Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Акнун дар Тоҷикистон ба ҳар танфурӯше, ки бо вуҷуди як бор ҷарима шудан ба фоҳишагӣ идома медиҳад, аз 10 то 15 рӯзи зиндон таҳдид мекунад.

Парлумони Тоҷикистон рӯзи 15-уми октябр бо қабули тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронии маъмурӣ ҷазо барои танфурӯширо шаддидтар кард ва ҳамчунин маблағи ҷаримаро барои ин қонуншиканӣ ду баробар боло бурд.

Бар пояи ислоҳи ин қонун дар давоми як сол агар танфурӯш бори дуввум барои ин гуноҳ боздошт шавад, аз 800 то 1600 сомонӣ ҷарима ва ё аз 10 то 15 рӯз ҳабси маъмурӣ хоҳад шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки то кунун кормандони тиҷорати фаҳшо бо супоридани 400 то 800 сомонӣ раҳо мешуданд. Зеро дар қонунгузории кишвар танфурӯшӣ на ҷиноят, балки қонуншикании маъмурӣ ба ҳисоб меравад.

Бахтовар Сафаров, вакили Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ, ҳадаф аз ворида кардани ислоҳот дар Кодекси маъмурии мурофиаи ҳуқуқвайронии Тоҷикистонро дар ҷилавгирӣ аз танфурӯшӣ унвон кард. Ба гуфтаи ин вакил таҷрибаҳо нишон медиҳад, ки то имрӯз маблағи ҷарима барои фоҳишаҳо вазнин набуд ва онҳо ин пешаи худро тарк намекарданд.

Бахтовар Сафаров, вакили парлумон.

Бахтовар Сафаров, вакили парлумон.

Бахтовар Сафаров афзуд,“акнун салоҳияти баррасии парвандаҳои маъмурии нафароне, ки бори аввал ба фоҳишагӣ машғул мешаванд, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва онҳое, ки такроран ба ин амал машғул мешаванд, ба мақомоти судӣ дода шуд. Татбиқи ҷарима ва ё ҳабс дар нисбати танфӯрӯшонро вобаста ба шахсият ва ҳолатҳое, ки ин амал содир шудааст, додогоҳ муайян хоҳад кард.”

Ҳарчанд ҷаноби Сафаров мегӯяд, ҳатто бо боло бурдани маблағи ҷарима ва пешбинӣ намудани ҳабси маъмурӣ комилан аз байн бурдани ин тамоюл ғайриимкон аст, аммо барои ҷилавгирӣ то ҳадде мусоидат хоҳад кард.

Танфурӯшӣ тибқи қонунҳои Тоҷикистон ҷиноят ҳисоб намешавад ва занони танфурӯш маъмулан баъд аз боздошт бо пардохти ҷаримаи начандон бузурге раҳо мешаванд. Вале кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои даллагӣ, ҷалби афрод ба танфурӯшӣ, қочоқи инсон ва ташкили фоҳишахона муҷозоти сангинеро пешбинӣ кардааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон пайваста аз афзоиши танфурӯшӣ миёни занон ва духтарони тоҷик бонги изтироб мезанад ва соли гузашта ин ниҳод барои муайян ва боздошти ин гурӯҳи занону духтарон амалиёти густурда анҷом дода буд. Аз ҷумла дар пайи рейди серӯза кормандони ин ниҳод танҳо дар пойтахти кишвар беш аз 500 танфурӯшро ошкор карда буданд, ки гуфта мешавад 450 тани онҳо ба бемориҳои мухталифи зӯҳравӣ гирифторанд Аммо бо ин вуҷуд мисле, ки шумораи танфурӯшон пойн нарафт,балки баръакс рӯ ба афзоиш овард.

Аз ҷумла Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, дар нишасти хабарии ахир теъдоди танфурӯшонро дарнимсолаи аввали соли ҷорӣ кишвар 2066 нафар гуфт, ки аз ин миён 51 тани онҳо нобилиғон будаанд. Гузашта аз ин, дар қаламрави кишвар 157 фоҳишахона ошкор шуда, ки 76-то ин дар шаҳри Душанбе амал мекард.

Аммо бархе аз нозирону умур пешбинӣ кардани ҷазои ҳабсро дар нисбати занони танфурӯш иқдоми муассир намедонанд, балки аз нигоҳи онҳо чунин тасмим баръакс сарбориҳои зиёдеро дар пай дорад.

Пӯлод Ҷамолов, раиси созмони мустақили “СПИН-Плюс” мегӯяд, “фарз кардем, танфурӯшонро ним моҳ боздошт мекунанд, аммо барои нигаҳдорӣ ва хурду хӯроки онҳо маблағ лозим аст, ки барои давлат хароҷоти зиёдатӣ аст. Аз тарафи дигар амалҳои коррусионӣ низ бештар хоҳад шуд. Беҳтарин роҳ истифода ҷарима, аммо он ҳам аз ҳар ду ҷониб бояд бошад. Ҳам онҳое, ки танфурӯшӣ мекунанд ва онҳое, ки низ аз хидмати танфурӯшон истифода мебаранд. ”

Аз нигоҳи ҷаноби Ҷамолов, барои ҷилавгирӣ аз мизони афзояндаи танфурӯшӣ, беҳтар аст, ки саҳти иҷтимоии мардумро боло бурд ва занону духтаронро бо ҷои кор таъмин кард.

Махфират Хидирова, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила

Махфират Хидирова, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила

Дар ҳамин ҳол, масъулони Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон мегӯянд, ин ниҳод барои бо ҷойи кор таъмин кардани ин тоифа занон талошҳо кардааст. Махфират Хидирова, раҳбари ин кумита дар нишасти хабарии худ дар тобистони гузашта гуфт, дар тӯли ним соли ахир 15 нафар чунин занону духтарон ба кор ҷалб шудаанд. Аммо бо ин ҳам хонум Хидирова иқрор мекунад, ки мақомоти Тоҷикистон дар амри ҷилавгирӣ аз танфурӯшӣ дар кишвар то ҳанӯз натавонистааст ба натиҷаҳои чашмгир ноил шавад.

Ин гуфтугузорҳо дар ҳолест, ки то ба ҳол мақомоти тоҷик омори дақиқи танфурӯшон дар кишварро эълон накардаанд. Аммо дар моҳи майи соли ҷорӣ Бунёди ҷаҳонии мубориза бо СПИД, сил ва вараҷа бо нашри як гузориш гуфт, бар асоси арзёбиҳои тиббӣ ва демографӣ соли гузашта дар ҳудуди Тоҷикистон тақрибан 14 ҳазор нафар ба танфурӯшӣ машғул будаанд.

Ба дунбол, вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон рақамҳоеро, ки Бунёди ҷаҳонии мубориза бо СПИД, сил ва вараҷа дар бораи вуҷуди тақрибан 14 000 танфурӯш дар Тоҷикистон расонаӣ кард, "тахминӣ ва бепоя" хонд. Ин вазорат гуфт, ки гузориши Бунёди ҷаҳонӣ бар асоси тахминҳо ҳадс зада шуда, ҳақиқат надорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG