Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Русия зоҳиран дар фикри боз ҳам шадидтар кардани қоидаҳои кору иқомат барои муҳоҷирони хориҷӣ шудаанд.

Барандаи ҷоизаи Нобел Кристофер Писсаридес ба Маскав барои баррасии мавзӯи бозори меҳнат даъват шудааст. Ҳангоми нишасти матбуотӣ, хабарнигорон аз раҳбари кафедраи иқтисоди Мактаби иқтисодии Лондон, яке аз мӯътабартарин донишгоҳҳои иқтисодии дунё, пурсиданд, ки бӯҳрон дар Русия поён ёфтааст, ё идома хоҳад кард?

Ба ин суол Писсаридес посухи соддае надорад. Ӯ мегӯяд, вазъи иқтисоди Русия ба тасмимҳои ҳукуматдоронаш вобаста аст: "Ягон иқтисоддон дақиқ бароятон гуфта наметавонад, ки шумо марҳилаи душворро паси сар кардед, ё хайр. Дар алоҳидагӣ шояд бахше аз равандҳои ин буҳронро баҳо додан мумкин аст, аммо дар маҷмӯъ - на. Боз бояд ба назар гирифт, ки инҷо ғайр аз омилҳои табиӣ боз таъсири қудратҳои сиёсӣ ҷой дорад. Ман фикр мекунам, ки посух ба ин суолро надорам, чун он аз давлат ва ҳукумат вобаста аст."

Бо ин ҳол, иқтисоди Русия заифтар мешавад. Сатҳи бекорӣ афзудааст. Мувофиқи омори вазорати меҳнати Русия, моҳи январи соли ҷорӣ шумораи бекорони расмӣ аз 1 миллион гузаштааст. Афзоиши бекорӣ дар Маскав дар як соли охир 44%, дар Санкт-Петербург 18%-ро ташкил додааст, ки ин арқом сирф шаҳрвандони Русияро дар бар мегирад.

Дар пасманзари ин ҳама, мавзӯи муҳоҷирати меҳнатӣ боз ба сархати расонаҳои Русия бармегардад.

Хомӯшии бардавоми мансабдорони баландпояи ин кишварро муовини сарвазир Олга Голодетс хотима гузошта, моҳи гузашта аз ҷорӣ гардидани тағйироти ҷадид барои муҳоҷирон эълон кард: "Cистемаи патент барои муҳоҷирони корӣ набояд воситаи ягона барои ҷалби онҳо бошад, ин система мукаммал бояд карда шавад. Шахс бояд сатҳи тахассусашро исбот кунад. Агар ӯ сохтмончист, марҳамат, ба

Олга Голодетс

Олга Голодетс

маркази мустақили баҳодиҳӣ, ки акнун ба кор шурӯъ мекунад, биравад ва исбот кунад, ки ӯ сохтмончист. Агар ба доягӣ машғул шуданӣ бошед, шумо ҳадди ақал бояд тасдиқ кунед, ки омӯзгор ҳастед ва ё мутахассис оид ба нигоҳубини кӯдак, на нафаре, ки Худо медонад аз кадом кӯча омадааст."

Дар гуфтаҳои Голодетс коршиносон нақшаи бори дигар аз ғалбер гузарондани муҳоҷирони кориро пай бурданд. Аммо суол ин аст, ки санҷиши муҳоҷирон ба чӣ шакл сурат хоҳад гирифт?

Рашид, як соҳибкори тоҷик дар Маскав иқдоми нави ҳукумати Русияро аз ҳоло садди иловагӣ меномад. Ӯ мегӯяд, ки ташхиси касбияти муҳоҷирон, махсусан сохтмончиён як кори бефоида аст, чун кордиҳанда ҳам то худаш тахассуси коргарашро шахсан насанҷад, ба ягон эътимодномаи давлат бовар намекунад.

Ӯ гуфт, "шояд он санҷиш барои дар идораҳои расмӣ ба кор даромадан ба кор ояд, аммо дар бахши хусусӣ, ба назари ман, натиҷаи санҷиш ягон нақше нахоҳад бозид. Дар кишвари мо маъмулан мардум ба диплом ва муҳрҳо эътимод надоранд... Ҳатто ман, ки соҳиби ду диплом ҳастам, боре ҳам касе аз ман дипломамро напурсидааст."

Бо вуҷуди чунин пешниҳодҳо, коршиносон бар он боваранд, ки ҳукумати Русия дар баробари аз ҳисоби муҳоҷирони бетахассус, бо ҷои кор таъмин кардани шаҳрвандонаш, ҳамчунин ташкил кардани воридоти иловагии молиёт аз ҷайби муҳоҷиронро дорад.

Ренат Каримов

Ренат Каримов

Ренат Каримов, раҳбари Иттифоқҳои касабаи муҳоҷирони корӣ мегӯяд: “Чунин эҳсос мекунам, ки касе аз боло фармоне дода, ки бино бар буҳрони иқтисодӣ ва камбуди буҷаи давлатӣ, ҳама вазорату идораҳо бояд манбаи даромади изофавӣ биҷӯянд. Ва ҳамин иқдом ҷавоби суолест, ки чаро маош ва нафақа дар кишвар баробари ҳаҷми таваррум боло бурда намешавад.”

Чунин супоришро раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳафтаи гузашта зимни ҷаласаи Шӯрои амният, ки комилан ба мавзӯи муҳоҷирон бахшида шуд, дод. Владимир Путин сохторҳои зидахлро амр кард, ки назоратро бар муҳоҷирони корӣ бештар ва муборизаро бо қонунвайронкунии онҳо сахттар кунанд. Аз суханронии Путин чунин бармеояд, ки ҳукумати Русия боз муҳоҷиронро дар меҳвари таваҷҷӯҳаш қарор додааст ва ба эҳтимоли ғолиб хеле ба зудӣ шахрвандони хориҷӣ дар Русия ба қоидаҳои наву боз ҳам шадидтари муҳоҷират рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG