Пайвандҳои дастрасӣ

Намоиши осори рассомони тоҷик дар Маскав


Ношир Эраҷ Айнӣ, сафири Тоҷикистон дар Русия Имомиддин Сатторов (дар байн) ва созмондиҳандаи намоиш Юлия Вербитская.

Ношир Эраҷ Айнӣ, сафири Тоҷикистон дар Русия Имомиддин Сатторов (дар байн) ва созмондиҳандаи намоиш Юлия Вербитская.

Дар нигористони КИНО-и Маскав дар силсилаи «Зодагони авангарди Русия дар Тоҷикистон» намоишгоҳи осори рассомии садаи 20-и Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

Намоишгоҳи наққошони Тоҷикистонро дар нигористони КИНО-и Маскав таҳти унвони «Зодагони авангарди Русия дар Тоҷикистон» ходими ҷамъиятӣ ва фарҳангии Русия Юлия Вербитская боз кард. Дар он осоре аз маҷмӯаи хусусии ӯ ба намоиш даромад.

Дар паёми ифтитоҳии худ хонум Вербитская ба ҷанбаъҳои нодири наққошии тоҷик дар садаи 20 ва пайванди бевоситаи он бо анъанаҳоои авангарди рус ва фарҳанги бостонии мардуми тоҷик таъкид намуд.

Ба қавли ӯ, на танҳо осори устодони ҳунари наққошии рус монанди Фалк, Филонов, Кузнетсов ва Шагал ба рассомони асри 20-и тоҷик таъсири амиқ доштанд, балки миниатюраи форсу тоҷик, ҳунари қуруни вустои Осиёи Марказӣ, мероси пурғановати он, ки дар тахайюлгароии шаклҳо ва таҷрибаҳои рангу рӯшноӣ низ дар рушди он саҳм гирифтаанд.

Дар натиҷаи омезиши ду фарҳанг падидаи хосе ба вуҷуд омад, ки онро мактаби наққошии қарни 20-и тоҷик унвон кардаанд. Осори беҳтарин намояндагони он – Зуҳур Ҳабибуллаев, Любов Фроликова, Сабзалӣ Шарифов, Раҳим Сафаров ва Мурувват Бекназаров эътирофи ҷаҳонӣ пайдо кардааст ва идомаи мантиқии ковишҳои авангардистҳо ё пешкисватони бузург шумурда мешавад.

Ёдбуди Хайём. Асари М. Бекназаров

Ёдбуди Хайём. Асари М. Бекназаров

Дар ифтитоҳи намоишгоҳи «Зодагони авангарди Русия дар Тоҷикистон» сафири Тоҷикистон дар Русия, Имомуддин Сатторов, ширкат кард ва аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки ҳунари баланди нигоргарони тоҷик дар Маскав ва шаҳрҳои дигари Русия ба намоиш меояд ва бешубҳа, на танҳо дар ватани худ – Тоҷикистон, балки ҳамчунин дар Русия, Олмон, маҷмӯаҳои хусусии Аврупо, Канада ва ИМА шӯҳрат дорад.

Ҳамчунин бо хитоб ба меҳмонони намоишгоҳ – ҳунаршиносон, соҳибкорон, сиёсатмадорон аз онҳо барои таваҷҷӯҳашон ба ҳунари тоҷик ва аз созмондиҳандаи намоишгоҳ Юлия Вербитская изҳори сипос намуд, ки чунин ташаббусе нишон додааст ва ташкили намоишгоҳҳои нав, мизҳои мудавварро бо пуштибонии Сафорати Тоҷикистон дар Русия дастур дод.

Ҷолиб аст, ки дар ин намоишгоҳ ду шохаи хонаводаҳои бузурги Русия ва Тоҷикистон – доктори ҳунаршиносӣ, узви пайвастаи Академияи ҳунарҳои бадеии Русия, зодаи нависандаи бузурги рус Л.Н. Толстой – Андрей Владимирович Толстой ва вориси руирости падари адабиёти навини садаи 20-и тоҷик Садриддин Айнӣ – ношир ва ходими фарҳангӣ Эраҷ Айнӣ бо ҳам мулоқот карданд.

Осиё. Асари Х. Хушвақтов

Осиё. Асари Х. Хушвақтов

Бинандагони намоишгоҳ бо осори нодире ошно шуданд, ки Юлия Вербитская солҳои зиёд ҷамъоварӣ кардааст. Дар ифтитоҳи намоишгоҳ ходимони сиёсӣ ва ҷамъиятии Русия низ ширкат карданд, аз ҷумла қаҳрамони олимпӣ, вакили Думаи давлатии Русия ва ноиби аввали раиси Кумитаи умури байнулмилалии Дума Светлана Журова, депутати Думаи давлатӣ Олег Савченко, намояндагони бизнес ва ниҳодҳои бонкии Русия ширкат карданд.

Ба қавли созмондиҳандаи ин намоишгоҳ ва соҳибимтиёзи осори он Юлия Вербитская, ин маҷмӯа аз 300 асар иборат буда, намоишгоҳ танҳо қадами аввал аст, ки таваҷҷӯҳи зиёдеро ба бор овардааст ва ташаббус идома ёфта, осори дигари муаллифони тоҷик низ ба намоиш гузошта хоҳад шуд.

Намоишгоҳи наққошони Тоҷикистонро дар нигористони КИНО-и Маскав таҳти унвони «Зодагони авангарди Русия дар Тоҷикистон» то 6-уми июн боз хоҳад буд. (Бар пояи гузориши Муҳаммади Эгамзод)

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG