Пайвандҳои дастрасӣ

"Гулмурод Ҳалимов барои ДИИШ нодаркор шудааст"


Гулмурод Ҳалимов - акс аз тобистони соли 2015

Гулмурод Ҳалимов - акс аз тобистони соли 2015

Як манбаъ дар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон гуфт, ки Гулмурод Ҳалимов - собиқ фармондеҳи нерӯҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ "маъюб ва барои "Давлати исломӣ" нодаркор шудааст".

Як манбаъ дар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон гуфт, ки Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи пешини нерӯҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии кишвар, ки моҳи майи соли чорӣ ба гурӯҳи худхондаи "Давлати исломӣ" пайваста буд, "маъюб ва ба ин гурӯҳ нодаркор" шудааст.

Ин иттилоъро мақомот бо такя ба шоҳидии нафаре мегӯянд, ки ахиран аз дасти гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Ироқ фирор карда, худро ба мақомоти тоҷик таслим кардааст. Ӯ зимни сӯҳбат гуфтааст, ки бо Гулмурод Ҳалимов, полковники фирории тоҷик пас аз захмӣ шудани ӯ дар як манзил зиндагӣ мекард. Ин манбаъ рӯзи 7 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ҷавон ҳоло мавриди бозпурсӣ қарор дорад ва танҳо пас аз анҷоми тафтиш ному насабаш ошкор мешавад.

Бо ин ки мақомоти Тоҷикистон ба изҳороти монанд ба ин бо назари шубҳа менигаранд, аммо мегӯянд, ки ин ҷавонро бо шеваҳои мухталиф бозпурсӣ кардаанд ва самимияти эътирофҳои ӯ суолбарангез ба назар намерасад. Ҷавон 26 сол дорад ва иддао кардааст, ки як муддат бо

Яке аз аксҳои охирини Гулмурод Ҳалимов

Яке аз аксҳои охирини Гулмурод Ҳалимов

сарҳанги собиқи Вазорати дохилии Тоҷикистон дар Ироқ ҳамхона будааст. "Гулмурод Ҳалимов як моҳ пас аз фирораш аз Тоҷикистон, дар пайи ҳамлаи ҳавопаймои амрикоӣ моҳи июли соли равон ҷароҳат бардошт ва барои ДИИШ нодаркор шуд," -- гуфтааст ин ҷавон ба мақомоти Тоҷикистон.

Ба нақли ин ҷавон, дар пайи ин ҳамлаи ҳавоӣ Гулмурод Ҳалимов аз пой ва сар зарба хӯрда ва ҳарду зарба ҳам ба сиҳҳатии ӯ асари ҷиддӣ гузоштааст. Овозаи марги ӯ дар моҳи июн ба дунболи зарбаи ҳавопаймои амрикоӣ нахуст дар матбуоти арабӣ ва баъдан дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд. Аммо дертар ҷонибдоронаш акси ӯро нашр карданд, ки дар он аз сару пой захмӣ шуданаш ҳувайдо буд. Ӯ пас аз ин чанд навори аудиоии таҳдидомез ба ҳамкорони собиқ ва рӯзноманигорон нашр кард ва дигар бо ҳамин садояш хомӯш шуд.

Гулмурод Ҳалимов: “200 доллар дорам, ки...”

Ҷавоне, ки худро ахиран ба мақомоти Тоҷикистон таслим кардааст, ба муфаттишони тоҷик гуфтааст, вақте бо Гулмурод Ҳалимов ҳамхона буд, субҳи ӯ ҳар рӯз бо қиссаҳои якрангу такрор ба такрори Ҳалимов сар мешуд ва дар онҳо сарҳанги собиқ аз дороиҳояш, мисли “фермаи мурғ, хона дар Душанбеву Варзоб, мошини "Мерседес" ва ду ҳамсари нозанинаш ситоиш мекард. "Маълум буд, ки Ҳалимов ин ҳамаро пазмон шудааст", - гуфтааст ин ҷавон.

Абдусалим Ҳалимов, падари Гулмурод Ҳалимов

Абдусалим Ҳалимов, падари Гулмурод Ҳалимов

Ба қавли ҳамин манбаъ, ДИИШ ба Ҳалимов мисли дигар захмиён 100 доллар моҳона пардохт ва гоҳ-гоҳе бо ғизо таъмин мекунад. Ин ҷавон мегӯяд, ӯ дар назди ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” аз Ҳалимов боқадртар буд, зеро захмҳои сабук дошт ва метавонист ба майдони ҷанг баргардад. "Вақте кафшҳоям дариданд ва ман аз Гулмурод пул пурсидам, ӯ гуфт, ки ҳамагӣ 200 доллар дорад, ки ба худаш кор меояд", - гуфтааст ин манбаъ.

Падари Ҳалимов: Аз баҳри Гулмурод гузаштам

Гулмурод Ҳалимов 23 апрели соли равон аз хона берун шуда, танҳо 27-уми май бо нашри як навори видеоӣ аз пайвастанаш ба гурӯҳи худхондаи “Давлати исломӣ” дарак дод. Ӯ қабл аз фирор ба ҳамсараш 900 сомонӣ дода гуфтааст, ки зуд бармегардад. Пайвандонаш дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки Гулмурод ҳангоми берун шудан аз хона нагуфта буд, ки куҷо меравад.

Саидмурод Ҳалимов, бародари Гулмурод Ҳалимов рӯзи 7-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бародараш баъди пайвастан ба ДИИШ дигар ҳеҷ гоҳ бо онҳо дар тамос нашуд. Аммо Абдусалим Ҳалимов, падари Гулмурод ба радиои Озодӣ гуфт, “аз баҳри писари хиёнаткораш гузаштааст ва дигар барояш муҳим нест, ки ӯ дар чӣ ҳол қарор дорад.”

“ДИИШ иҷоза надод, ки Гулмурод ба ҷангиён тамрин диҳад"

Сарҳанги собиқи Вазорати дохилии Тоҷикистон, ки солҳои охир ба дастаи таъиноти махсуси ҳамин вазорат раҳбарӣ мекард, дар ҷангҳои воқеӣ иштирок карда, борҳо дар Иёлоти Муттаҳида тамрини ҳарбӣ гирифтааст. Аммо ба иттилои манбаи Радиои Озодӣ, аз рӯзи аввали пайвастани Ҳалимов ба сафи ДИИШ, террористҳо ба ӯ бо назари шубҳа менигаристанд ва касе ба садоқаташ бовар надошт. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, саркардаҳои ДИИШ, ки интизор дошт Ҳалимовро барои тамрини шеваҳои ҷангӣ истифода кунанд, аз таҷрибаҳои ҷангии ӯ канор рафтанд.

"ДИИШ танҳо мансаб ва номи ӯро барои таблиғоти худ истифода кард ва баъди захмӣ шуданаш дигар ба ӯ аҳамият надод", - гуфтааст ҳамин ҷавон, ки ахиран аз Ироқ баргашта худро ба мақомоти Тоҷикистон таслим кардааст.

Мақомоти Тоҷикистон бар зидди сарҳанг Гулмурод Ҳалимов бо иттиҳоми зархаридӣ, хиёнат, терроризм ва ширкат дар амалиёти ҷангӣ парвандаи ҷиноӣ боз карданд, ки ҷамъан зиёда аз 20 соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG