Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабабҳои боздошти се нафари наздик ба Мирзохӯҷа Аҳмадовро шарҳ дод.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи ин ниҳод ба Радиои Озодӣ гуфт, дар пайи амалиёти муштараки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар таърихи 22-юми март, барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ, воситаҳои нашъадор ва дигар ҷиноятҳои вазнин, Абдулҳамид Шоҳиҷангиев, Раҳматулло Муминов ва Қамариддин Ҳакимов, ки ҳамагӣ сокини ноҳияи Рашт мебошанд, дастгир шуданд.

Бино ба иттилои ин манбаъ, ҳини тафтиши манзили истиқоматии Шоҳиҷангиев Абдулҳамид аз дохили ҷевони ошхона 1 адад туфангчаи тамғаи «Макаров» бо 3 тирдон ва 61 дона тир, 5 адад тири қутраш 70 милиметраи карабин, 4 адад норинҷаки дастии РГД-5 ва 8 дона қаламчаи воситаи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон

Ин манбаъ афзуд, аз манзили Раҳматулло Муминов ва махфигоҳи ба ӯ тааллуқ дошта, 1 адад автомати тамғаи «Калашников», 14 адад тирдонҳо, 6 норинҷак ва дигар лавозимоти ҷангӣ дарёфту мусодира гардид. Мақомот ӯро инчунин дар содир намудани дигар ҷиноятҳои вазнин низ гумонбар медонанд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, Қамариддин Ҳакимов низ дар нигоҳдории ғайриқонунии яроқу лавозимоти ҷангӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккилона гумонбар дониста мешавад.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар ҳоле ин боздоштҳоро шарҳ медиҳад, ки се чаҳор рӯз қабл Мирзохӯҷа Аҳмадов, собиқ фармондеҳи Иттиҳоди неруҳои оппозитсионии Тоҷикистон аз боздошти аъзои гурӯҳаш изҳори нигаронӣ карда, гуфт, ки тайи чанд моҳи ахир 5 тан аз афроди ӯ боздошт шудаанд. Ахиран Раҳматулло Мӯъминов ва Абдуҳомид Шоҳиҷангов, ҳарду сокини Рашт боздошт шуда, ба Душанбе интиқол ёфтаанд. Се моҳ пеш Қамариддин Ҳакимов, узви дигари гурӯҳи 28 – нафараи Аҳмадовро додгоҳ ба муддати 25 сол ва аз ин пештар ду нафари дигар - Хайриддин Азизов ва Сулаймон Маҳмадоновро ба 11 ва 18 сол аз озодӣ маҳрум карданд.

Ба гуфтаи Мирзохӯҷа Аҳмадов, ҳафтаи гузашта Ҷамолиддин Содиқов, узви дигари гурӯҳаш аз омадани кормандони ОМОН ва кумитаи амният ба манзилаш огоҳ шуда, фирор кард ва ҳоло маълум нест, ки дар куҷо ба сар мебарад. Мирзохӯҷа Аҳмадов мегӯяд, ҳамаи онҳо асосан бо ҷароиме равонаи зиндон шудаанд, ки солҳои 90 – ум содир карда, аммо авф шудаанд.

Мирзохӯҷа Аҳмадов

Мирзохӯҷа Аҳмадов

Мирзохӯҷа Аҳмадов, яке аз собиқ фармондеҳони ИНОТ аст, ки чанд сол ба ин сӯ дар меҳвари таҳаввулоти Тоҷикистон қарор дорад. Ҳангоми амалиёт алайҳи нерӯҳои мусаллаҳ дар водии Рашт, ки аз моҳи августи соли 2010 то моҳи майи соли 2011 идома кард, боре алайҳи нерӯҳои ҳукуматӣ сангар гирифт, аммо чанде пас бо онҳо пайваст.

Моҳи сентябри соли 2010 баробари шурӯъи амалиёти густарда дар шарқи Тоҷикистон, мақомот Мирзохӯҷа Аҳмадовро дар пинҳон кардани Мулло Абдуллоҳ, раҳбари гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ҳамлаи 19-уми сентябр ба корвони мошинҳои вазорати дифоъ, ки 28 афсару сарбозро кушта ба ҷой гузошт ва таъсиси макотиби террористӣ барои наврасон, айбдор карда буданд.

Аммо баъд аз як гуфтушунид бо мақомоти давлатӣ, Мирзохӯҷа Аҳмадов мақомотро мӯътақид кард, ки дар ин ҷароим даст надорад ва барои муқобила бо гурӯҳҳои Аловуддин Давлатов, муллақаб ба Алии Бедакӣ ва Мулло Абдулло кӯмак мерасонад.Тавре Мирзохӯҷа Аҳмадов мегӯяд, гурӯҳи 28- нафараи вай дар амалиёти зидди Мулло Абдуллоҳ ширкати фаъол доштааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG