намоишу роҳпаймоӣ ташкил кунанд. Бино ба ин ҳама бояд дар доираи ҳуқуқу қонун бошад. Нафаре, ки ташкил мекунад намоишро, бояд ҳис кунад ҷавобгариро.”

Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маҷлис, гирдиҳамои намош ва роҳпаймоиҳо соли 1998 қабул шуда, ду маротиба 2011 ва соли 2013 ба он тағиру иловаҳо ворид шудааст. Мақомот мегӯянд, онҳо аслан зидди роҳпамоиву гирдиҳамоиҳо нестанд ва ба ҳар чунин роҳпаймоие, ки ба таври осоишта ва дар доираи қонун баргузор мешавад иҷоза дода мешавад. Ин ҳам дар ҳоле ки гуфта мешавад аз замони ҷанги шаҳрвандии солҳои 1990 ба ин сӯ давлати Тоҷикистон ба баргузории ягон гирдиҳамоии эътирозӣ иҷозат надодааст ва ҳамаи талошҳои ташкили хурдтарин пикет ё эътироз ба вокуниши сахти мақомоти рӯбарӯ гаштаанд.

Шокирҷон Ҳакимов, намояндаи ҳизби сотсиал-демократ мегӯяд, ин таҳриру ислоҳот ба қонун тартиби ташкили шаклҳои мухталифи эътирози мардумро баръакс мураккабтар кард. Аммо ба гуфтаи ӯ, дар маҷмӯъ, қонуни қаблӣ ҳам ҳарчанд ба шаҳрвандон иҷозаи ташкили намоишҳои эътирозиро дода буд, вале дар амал дар таҷрибаи сиёсии кишвар то имрӯз ба онҳое, ки талоши ташкили роҳпаймоӣ ё намоиши эътирозӣ доштанд, ин иҷоза дода нашудааст. Шокирҷон Ҳакимов дар ин робита афзуд: “Таҷрибаи сиёсӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки баъд аз соли 1993 бо вуҷуди он, ки чанд маротиба аз сӯи ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои иҷтимоӣ муроҷиатҳо буд, бинобар набудани иродаи сиёсӣ бо баҳонаи эҳтимолияти мутташаниҷ гардидани авзои сиёсӣ розигии расмиро гирифта натавонистанд. Бино бар ин дар Истаравшан, Бадахшон ва бархе ноҳияҳои водии Вахш мардум кӯшиш карданд гирдиҳамоӣ кунанд ва бидуни иҷозаи расмӣ.”

Ислоҳи ин қонун дар ҳолест, ки як ташаккули нави мухолифин бо номи Эътилофи "Тоҷикистони нав" ва "Гурӯҳи 24" рӯзи 10 октябр ба як раҳпаймоии эътирозӣ дар маркази Душанбе даъват карда буд. Аммо дар он рӯз касе ба майдони Дӯстӣ ҳозир нашуд. Видеои хабарнигори Озодӣ майдони холии Дӯстӣ дар рӯзи 10 октябрро нишон медиҳад:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG