Пайвандҳои дастрасӣ

Медали тилои Хуршед Маҷидов баъди пирӯзӣ ба намояндаи Узбакистон


Хуршед Маҷидов

Хуршед Маҷидов

​Хуршед Маҷидов, паҳлавони тоҷик, дар вазни +90 бо рақибонаш аз Қазоқистону Узбакистон вориди сабқат шуда, дар даври ниҳоӣ бо шикаст додани намояндаи Узбакистон медали тилоро соҳибӣ кард.

Хуршед Маҷидов, паҳлавони 17-солаи тоҷик, рӯзи якшанбе дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо (Cadet Asian Judo Cup), ки дар Чирчики Узбакистон баргузор шуд, бар рақибаш аз ин кишвари ҳамсоя – Шоҳрух Тӯраев пирӯз омада, соҳиби медали тило гардид.

Илҳомҷон Ҳофиззода, варзишгари дигари тоҷик, низ дар вазни -73 кило дар ин сабқат баромада карда, дар даври ниҳоӣ бо шикаст додани Эрмек Сариев, намояндаи Қирғизистон, медали тилоро соҳибӣ намуд.

Хуршед Маҷидов дар вазни +90 кило миёни навҷавонони соли таваллудашон 1998-2000-ум вориди рақобат шуд ва ин дувумин медали тилои ӯ тайи тақрибан як моҳи охир аст. Ин паҳлавони тоҷик узви Шӯрои ҷумҳуриявии "Динамо" буда, ҳоло дар Литсейи технологии шаҳри Душанбе таҳсил мекунад.

Вай моҳи майи соли ҷорӣ дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни наврасони солҳои таваллудашон 1998-2000, ки дар шаҳри Клаҷ Напокаи Руминия баргузор шуд, соҳиби медали тило гардида буд.

Хуршед Маҷидов дар вазни беш аз 90 кило пас аз се ғалаба бар Ричард Вакзулик (Маҷористон), Александр Крсманович (Босния ва Ҳерсеговина) ва Владимир Костик (Сербия) ба финал баромад. Хуршед дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Кристоф Фабос аз Маҷористон пирӯз шуд ва барои ҷойи аввал бо Ҷоми Аврупо ва медали тило сарфароз шуд.

Аз ин пеш, Хуршед Маҷидов дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни наврасон, ки рӯзҳои 2-3 май дар Берлин баргузор гардид, соҳиби медали нуқра шуд. Вай дар вазни беш аз 90 кило пас аз се ғалаба бар Марио Гентнер (Олмон) ва Энеҷ Мариник (Словения) ва Кемал Каитов (Русия)ба финал баромад. Вале Хуршед дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Инал Тасоеви русиягӣ шикаст хӯрд ва барои ҷойи дувум бо медали нуқра мукофотонида шуд.

Ӯ ду ҳафта пеш дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, "замони кӯдакӣ аз тариқи телевизион паҳлавонони тоҷик Саидмуъмин Раҳимов, Набимуҳаммад Хоркашев, Расул Боқиевро, ки ҳар яке парчамбардори Тоҷикистонанд, медидам, лаззат мебурдам ва орзу мекардам, ки мисли онҳо номвар шавам."

Шакли комили сӯҳбатро дар ин навор бубинед:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG