Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 8 ноябрро дар ИМА панҷ намояндаи расмии Тоҷикистон назорат мекунанд. Як нафари онҳо - Далери Сафар корманди Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон буда дигарҳо аъзои ҳизбҳои сиёсӣ ҳастанд. Сафорати Амрико гуфт, ки ҳайати Тоҷикистон рӯзи 1 ноябр вориди ИМА шуд.

Коршиносон мегӯянд, ки ҳузури ҳайати Тоҷикистон дар интихоботи муҳими президентии як давлати ғарбӣ, мутаассифона, натиҷа намедиҳад ва таҷрибаи ИМА дар шароити Тоҷикистон истифода нахоҳад шуд.

Интихоботҳо дар кишварҳои пасошӯравӣ, ба ҷуз аз Гурҷистону чанд кишвари роҳи демократиро интихобкарда, “ношаффоф” ва “ғайриозод” баргузор будааст

Нозирони тоҷик дар интихоботи Амрико:

Ин дар ҳолест, ки нозирони тоҷик пайваста раванди интихобот дар кишварҳои мухталиф, аз ҷумла кишварҳои пасошӯравиро назорат мекунанд ва натоиҷи санҷиши интихоботӣ дар баёни муштараки ҳайатҳои нозирони кишварҳои узви ИДМ баён мешаванд.

Президент Барак Обама ҳам ба тарафдоронии Клинтон дар маъракаи интихоботӣ иштирок мекунад

Президент Барак Обама ҳам ба тарафдоронии Клинтон дар маъракаи интихоботӣ иштирок мекунад

Сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов, ки феълан дар Олмон қарор дорад, 4 ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин дафъа низ аз нозирони тоҷик набояд «мавқеи фарқунанда аз мавзеъгирии Русияро» интизор шуд, чунки дар масоили сиёсати хориҷӣ бисёр вақт мақомоти тоҷик мавзеи наздик бо Русияро баён мекунанд. Вай гуфт, ба эҳтимоли ғолиб дар ин интихобот Доналд Трамп шикаст мехӯрад. Ба бовари ин коршинос, баъди бозгашт аз ИМА ҳам набояд интизор шуд, ки барои матбуот ва ҷомеа изҳороти ин ҳайат дастрас шавад.

Зимнан, шиносоӣ бо интихоботи ИМА барои журналистони тоҷик таҷрибаи нав нест. Аз оғози солҳо 1990-ум бо пуштибонии молии USAID – оҷонсии рушди ИМА гурӯҳи журналистони расонаҳои давлативу мустақил барои назорат аз ҷараёни раъйгирӣ, мулоқоти номзадҳо бо мардум ва ҳам ошноӣ бо кори ҳизбҳои сиёсӣ, ба шаҳрҳои муҳими интихоботии Амрико сафарбар мешаванд. Гузоришҳои ин журналистон борҳо дар матбуоти дохилӣ нашр шудааст, ки аксарият баҳсҳои ошкоро, шаффофияти муборизаҳо ва ҳам шеваи интихоботи Амрикоро ба тасвир мекашанд.

Баъди интихоботи пуррақобат дар Ғарб...

Яке аз онҳо Умед Бобохонов, муассиси медиа-ҳолдинги «Азия-Плюс» аст, ки соли 2008 ба унвони нозир аз Тоҷикистон дар интихоботи раиси ҷумҳури ИМА ширкат кардааст. Вай дар як посухи катбӣ ба Радио Озодӣ гуфт, ки ИМА дар асл на ба нозирони интихоботӣ ва на арзёбии онҳо ниёз надорад. “Ҷониби Амрико намояндаҳои кишварҳои мухталифро танҳо барои ошноӣ бо низоми баргузории интихобот даъват мекунанд ва барояшон аслан муҳим нест, ки бардошти нозирон чӣ гуна хоҳад буд”.

Ҳарамгули Қодир.

Ҳарамгули Қодир.

Вале барои ҷониби Тоҷикистон, аз ҷумла мақомоти комиссиюни интихоботӣ ва намояндагони давлат шиносоӣ бо таҷрибаи баргузории интихоботҳои демократӣ фавқулодда муҳим аст, мегӯянд бархе журналистони дигар дар ин кишвар.

Ҳарамгули Қодир, хабарнигори дигари тоҷик, ки аз интихоботи соли 2012-и раёсатҷумҳурии Амрико назорат кардааст, мегӯяд, бардошташ ин аст, ки даъвати нозирон барои назорат аз интихоботҳои Амрико ва ё кишварҳои аврупоӣ «на ба маънои арзёбии он аст, балки бештар ба хотири таъсиргузор шудани ин маърака дар зеҳни намояндагони ин кишвар анҷом мешавад. Вай гуфт, соли 2012 дар ИМА шоҳиди як раъйдиҳии озоду мунсифона шуд ва баъди бозгашташ ҳам дар ин бора ба дигарон нақл кард.

... бозгашт ба интихоботҳои "ношаффоф"-и Тоҷикистон

Бархе журналистону коршиносон дар Тоҷикистон мегӯянд, мутаассифона, ба фарқ аз хабарнигороне, ки баъди бозгашт аз интихобот дар ин бора гузоришҳо менависанд, худи нозирони интихоботӣ, ки аксарашон намояндагони давлатанд, аз ин чиз барои худ ё низоми интихоботӣ дар ватан бардоште намегиранд. Ба ҳар ҳол, ин бардошти онҳо дар ҷараёни баргузории интихоботҳои Тоҷикистон инъикос намешавад ва то рафт дар ин кишвар интихоботи, аз назари нозирони байналмилалӣ, «бидуни рақобати воқеӣ», «ношаффоф» ва «номуносиб ба меъёрҳои байналмилалӣ» баргузор мешаванд.

Хуршеди Атовулло.

Хуршеди Атовулло.

Хуршеди Атовулло, сардабири ҳафтаномаи “Фараж” мегӯяд, интихоботҳо дар кишварҳои пасошӯравӣ, ба ҷуз аз Гурҷистону чанд кишвари роҳи демократиро интихобкарда, “ношаффоф” ва “ғайриозод” баргузор будааст. Мақомоти Тоҷикистон ҳамчунин ба интиқодҳои нозирони байналмиллалӣ чандон аҳамият намедиҳад ва пешниҳодҳои онҳо барои ислоҳи чунин наҳваи баргузории интихоботро қабул надоранд. Дар муқобил, нозирони байналмилалӣ ҳам гӯё ба ин бархӯрди мақомоти тоҷик одат кардаанд ва баъди анҷоми раъйпурсиҳо бо хулосаҳои расмии худ иктифо мекунанду халос.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико рӯзи 8 ноябр баргузор мегардад, ки саҳнаи муборизаҳои шадиди ду номзади умда аз ҳизбҳои демократ ва ҷумҳурихоҳ -- Ҳиллари Клинтон ва Доналд Трампро ба намоиш мегузорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG