Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Занаш писари сарҳанги тоҷикро Ироқ бурд ва нобуд кард


Диловар Мухторов, ки гуфта мешавад Абу Ҳамза ал-Тоҷикистонист

Диловар Мухторов, ки гуфта мешавад Абу Ҳамза ал-Тоҷикистонист

Як ҷавони тоҷик бо номи Ҳамза ал-Тоҷикистонӣ, ки ба эҳтимоли зиёд писари як полковники умури дохилии Тоҷикистон аст, дар Ироқ кушта шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ин ҷавон, ки бо номи Абӯ Ҳамза дар Ироқ меҷангидааст, сокини 26-солаи шаҳри Кӯлоб Диловар Мухторов аст, ки 6 сол пеш ба Русия муҳоҷир шуда, аз он ҷо роҳ ба сӯи Ироқ гирифтааст. Бино бар иттилои дарёфтӣ, Диловар Мухторов рӯзи 13 март дар Ироқ кушта шудааст.

Падари Диловар, сарҳанги бознишаста Ҷумъахон Мухторов, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, хабари ба Ироқ рафтани писарашро аз кормандони умури дохилӣ фаҳмидааст: ”ҳанӯз дар аввали кор моро ба милисахона даъват карданд ва акси писарамонро нишон доданд. Пурсиданд, ки оё хабар доред, ки вай дар Ироқ аст, мо гуфтем, не. Чунки дар моҳи январ ба модараш аз Маскав занг зада буд. Ҳоло писари мо зинда нест. Дар Маскав гурӯҳҳои махсусе ҳастанд, ки онҳоро ба ин кишварҳо сафарбар мекунанд.”

РОҲБАЛАДЕ ДАР НИҚОБИ АРӮС

​Ба фарқ аз Ҷумъахон Мухторов, модари Диловар Холиса Атоева ба кушта шудани фарзандаш бовар надорад. Вай мегӯяд, бори охир писарашро 6 сол пеш дидаву 24-уми январи ҳамин сол бо ӯ тамоси телефонӣ доштааст. Дар ин сӯҳбат фарзандаш ба модар дар бораи хонадор шуданаш хабар додааст. Ба гуфтаи модар, Диловар бо ҳамсари ояндааш тариқи интернет шинос шуда, ӯро барои издивоҷ ба Маскав даъват кардааст.

Ин модар меафзояд, “Диловар гуфт, ки ин духтарро дар Маскав никоҳ кардааст. Ман ҳам бо ин духтар сӯҳбат доштам. Аз ӯ пурсидам ба Тоҷикистон намеоед? Гуфт ҳоло каме кор кунем, баъд меоем. Баъд аз ин онҳо ба Ироқ рафтаанд. Ман ҳатто фурсати пурсидани номи духтарро пайдо накардам, ки ҳамин кор шудаст. Худи ман акси писари кушташудаамро надидаам, агар бубинам шояд баъд бовар кунам, ки вай дигар нест. Аммо онҳое, ки диданд, мегӯянд дар ин сурат ӯ бо либосҳои тика-тика ва бо даҳони кушода будааст. Ман то ҳанӯз фикр мекунам, ки ӯ зиндааст ва бармегардад. Барои модар ки бо чашмони худ надидааст, қабули ин хабар хеле душвор аст. Ӯ гумроҳ шуда, ақаллан як бор фикри моро ҳам накард, ки 6 сол боз надидемаш ва ҳатто нагуфт, ки ман ба Ироқ меравам. ”

Модари Диловар Мухторов тахмин мезанад, ки шояд гурӯҳҳои махсус бо роҳи фиреб ва бо ваъдаи маблағи калон писарашонро фирефта, ба Ироқ фиристодаанд. Зеро ба гуфтаи ин модар писараш дунявӣ буд, ва ҳатто намоз ҳам намехонд.

Аммо ба қавли дӯстони наздики Диловар Мухторов, ӯро маҳз ҳамин “ҳамсараш” бо роҳи фиреб ба Ироқ бурдааст. Бародари Диловар, ки низ дар Маскав будааст, дар сӯҳбати телефонӣ гуфтааст, ин духтар чандин ҷавони дигарро низ аз ҳамин тариқ ба Ироқ бурдаву ҳоло худ дар Русия зиндагӣ мекунад.

Бархилофи гуфтаи волидайнаш, ки Диловар шахси мазҳабӣ набуд, дар силсилаи аксҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад, ки ӯ ба шиору ақидаҳои ифротгароёнаи исломӣ таваҷҷӯҳи зиёде дошт ва дар бархе аз аксҳо бо шиорҳои исломӣ ва аслиҳа намудор мешавад.

МУШКИЛ БУЗУРГТАР МЕШАВАД?

Куштори Диловар Мухторов дар Ироқ дар ҳолест, ки ахиран Саймӯъмин Ятимов - раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо донишҷӯёни донишгоҳи давлатии Кӯлоб аз ҳузури тоҷикон дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ интиқод кард. Дар ин баробар ӯ аз фарзандон ва пайвандони афроди мансабдор ном гирифт, ки дар ин даргириҳо ширкат доштаанд.

Ба таъкиди раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, то кунун танҳо аз минтақаи Кӯлоб дар ҷангҳои Сурия 33 тан кушта шуда, дар ҳоли ҳозир 10 нафар бо зану фарзандонашон дар майдони ҷанг қарор доштаанд. Барои мисол, ӯ аз Комил Иззатов ва Абдусалом Одинаев ном гирифт, ки аввалӣ зодаи ноҳияи Мӯъминобод ва дувумӣ аз шаҳри Кӯлоб буда, бо кӯдаконашон дар Сурия будаанд.

Дар ҳамин ҳол, Шодӣ Ҳафизов, сардори раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта, мегӯяд, танҳо аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, дар соли гузашта алайҳи 110 нафар барои ифротгароӣ ва терроризм ва нисбати 74 нафар ҳам барои ширкат дар ҷангҳои Сурияву Ироқ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ҳамчунин зикр гардид, 30 ҷавони тоҷик дар ин ҷангҳо кушта шудаанд.

Ӯ аз ҷумла афзуд, “оморҳо нишон медиҳанд, ки беш аз 75 фисади дастгиршудаҳо ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷӣ кишвар ҳамчун аъзо ба созмону ташкилотҳои экстремистӣ ва терористӣ ҷалб карда шудаанд. Ва синну соли беш аз 25 дарсади онҳо аз 18 то 30-соларо дар бар мегирад. Дар шароити ҳозираи геополитикӣ маҳз надоштани таҳкурсии маърифати диниву дунявӣ, худшиносии шаҳрвандӣ, садоқатмандиву ватандӣстӣ шомилшавӣ ва таассуби ҷавонони Тоҷикистонро ба равияҳои бегона ба миён меорад,” – гуфт Шодӣ Ҳафизов.

Бино бар иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта, то имрӯз аз сӯи ин ниҳод 85 нафар барои узвият бо Ҳизби Исломии Узбакистон, 64 нафар узви Ҷамоати Ансоруллоҳ, 3 нафар узви Толибон, 4 нафар узви Ҷабҳат Ан-Нусра, 10 - Давлат-ул-Ислом, 7 нафар - Мусалмонони Солеҳ, 11 нафар - Ҳизб-ут-Таҳрир, 35 нафар Салафия, 2 нафар - Гурӯҳи 24, 14 нафар барои ҳамкорӣ бо Ҷамоати Таблиғ боздошт шудаанд.

Садҳо уламои ислом ҷиҳод дар Сурия ва Ироқро фитна хондаанд. Аз ҷумла, уламои маъруфи тоҷик мисли Ҳоҷӣ Мирзо ва Эшони Нуриддинҷон бо фитна хондани ҷангҳои Сурия ва Ироқ аз ҷавонони мусалмон хоҳиш кардаанд, то дар ин ҷангҳо ширкат накунанд. Аммо бо ин вуҷуд, хабари рафтани ҷавонони тоҷик ба Сурия ва кушта шудани онҳо нашр мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG