Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукумати Тоҷикистон маҷмааи лижаронии “Сафедорак” дар ноҳияи Варзоб – ягона пойгоҳи лижаронии кишварро бо қимати 1 миллиону 920 ҳазор сомонӣ ба фурӯш гузоштааст.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷмаа (база)-и лижаронию сайёҳии “Сафедорак” - танҳо машқгоҳи варзишҳои зимистона дар кишварро ба фурӯш гузоштааст. Ин маҷмаа феълан ба “Мактаби махсуси кӯдакону наврасон оид ба намудҳои зимистонаи варзиш”-и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ тааллуқ дорад.

Арзиши ҳадди ақали маҷмааи “Сафедорак”, воқеъ дар минтақаи Такоб, дар тақрибан 70-километрии шимоли Душанбе 1 миллиону 920 ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан 290 000 доллар муқаррар шудааст. Аммо нархи ниҳоии ин корхона, ба гуфтаи масъулони Кумитаи сармоягузорӣ, танҳо дар музояда маълум хоҳад шуд.

Бино ба эълони нашршуда дар сомонаи Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, қабули асноди хоҳишмандони ширкат дар музояда то бегоҳи 7 декабр давом хоҳад кард. Ба талабгорони харидории маҷмааи “Сафедорак” шарт гузошта шудааст, ки 350 нишондиҳанда, ё 14 000 сомонӣ ҳаққи ширкат дар музоядаро пардохт кунанд, сармояи на камтар аз 50 дарсади нархи ибтидоии маҷмааи “Сафедорак”-ро дошта бошанд ва дар муддати ду сол баъд аз харидани ин маҷмаа ҷойҳои кориро дар он зиёд кунанд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар музояда нафар ё ширкате ғолиб дониста мешавад, ки “маблағи умумии пешниҳодҳои молиявӣ ва техникии ӯ аз ҳама зиёд аст.

Роҳ ба сӯи Сафедорак. Акс аз бойгонӣ

Роҳ ба сӯи Сафедорак. Акс аз бойгонӣ

Маҷмааи лижаронию туристии “Сафедорак” ҳанӯз соли 1976 ба истифода дода шудааст. Вале аксари иншооти он дар тӯли ин қариб 40 сол кӯҳнаву фарсуда шуда, ба навсозии комил эҳтиёҷ доштанд.

Масъулони ин маҷмаа дар солҳои охир пайваста дар ҷустуҷӯи сармоягузор буданд, то ҳам бинои маъмурии бозмонда аз солҳои 70-и “Сафедорак”-ро тармим кунанд ва ҳам барои таъмини машқи бароҳати варзишгарон ва дӯстдорони лижаронӣ шароити роҳаттар фароҳам биоранд. Онҳо мегӯянд, дар Сафедорак беҳтарин шароити табиӣ барои истироҳат ва баргузории мусобиқоти варзишҳои зимистона мавҷуд аст, вале зербинои хадамотии кофӣ сохта нашудааст.

Ба ҳисоби мақомот, барои навсозии маҷмааи “Сафедорак”, аз ҷумла барои сохтани роҳҳои нави лижаронӣ ва як меҳмонхонаи муосир дар ин мавзеъ тақрибан 14 миллион доллар сармоя лозим аст.

Хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ дар Тоҷикистон бо оғози гузариши ин кишвари пасошӯравӣ аз иқтисоди планӣ ба иқтисоди бозаргонӣ дар авоили солҳои 90 оғоз ёфт. Бино ба омори расмии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, аз соли 1991 то 2013 дар ин кишвар 11 014 корхонаи хурд ва 1345 корхонаи миёна ва бузург хусусӣ карда шуданд.

Дар поёни соли 2013 ҳукумати Тоҷикистон Барномаи хусусигардонии моликияти давлатӣ барои солҳои 2014-2016-ро тасвиб кард, ки дар баробари фурӯши корхонаҳо таъсиси дастикам 59 ҷамъияти саҳомӣ дар заминаи корхонаҳои бузурги давлатиро низ дар назар дорад.

Алишер Қудратов

Алишер Қудратов

Варзишҳои зимистона, аз ҷумла лижаронӣ дар Тоҷикистон чандон маъмул нестанд ва ба ҳисоби масъулони маҷмааи “Сафедорак”, солона барои лижаронӣ ба инҷо ҳамагӣ то 3 000 нафар сар мезананд. Тоҷикистонро дар Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2014 дар Сочии Русия, барои мисол, ҳамагӣ 1 нафар – лижарон Алишер Қудратов – намояндагӣ мекард.

Дар Тоҷикистон ҳоло ба хотири ҷалби таваҷҷӯҳи бештар ба варзишҳои зимистона ҳамчунин як мактаби махсуси кӯдакону наврасон оид ба намудҳои зимистонаи варзиш таъсис додаанд, ки низ дар заминаи маҷмааи “Сафедорак” амал мекунад.

Ҳамин тавр, дар солҳои охир ин макон ба як мавзеи истироҳати фарзандони элита табдил ёфта буд. Як манбаи Озодӣ дар Кумитаи сармоягузорӣ бидуни бурдани ном гуфт, эҳтимол дорад, ки маҷмааи “Сафедорак” дар ниҳоят ба яке аз чунин сармоядорони ҷавони наздик ба элитаҳои ҳукумат фурӯхта шавад. Ӯ аз осоишгоҳи “Зумрад” мисол овард, ки ахиран ба чунин сурат аз тариқи музояда ба ширкати “Сомон Суғд” фурӯхта шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG