Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳқиқот: Сармоягузории муҳоҷирон ба таҳсили фарзандон 18 % афзудааст


муҳоҷири ӯзбак дар Санкт-Петербург

муҳоҷири ӯзбак дар Санкт-Петербург

Пурсиши ахири созмони Gallup мегӯяд, ки пулҳои 66 дарсади муҳоҷирон ба пешбурди зиндагии хонаводаашон кӯмак кардааст

Тақрибан аз 10 муҳоҷири кории кишварҳои Шӯравии пешин 4 нафари онҳо гуфтаанд, ки баъд аз бозгашт аз муҳоҷират бо пулҳои овардаашон натавонистаанд зиндагии хонаводаии худро беҳтар кунанд. Оҷонси амрикоии Gallup дар ин бора рӯзи панҷшанбе натиҷаҳои назарсанҷии худро ба табъ расонд. Ин оҷонс таҳқиқоти худро тӯли солҳои 2010-2012 дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқозу Молдова дар миёни 19 000 нафар барпо кардааст.


Назархоҳӣ нишон додааст, ки муҳоҷирони кории кишварҳои Осиёи Марказӣ, яъне Қазоқистону Қирғизистон, Тоҷикистону Туркманистон ва Узбакистон аз кори худ дар муҳоҷират қонеъ будаанд.


Дар ин кишварҳо 66 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, ки пулҳои овардаи онҳо ба зиндагии хонаводаашон кӯмак кардааст. Аммо дар Арманистону Озарбойҷон ва Гурҷистону Молдова гуфтаанд, ки кӯмаки ин пулҳо чандон муассир набудааст. 40 дарсади муҳоҷирони кории ин кишварҳо гуфтаанд, ки муҳоҷирати корӣ барои касбомӯзӣ кӯмак кардааст ва аз ин муҳоҷирон тақрибан 20 дарсад гуфтаанд, ки касбҳои омӯхтаи онҳо дар пайдо кардани ҷои кор ёрӣ расондааст.
Бино ба назарсанҷии оҷонси Gallup, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ 39 дарсад бо касбҳои омӯхтаи худ дар муҳоҷират дар ватанашон соҳиби кор шудаанд.

Саодат Олимова-яке аз масъулони маркази назарсанҷии “Шарқ” дар Тоҷикистон мегӯяд, хонаводаҳои тоҷик зиндагии худро аслан аз ҳисоби пули муҳоҷирони кориашон мечархонанд ва агар ин пулҳо набошад, зиндагии хонаводаҳо се баробар бадтар аз вазъи кунунӣ мешуд. Хонум Олимова мегӯяд, ки пулҳои муҳоҷирон пеш аз ҳама барои пешбурди зиндагии хонаводаҳои худи онҳо мусоидат мекунад:

  • Агар ин пулҳо набошанд, сатҳи фақр дар ин кишвар 3 баробар боло мерафт. Ҷомеаи Тоҷикистон аслан аз ҳисоби ин пулҳо зиндагиашро мегузаронад. Барои таъмини рӯзгор, ки онро харҷи умумӣ мегӯянд, 90-91 дарсади ин пулҳо сарф мешавад. Ба он хӯрду хӯрок, либос, пардохти ҳақи таҳсили фарзандон дар мактаб, таъмири хона, нақлиёт, пардохти хадамоти беҳдоштӣ ва хадамоти коммуналиву манзилӣ ва ҳатто додани ришва дохил мешавад, яъне ҳамаи он маблағе, ки барои зиндагӣ сарф мешавад.


Ба гуфтаи хонум Олимова, масорифи ғайри қобили пешбинӣ низ дар хонаводаҳо вуҷуд дорад ва барои он 4 дарсади ин маблағи худро сарф мекунанд. Маъмулан муҳоҷирон барои корҳои хайрия низ маблағе ихтисос медиҳанд, бо вуҷуди он, ки тибқи назарсанҷиҳо ин нишондод чандон зиёд нест ва тақрибан як дарсадро ташкил додааст. Онҳо маъмулан чунин маблағро ба масҷид медиҳанд, ба хешовандони худ ё афроди бепарастор дар ҳолатҳои зарурӣ хайр мекунанд.
Аз мусоҳиби худ Олимова мепурсам, оё аксари кулли муҳоҷирони тоҷик пулҳои худро пасандоз ҳам мекунанд?

Вай гуфт, “Пасандоз хеле кам аст ва он чаҳор дарсадро ташкил медиҳад. Барои ояндаи худ сармоягузорӣ намекунанд ва он тақрибан 2 дарсад аст. Онҳо асосан барои имрӯз зиндагӣ мекунанд". Дар бахши масорифи умумии хонаводаҳои муҳоҷирони кории тоҷик, мегӯяд ӯ, дида мешавад, ки онҳо барои хадамоти беҳдоштӣ маблағи хеле кам сарф мекунанд.

Аммо сармоягузории онҳо барои таҳсили фарзандонашон солҳои ахир афзоиш ёфтааст. Саодат Олимова мегӯяд, бино ба назарсанҷие, ки маркази онҳо дар Тоҷикистон дар моҳи январи соли 2012 анҷом додааст, сармоягузорӣ дар ин бахш дар баъзе минтақаҳо аз 4 дар сад то ба 18 дарсад боло рафтааст.

Бо вуҷуди сармоягузории хонаводаҳо дар таҳсили фарзандонашон сатҳи дониш ва сифати таълим дар солҳои ахир боло нарафтааст. Хонум Олимова бар ин ақида аст, ки сифати таълим баръакс бад шудааст ва сабаб он аст, ки сармоягузории давлатӣ дар ин бахш коҳиш ёфтааст ва ниҳодҳои расмии Тоҷикистон дар ин бахш бештар ба сармоягузории худи хонаводаҳо умед мебанданд.


Соли 2011 муҳоҷирони кории тоҷик бештар аз 3 миллиарду 200 миллион доллар фиристоданд. Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, имсол маблағҳои фиристодаи муҳоҷирони кории тоҷик ба хонаводаҳояшон бори аввал бештар аз 4 миллиардро ташкил хоҳад дод, ки он тақрибан ду баробари будҷаи соли 2013 Тоҷикистон аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG