Пайвандҳои дастрасӣ

Ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, ки то кунун ба ҷонибдории номзади худ 175 900 имзо ҷамъ овардаанд.

Дар нишасти Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон(ИНИТ), ки дар қароргоҳи ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ИНИТ бо ширкати намояндагони аҳзоби шомили ин эътилоф идома дорад, таъкид шуд, ки то кунун ба тарафдории Ойниҳол Бобоназарова 175 ҳазору 900 имзо ҷамъ карда шудааст. Дар ҳоли ҳозир, ИНИТ барои номзади худ ба 35 ҳазор имзо ниёз дорад.

Бино ба хабарҳои дарёфтӣ, дар ҷаласаи ИНИТ аз ҷумла аз ҷониби муовини раиси ҳизби сотсиал-демократ Шокирҷон Ҳакимов пешниҳод шудааст, ки интихоботро дигар бойкот кунанд. Вале худи Бобоназарова аз пешниҳоди идомаи ҷамъоварии имзоҳо тарафдорӣ карда, гуфтааст, бояд то охир рафт.



Ин дар ҳолест, ки муҳлати ҷамъоварии имзо ба охир расид, вале Куммиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон(КМИРТ) имрӯз замони ҷамъоварии имзоҳоро барои се рӯзи дигар тамдид кард тамдид кард ва ба аҳзоби сиёсӣ барои ҷамъоварии имзо се рӯзи дигар мӯҳлат дод.

Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси КМИРТ рӯзи 7 октябр гуфт, ки "дар нишасти имрӯзаи КМИР дархости баъзе аз аҳзоб, ба хусус демократ ва коммунист баррасӣ шуда ва аъзои куммиссиюн ба ин расиданд, ки ин раванд то соати 18.00 дақиқаи рӯзи 10-уми октябр тамдид карда шавад."


Ба гуфтаи Шоҳиён, ин тасмим бар асоси қонунҳои интихобот ва ба манзури эҷоди шароити мусоидат барои ҳама аҳзоб ва номзадҳои интихоботӣ содир шуд. Зеро ба таъкиди маъсулони КМИРТ, қонунгузории интихобот тамдиди ин раванд барои панҷ рӯзро дар назар дорад.

Қаблан аҳзоби демократ ва коммунисти Тоҷикистон аз КМИРТ хоста буданд, ки ба далели эҷоди шароити мусоид барои ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдорӣ аз номзадҳои интихоботӣ замони ин раванд тамдид карда шавад. Бар асоси тасмими КМИРТ, раванди ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдорӣ аз номзадҳои интихоботӣ аз замони пешбарии номзад тавассути анҷумани ҳизб шуруъ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Шокироҷон Ҳакимов ҳуқуқдон ва муовини раиси Ҳизби сотсиал –демократи Тоҷикистон мегӯяд, бино бар Қонуни интихоботи президенти Тоҷикистон, ки як қонуни конститутсионист, Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ҳаққи дароз кардани муҳлати ҷамъоварии имзоҳоро надорад: «қарори имрӯзаи КМИРТ ба моддаи 24 ва банди яки моддаи 25-уми қонуни мазкур мухолифат мекунад. Зеро дар қонун хеле возеҳу равшан гуфта шудааст, ки номзадҳо ба интихоботи президентӣ бояд 30 рӯз пеш аз санаи интихобот аз суи КМИРТ тасдиқ карда шаванд».

Роҳбари дастгоҳи Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Абдуманон Додоев мегуяд, тамдиди муҳлати ҷамъоварии имзо хилофи қонун нест ва амале дар доираи салоҳияти комиссюн аст: Вай гуфт, қонуни конститутсионӣ муқаррар кардааст, ки КМИРТ метавонад, дар муҳлати то 25 руз мондан ба интихобот масъалаи бақайдгирии номзадҳоро ҳал кунад. «Бинобар ин, мо панҷ рӯз дорем мутобиқ ба талаботи қонун. Ғайр аз ин дар таҷрибаи интихоботи президентии Тоҷикистон ҳам ду бор, соли 1999 муҳлати ҷамъоварии имзоҳо дароз карда шуда буд. Бинобар ин дар ин ҷо ягон қонуншиканӣ нест.»

Ин дар ҳолест, ки то ҳоло ба ҷонибдории номзад Эмомалӣ Раҳмон 230 000, Исмоил Талбаков -- 206 000, Абдуҳалим Ғаффоров -- 198 000, Саъидҷаъфар Исмонов – 196 000 ва Ойниҳол Бобоназарова -- 175 900 ҷамъоварӣ шудааст.

Ба ин тартиб, нахустин номзадҳо, ба таърихи 17 сентябр аз суи аҳзоби наҳзати исломӣ, демократ ва аграрӣ ё кишоварзӣ мушаххас шуда буданд.

Аммо дар ин раванд, бархе аз аҳзоби сиёсӣ ва номзадҳои интихоботӣ, ба хусус Ойниҳол Бобоназарова, фаъоли сиёсӣ ва ҳуқуқдон, номзад аз ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба мушкил рӯ ба рӯ гардид ва аз фишору маҳдудиятҳо дар ин раванд ибрози нигаронӣ дорад.

Номзадҳо мегӯянд, то кунун имзоҳо аз вилояти Бадахшону, қисме Суғд ва Хатлон ҳисоб нашудаанд ва бо расидани куллияи ин имзоҳо талаботи интихобоии ҷамъоварии имзоҳо иҷро хоҳад шуд.

Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон низ мегӯяд, ба ҷонибдории номзади худ 230 ҳазор имзо ҷамъ оварда ва ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ пешинҳод карданд. Усмон Солеҳ , мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон рӯзи 7 октябри ба радиои Озодӣ гуфт, ки тибқи қонуни интихоботи президенти Тоҷикистон ҲХДТ 210 ҳазор имзо барои пешниҳоди номзади худ Эмомалӣ Раҳмон ба курсии раёсати ҷумҳуриро ҷамъ оварда ба КМИР супорид.

Аммо номзади Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров ба Радиои Озодӣ гуфт, ки то кунун натавонистааст 210 ҳазор имзо ҷамъ кунад. Вай афзуд, ки то кунун тарафдоронаш 198 ҳазор имзо ҷамъ кардаанд ва мӯҳлати ҷамъоварии имзоҳо барои пешниҳоди номзад ба КМИР низ ба охир расидааст. Вай ҳамчунин гуфт, ки дар назар аст дар ҳамин рӯз ба КМИР дар мавриди тамдиди муҳлати ҷамъоварии имзоҳо ариза пешинҳод кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG