Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали Хуршед Маҷидов дар қаҳрамонии дзюдои ҷаҳон


Хуршед Маҷидов (Нафари аввал аз тарафи рост)
Хуршед Маҷидов (Нафари аввал аз тарафи рост)

​Паҳлавони ҷавони тоҷик Хуршед Маҷидов дар қаҳрамонии дзюдои ҷаҳон миёни наврасон дар Босния ва Ҳерзеговина соҳиби медали биринҷӣ шуд.

Паҳлавони ҷавони тоҷик Хуршед Маҷидов дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои ҷаҳон миёни варзишгарони синyашон то ҳаждаҳсола дар Босния ва Ҳерзеговина дар вазни беш аз 90 кило мақоми севумро касб кард ва медали биринҷӣ ба даст овард. Ин барои нахустин бор аст, ки дар риштаи дзюдо дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон намояндаи Тоҷикистон ба чунин дастовард мушарраф гаштааст.

Хуршед Маҷидов пас аз се ғалаба ба Лхақвадори Батҷаграл (Муғулистон), Дмитрий Хохлов (Булғористон) ва Филип Милҷевик (Хорватия), дар даври ниманиҳоӣ аз Камол Каитов (Русия) шикаст хӯрд. Паҳлавони тоҷик барои ҷойи севум бар Игнас Мекаҷус (Латвия) ғолиб омад ва соҳиби медали биринҷӣ шуд.

Дар ин мусобиқа 475 варзишгар аз 59 кишвари дунё иштирок доштанд. Ҷопон дар ҳисоби умумидастаӣ бо касби ҳафт медал - 4 тило, 1 нуқра ва ду биринҷӣ - дар мақоми аввал ва Русия бо нӯҳ медал, аз ҷумла ду тило, дар ҷои дувум қарор гирифтанд. Ҳолланд бо касби се медал - 2 тило ва 1 нуқра - севум шуд. Тоҷикистон бо як медали биринҷӣ дар мақоми 22-юм қарор гирифт.

Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро ҳашт варзишгар - 6 писар – Муҳаммадраҳим Сарахонов (55 кило), Ҷамолиддин Абдуллоев (60), Эраҷ Абдуллоев (66), Салмон Раҳмихудоев (66), Илҳом Ҳофиззода (73), Хуршед Маҷидов (беш аз 90 кило) ва 2 духтар Шукрона Қарчиева (48) ва Шоҳида Қаландарова (57) - намояндагӣ карданд.

Ба ҷуз Хуршед Маҷидов, аз миёни дигар гуштигирони ҷавони тоҷик натиҷаи нисбатан хубтарро Ҷамолиддин Абдуллоев дар вазни 60 кило нишон дод. Ӯ баъди се пирӯзӣ бар рақибонаш аз Муғулистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон ба нимфинал баромад. Вале дар даври ниманиҳоӣ аз Генки Кога (Ҷопон) мағлуб гашт ва дар натиҷа ҷойи панҷумро гирифт.

Дар сабқати духтарон Шукрона Қарчиева ва Шаҳодат Қаландарова дар нахустин даври мусобиқа ноком шуда, аз идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум гаштанд.

Ёдовар мешавем, Хуршед Маҷидов моҳи июни соли ҷорӣ дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо (Cadet Asian Judo Cup), ки дар Чирчики Узбакистон баргузор шуд, дар қувваозмоии ниҳоӣ бар рақибаш аз ин кишвари ҳамсоя –Шоҳрух Тӯраев - пирӯз омада, соҳиби медали тило гардида буд.

Хуршед, инчунин, моҳи майи соли ҷорӣ дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни наврасони солҳои таваллудашон 1998-2000, ки дар шаҳри Клаҷ Напокаи Руминия баргузор шуд, бо медали тило мукофотонида шуд. Ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Кристоф Фабос аз Маҷористон ғолиб омад.

Хуршед Маҷидов дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, "замони кӯдакӣ аз тариқи телевизион паҳлавонони тоҷик Расул Боқиев, Набимуҳаммад Хоркашевро, ки ҳар яке парчамбардори Тоҷикистонанд, медидам, лаззат мебурдам ва орзу мекардам, ки мисли онҳо номвар шавам."

Ғолибону ҷоизадорон:
Писарон

50 кило
1. ИСТИБОЙ Айболат (Қазоқистон)
2. Д АНҶЕЛО Бяҷио (Италия)
3. БАЯНМУНХ Нармандах (Муғулистон)
3. НАГУЧЕВ Казбек (Русия)

55 кило
1. ИВАНОВ Денислав (Булғористон)
2. МАММАДОВ Тофиг (Озарбойҷон)
3. АХМАРОВ Хамзат (Русия)
3. ХУБАШВИЛИ Вано (Гурҷистон)

60 кило
1. КОГА Генки (Ҷопон)
2. МАРСЕЛИНО Михаэл (Бразилия)
3. БЕЛГАРАШВИЛИ Робинзон (Гурҷистон)
3. БОГАТИРЁВ Ахмед (Русия)

66 кило
1. ЭСПОЗИТО Ҷованни (Италия)
2. НИНИАШВИЛИ Баграти (Гурҷистон)
3. ИШИГООКА Хидеюки (Ҷопон)
3. САРИКАЯ Угур (Туркия)

73 кило
1. БАЛАМПАНАШВИЛИ Васили (Юнон)
2. ДУИНОВИЧ Никита (Латвия)
3. ЧЕРКАИ Александр (Украина)
3. СОДИҚОВ Ҷасур (Узбакистан)

81 кило
1. ПЕТЕРСИЛКА Фалк (Олмон)
2. МОРИШИГУЕ Игор (Бразилия)
3. МИЛЕТИЧ Тони (Босния и Ҳерзеговина)
3. ТӮРАБОЕВ Шерхон (Узбакистан)

90 кило
1. КАТАРИНА Симеон (Нидерланд)
2. КОТСОЕВ Зелим (Озарбойҷон)
3. САЧИЛОВИЧ Антон (Беларус)
3. САНЕБЛИДЗЕ Онис (Гурҷистон)

+90 кило
1. КАИТОВ Камол (Русия)
2. ТАСОЕВ Инал (Русия)
3. ХЕГИ Стефан (Австрия)
3. МАҶИДОВ Хуршед (Тоҷикистон)

Духтарон
40 кило

1. БОРИСОВА Олга (Русия)
2. БАААНСУРЕН Оидовчимед (Муғулистон)
3. БЕДИОУИ Оумаима (Тунис)
3. МАРИН Лидия (Руминия)

44 кило
1. БИЛОДИД Дария (Украина)
2. ПЕТИТТО София (Италия)
3. ИГАРАШИ Рико (Ҷопон)
3. СИЛВА Ҷессика (Бразилия)

48 кило
1. КЕЛДИЁРОВА Диёра (Узбакистон)
2. ВИССЕР Жориен (Нидерланд)
3. БЕДЕР Тугче (Туркия)
3. МОСДИЕ Анаис (Фаронса)

52 кило
1. ТОМИЗАВА Кана (Ҷопон)
2. ТОПОЛОВЕТС Тихеа (Хорватия)
3. КОРКМАЗ Ирем (Туркия)
3. ШРАЙНЕР Маргарита (Русия)

57 кило
1. ТАКЕДА Рюко (Ҷопон)
2. КАНЕРА Эмилия (Финляндия)
3. ДАБРОВСКА Анна (Лаҳистон)
3. ДЕЛИУ Ханна (Олмон)

63 кило
1. ВЕРМЕЕР Санни (Нидерланд)
2. САСАКИ Чие (Ҷопон)
3. КУХАРУК Ханна (Украина)
3. ОБРАДОВИЧ Аня (Сербия)

70 кило
1. ПРОДАН Карла (Хорватия)
2. БОЕМ Алина (Олмон)
3. ПЕКОВИЧ Жована (Черногория)
3. ТАИМАЗОВА Мадина (Русия)

+70 кило
1. СОНЕ Акира (Ҷопон)
2. ТОТ Фанни (Маҷористон)
3. КОНДРАШОВА Евгения (Русия)
3. СОУЗА Беатрис (Бразилия)

XS
SM
MD
LG