Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

То поёни моҳи майи соли ҷорӣ бо кӯмаки Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия бештар аз 60 миллион рубл дастмузди муҳоҷирони кории тоҷик барои соли 2015 баргардонида шудааст.

Шодӣ Шафиев, сокини шаҳри Истаравшан яке аз ононест, ки 250 ҳазор рубл ҳақи кори худ ва ҳамкоронашро дар охири моҳи май аз як корфармои рус дар Маскав ба истилоҳ “рӯёнданд”.

Ин пул дастмузди онҳо барои кор дар давоми соли 2015 буд, ки бо баҳонаҳои гуногун пардохти онро кордиҳанда ба таъхир меандохт ва саранҷом аз назарҳо ғайб зад. Онҳо маҷбур шуданд ба намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Маскав муроҷиат кунанд.

Дар мусоҳибае Шодӣ Шафиев гуфт, ки ин пул музди кори 3 нафар будааст. Дар оғоз ин се нафар бо соҳиби сохтмони бӯстонсаро ба хулосае омадаанд, ки агар корҳои сохтмониро комилан анҷом диҳанд, онҳо 360 ҳазор рубл ҳақи кор худро мегиранд. Вале соҳиби сохтмон танҳо 110 ҳазор рублро пардохт кардааст ва саранҷом ба дархостҳои “коргаронаш” беэътиноӣ нишон дода, ғайб задааст.

Шодӣ Шафиев танҳо муҳоҷири корӣ нест, ки бо ҳамроҳонаш натавонистаанд дастмузди худро аз кордиҳанда бигиранд. Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, бар асоси аризаҳое, ки аз муҳоҷирони корӣ дар Русия ба намояндагӣ расидааст, онҳо 51 миллион рубли русии дастмузди муҳоҷирони кории тоҷикро дар натиҷаи музокирот ва дар баҳсҳо бо кордиҳандагон ба соҳибонашон баргардонидаанд:

Иброҳим Аҳмадӣ мегӯяд, ки “агар ба натиҷаҳои соли 2015 назар афканем, дар давоми сол бо ёрии намояндагӣ аз ташкилоту муассисаҳо ва корфармоёни Русия дар манотиқи гуногун дар маҷмӯъ бештар аз 51 миллион рубли пардохтнашудаи муҳоҷирони корӣ пардохт шуд”.

Иброҳим Аҳмадӣ аз бурдани номи корхонаҳову кордиҳандагон худдорӣ кард ва гуфт, ҳангоми музокира бо онҳо, ҳар ду ҷониб ба унвони пешшарти баргардонидани маблағҳо ӯҳдадор мешаванд, ки номи онҳоро дар матбуот ифшо накунанд.

Вале вай мегӯяд, бештар аз 60-70 дарсади онҳое, ки пули муҳоҷиронро надодаанд, корхона ва ширкатҳои сохтмонӣ мебошанд. Дар ҷараёни музокирот тақрибан 90 дарсади ин корхонаҳо баҳона пеш меовардаанд, ки бар асари бӯҳрони иқтисодӣ муфлис шудаанд.

Оқои Аҳмадӣ мегӯяд, то ҳол даҳҳо миллион рубли дигари муҳоҷирони корӣ аз соли 2015 пардохт нашудааст ва музокира бо корфармоён барои баргардонидани онҳо идома дорад. Масалан, баргардони 11 миллион рубл ҳал шудааст ва ин пулҳо дастмузди муҳоҷирон ҳам аз соли 2015 ва ҳам барои моҳҳои гузаштаи соли 2016 мебошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG