Пайвандҳои дастрасӣ

Шариф Раҳимзода: "Чаҳор қурби пули миллӣ бояд як карда шавад"


Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи иқтисод ва молияи парлумони Тоҷикистон

Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи иқтисод ва молияи парлумони Тоҷикистон

Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистн Ҷамшед Нурмуҳаммадзодаро бидуни баррасии барномаи корияш дар вазифаи раиси Бонки Миллии Тоҷикистон тасдиқ кард, аммо барояш вазифаҳои сангин гузошт.

Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон рӯзи 6 май ҳангоми тасдиқи номзадии Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ҳамчун раиси нави Бонки Миллии кишвар баҳси асосӣ ба коҳиши давомдори қурби пули миллӣ пайванд гирифт. Ҷаноби Нурмуҳаммадзода гуфт, ба танзим даровардани бозори асъорро дар авлавияти кораш қарор дода, дар ин замина гурӯҳҳои кории бонк дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти кишвар фаъолият тадобири заруриро матраҳ мекунанд. Аммо раиси нави Бонки Миллии Тоҷикистон барномаи кори худро дар ин самт ба таври мушаххас ба вакилони палатаи поёнии порлум он эълом надошт.

Вай ҳолати феълии бозори асъорро ба омилҳои берунӣ бастагӣ дод ва гуфт, “вазъи бозори молиявӣ дар Русия ва дигар кишварҳое, ки мо шарик ҳастем каму беш ба эътидол меояд ва далели ин ҳам он аст, ки дар моҳи апрел нисбати моҳи март интиқоли маблағ каме беҳтар шудааст. Ҳарчанд фойизҳо он қадар баланд ҳам набошад, метавонад моро барои ояндаи беҳтар умедвор кунад. Мо бовар дорем, ки метавонем бозори асъорро ба танзим дарорем, танҳо барои ин вақт, нерӯ ва маблағҳои иловагӣ лозим аст.”

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода

Хушбинии раиси нави Бонки Миллии Тоҷикистон, ки Маҷлиси Намояндагон ӯро ба вазифа сазовор донист, дар ҳоле садо медиҳад, ки 100 доллари амирикоӣ ба 680 сомонӣ баробар шуда, раванди коҳиши қурби пули миллӣ идома дорад. Ҳарчанд то ҳол мақомоти расмӣ дар мавриди зиёни бӯҳрони асъор омореро эълон накардаанд, иқтисодшиносон мегӯянд, ин зарар бештар ба кисаи мардуми оддӣ расида, то 25 дарсадро ташкил медиҳад.

Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи иқтисод ва молияи парлумони Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ дар робита ба танзими бозори асъор чанд иқдоми аввалиндараҷаро номбар кард. Вай гуфт: “Аввалин коре, ки Бонки Миллӣ бояд анҷом бидиҳад, чаҳор қурбро ба ҳам пайваст кунад. Чун ҳоло агар мо бубинем дар асл 4 қурб вуҷуд дорад. Қурби расмӣ, қурбе, ки дар овезаҳои нуқтаҳои мубодилаи асъор нишон дода шудааст, қурбе, ки аз пушти парда вуҷуд дорад ва қурби самаранок, яъне қурби воқеие, ки вобаста ба вазъи иқтисодиву сиёсати пуливу қарзии кишварҳои ҳамкори тиҷоратии мо ҳисоб карда мешавад.

Бисёр зарур аст, ки ҳамаи ин қурбҳо тақрибан як хел бошанд ва ин аз сиёсати Бонки Миллӣ ва сохторҳои иқтисодии ҳукумат вобастагӣ дорад. Вақте ман соли 2008 раҳбари Бонки Миллӣ будам, қурби расмии бонк аз кӯча боло буд ва он вақт харидории асъори хориҷӣ аз бонк бар зарар буд. Ҳоло бошад вазъ баръакс шудааст. Вақте мо қурбҳоро ягона мекунем ва хариду фурӯши асъорро озод мегузорем, он вақт фарқ надорад, ки корманди ин нуқта асъорро ба кӣ мефурӯшад, муҳим он, ки вай харидуфурӯшашро анҷом медиҳад. Беҳтар аст, ки ҳамин сиёсат ба роҳ монда шавад.”

Шариф Раҳимзода, мегӯяд ин пешниҳоди худро дар сӯҳбати рӯ ба рӯ бо раҳбарияти Бонки Миллӣ дар миён хоҳад гузошт.

Шукурҷон Зуҳуров

Шукурҷон Зуҳуров

Ин дар ҳолест, ки Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, дар ҳоле, ки аз номзадии Нурмуҳаммадзода пуштибонӣ мекард гуфт, ки ҳоло мардумро бештар беқурбшавии сомонӣ, кам шудани тавонмандии харидории онҳо ва ҳамчунин болоравии арзиши хӯрокворӣ, аз ҷумла орд, нигарон кардааст. Ҷаноби Зуҳуров ба раиси нави Бонки Миллӣ гуфт, ки ӯ бояд истифодаи фарогири пули миллиро ҳамчун воҳиди ягонаи пардохт дар қаламрави кишвар таъмин кунад.

“Вақтҳои охир вобаста ба мушкилиҳои иқтисодӣ, болоравии қурби асъори хориҷӣ бовари соҳибкорон ба низоми бонкиро каме коста кардааст, ки он ба зиёдшавии пасандозҳои асъорӣ боис шудааст, ки ҳоло беш аз 70 дарсадро ташкил мекунад. Ба таври дигар ин долларкунонии иқтисодиёт ном дорад. Аз тарафи дигар фоийзҳои баланди бонкӣ барои дастгирии соҳибкорони ватанӣ имконият намедиҳад. Вазифаи дигаре, ки дар назди Шумо меистад, ҷалби бештари захираҳои қарзӣ аз ҳисоби пасандозҳои мардум ва сармояи хориҷӣ бо ҳадафи бо фойизи паст додани қарзҳо ба соҳибкорон мебошад. Шумо бояд мардумро ҳавасманд кунед,то пасандозҳояшонро дар бонкҳо нигоҳ доранд,“- гуфт ҷаноби Зуҳуров.

Зимнан иқтисодшиносон бар инанд, ки ба танзим овардани бозори асъор, на танҳо ба шахси алоҳида балки ба тиме, ки сари кор меояд ва аз усулҳое, ки истифода мешавад, бастагӣ дорад. Баҳром Шарифов, доктори улуми иқтисодӣ ва таҳлилгари умури молиявӣ мегӯяд, “азбаски дар ҳамин ним соли ахир калавиши қурби асъор беҳад баланд буд ва эътимод ба бизнес то андозае коҳиш ёфт, ҳама маблағҳои озоди худро барои хариди асъори хориҷӣ равона кард ва ин талаботи иловагиро дар бозор ба миён овард.Агар раҳабар боз ҳам усулҳои пештараро истифода барад комёб намешавад. Бояд фишангҳо ва ҳамкориҳои навро мувофиқи талаботи бозор ва давлат оиди танзими иқтисодиёт ба роҳ монад.”

Баҳром Шарифов аз ҷумла гуфт Бонки Миллӣ барои танзими бозори пулӣ ва асъори хориҷӣ аз фишангҳо пурқувват ва аммо кӯтоҳмуддат истифода мекунад. Ба иддаои ин иқтисодшинос, агар дар баробари тағйири раҳбарияти Бонки Миллӣ блоки иқтисодии ҳукумат низ мувофиқи талабот танзим ва мувофиқа нашавад, расидан ба натиҷаи дилхоҳ мушкил хоҳад буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG