Пайвандҳои дастрасӣ

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз хатари нестшавии забонҳои бадахшӣ ё помирӣ ва яғнобӣ давраҳои омӯзиширо созмон доданист.

"Забонҳои бадахшӣ ва яғнобӣ ба хатари нестшавӣ рӯ ба рӯ ҳастанд," -- гуфт Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ва афзуд, ки барои наҷоти онҳо давраҳои омӯзишӣ ташкил хоҳанд кард. Шарофзода 28 июл дар як нишасти хабарӣ гуфт, он вақт сокинони кишвар ва, ҳамин тавр, хориҷиён имкони омӯзиш ва зинда нигоҳ доштани ин забонҳоро хоҳанд дошт.

Ба гуфтаи ӯ, давраҳои омӯзиши забонҳои бадахшӣ ва яғнобӣ аз 1 то 6 моҳро дар бар мегиранд ва барои хатмкунандаҳо гувоҳнома ё “сертификат” дода хоҳад шуд.

Талоши Кумитаи забон ва истилоҳот барои ҷилавгирӣ аз нестшавии забонҳои бадахшӣ ва яғнобӣ дар ҳолест, ки олимони забоншинос мегӯянд, гурӯҳи забонҳои помирӣ ва забони яғнобӣ дар Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи хоси мақомот ниёз доранд. Дар ҳоли ҳозир дар шарқи Тоҷикистон ҳафт забони эронӣ ва дар шимоли кишвар забони яғнобӣ ба гурӯҳи забонҳое дохил мешаванд, ки барои зинда мондан ба пуштибонӣ ниёз доранд.

Дар Қонуни забони давлатии Тоҷикистон таъкид шудааст, ки давлат барои ҳимоят ва ин гурӯҳи забонҳо мусоидат мекунад. Ҳудудан 200 ҳазор нафар дар Тоҷикистон бо ин забонҳои ба қавли мақомот дар ҳоли нестшавӣ ҳарф мезананд.

Коршиносон мегӯянд, таваҷҷӯҳи лозим барои ҳифзи забонҳои мазкур зоҳир намешавад ва, инчунин, талаботи қонун дар мавриди ҳимоят аз ин забонҳо то кунун иҷро нашудааст. Дар замони сиёсати бозсозии Горбачёв ва бо қабули аввалин Қонуни забони Тоҷикистон дар соли 1989, таваҷҷӯҳе ба вазъияти ин забонҳо сурат гирифт ва барномаи мухтасари таълими ин забонҳо барои кӯдакони бадахшӣ ва яғнобӣ ҳам роҳандозӣ шуд. Аммо акнун чунин барномае вуҷуд надорад.

Аҳолии Бадахшон наздик ба 250 ҳазор нафар буда, ба ақидаи забоншиносон 170 ҳазор нафари онҳо ба забонҳои помирӣ гуфтугӯ мекунанд. Забонҳои шуғнӣ, ишкошимӣ, рӯшонӣ, язғуломӣ, вахонӣ, рошарвӣ, бартангӣ, сарикӯлӣ то кунун аз ҷониби коршиносон забонҳои таҳти табъиз дониста мешаванд. Чунки ба гуфтаи коршиносон, ба ин забонҳо таълим нест, ягон барномаи радиоӣ ё телевизионӣ вуҷуд надошта, ягон газета чоп намешавад.

Аммо моҳи январи соли гузашта Радиои “Имрӯз” барои нахустин бор пахши барномаҳои худро бо забони шуғнӣ оғоз карда буд, ки ҳар рӯз тӯли се соат барои сокинони Хоруғ ва деҳоти атрофи он пахш мешуд. Ҳамзамон моҳи гузашта дар Душанбе китоби тозанашри “Даргилмодак” муаррифӣ шуд, ки намунаҳои фолклор ва адабиёти яке аз забонҳои қадимтарини помирӣ -- забони рӯшониро аз охири қарни нуздаҳум то имрӯз дар бар мегирад.

Аммо дар масъалаи омӯзиши забони яғнобӣ, аввали соли ҷорӣ пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии назди Фарҳангистони улум ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон пешниҳод кард, то дар барномаи таълимии мактабҳо дар манотиқе, ки яғнобиҳо онҷо зиндагӣ мекунанд, дарси забони яғнобӣ ворид карда шавад. ​Сайфиддин Мирзоев, мудири шӯъбаи забоншиносии ин пажӯҳишгоҳ яке аз муаллифони алифбои забони яғнобӣ аст, ки мегӯяд, он китоб барои хонандагони синфҳои ибтидоии мактабҳои миёна мебошад.

Яғноб дарае дар 150-километрии Душанбе воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Айнии вилояти Суғд аст. Дар баландкӯҳҳои ин мавзеи дурдаст ҷамъияти кӯчаке бо номи яғнобиҳо зиндагӣ мекунанд, ки забону фарҳанг ва шеваи хоси зиндагии худро доранд. Ин ҷамъияти кӯчак мероси бузурги фарҳангии Суғди қадим, як давлати тоҷикон аз 5 ҳазор сол пешро то кунун ҳифз кардааст.

Ибтидои асри 20 то барқарории ҳукумати Шӯравӣ дар ин мавзеъ дар 32 деҳ ҳудуди 4 ҳазор нафар яғнобӣ зиндагӣ мекард. Соли 1970-и асри гузашта мардуми Яғнобро аз мавзеи зисти таърихӣ ба ноҳияи Зафаробод муҳоҷир карданд. Муҳоҷирате, ки ба дунбол зиёни ҷиддие ба ин забони суғдии нав ё яке аз гуишҳои он, ки мансуб ба гурӯҳи забонҳои шарқии эронӣ ҳаст, ворид кард. Баъди чанд соли муҳоҷират гурӯҳе аз яғнобиҳо ҳиҷрати иҷборӣ ба Зафарободро чандон хуш надоштанд. Ин буд, ки гурӯҳе аз онҳо пинҳонӣ аз Зафаробод дубора ба дараи Яғноб бармегаштанд.

Бозгаште, ки хилофи сиёсати давр буд ва онро раҳбароне, ки мехостанд, дар водиҳо бо ҳиҷрати иҷбории сокинони кӯҳистон пахтакориро ривоҷ диҳанд, хуш надоштанд. Яғнобиҳои фирорӣ тавонистанд беш аз даҳ деҳаи бобоии худро дубора обод кунанд ва ҳоло дар ин дараи душворгузар ҳудуди 500 нафар забону фарҳанги таърихиеро дар баробари таҳдидҳои ҷаҳонишавӣ ҳифз мекунанд. Ин ҷамъияти кӯчак дар қалби кӯҳҳои бузурги Яғноб ягона нишоне аз фарҳанги Суғди қадим боқӣ мондаанд ва талош доранд, то забони худро дар пушти ин куҳҳои осмонбӯс ҳифз кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG