Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

YouTube навори баҳбарангези 4 толибаи тоҷикро пок кард


Акс аз навори видео гирифта шудааст.
Акс аз навори видео гирифта шудааст.

Бар пояи шикоятҳо ва нақзи муқаррароти шабакаи Ютюб навори чаҳор духтари мактабхони тоҷик "пок" шудааст.

Аз торнамои Ютюб видеоро пок кардаанд, ки дар гӯшаҳои тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси доғеро барангехт. Дар ин видео чаҳор духтар аз мактаби рақами 8-и Душанбе дида мешуд, ки сигор кашида, якдигарро мебӯсиданд ва бо алфози қабеҳ сӯҳбат мекарданд.

Танҳо мақола дар бораи ин видеоро дар торнамои Радиои Озодӣ беш аз 11 ҳазор бор хондаанд ва садҳо шарҳ ҳам навиштаанд. Дар Фейсбук низ айни чиз дида мешавад.

Ин дар ҳолест, ки модари яке аз ин чаҳор толибаи мактаби рақами ҳашти шаҳри Душанбе, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ амалкарди духтараш ва ҳамроҳони ӯро як “беақлии кӯдакона” номид. Бо вуҷуди ин, гуфт ӯ, рафтори духтараш вайро бетараф нагузошт ва ҳоло ҳамчун ҷазо духтарашро ба “ҳабси хонагӣ” гирифтааст. Ин сокини шаҳри Душанбе, ки соҳиби 5 фарзанд аст, мегӯяд, оилаи ӯ як хонаводаи обод мебошад ва фарзандонаш дар муҳит ва рӯҳияи солим ба воя расидаанд. Ба қавли ин зан, ӯ се фарзанди бузургашро соҳибмаълумот кардаасту феълан ду духтараш соҳиби оилаҳои худ мебошанд.

Аммо ӯ бисёр хост, аз ӯву духтараш ном бурда нашавад, то ба ин тартиб дар миёни ҷомеа ангуштнамо нагарданд. Ба нақли ин модар, навори видеоро ҳафт моҳ пеш яке аз ҳамроҳони духтараш сабт кардаву ҳамин тавр барқасдона онро дар Интернет паҳн намудааст. Ӯ мегӯяд, “инҳо хурд ҳастанд. Духтари аз инҳо як сол калонтар ин ҳамаро ба навор гирифта, дар интернет гузоштааст. Беақлии кӯдакона...”

Мусоҳиби мо мегӯяд, аз ин вазъияте, ки пеш омадааст, азияти равонӣ мекашад ва намедонад, чӣ гуна аз қазия берун ояд. Ба қавли ӯ, дар тарбияи фарзанд хеле ҷиддӣ муносибат менамуд, ҳар як қадами фарзандашро назорат карда, намегузошт, то ӯ вақти худро беҳуда гузаронад. Ӯ гуфт, духтараш ба ғайр аз таҳсил дар мактаб ба дарсҳои иловагии забономӯзӣ мерафт, ҳатто намозхон буд ва танҳо филмҳои тасвирӣ тамошо мекарду ба дидани барномаҳои дигари телевизионӣ ва филмҳо он қадар таваҷҷӯҳ надошт.

Ҳоло ин модар намедонад, дар тарбияи фарзанд ӯву шавҳараш, дар куҷо ба хатогӣ роҳ додаанд. Зеро ба гуфтаи мусоҳибамон, духтараш дар мактаб бо баҳои аъло мехонд ва барои таҳсили ӯ дар макотиби олӣ нақшаҳои ҷиддӣ дошт, аз ҷумла ният буд пас аз хатми мактаб духтараш ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шавад. “Агар як духтари суст мехондагӣ мебуд, аз мактаб мегирифтаму барояш ягон ҳунар ёд медодам. Ин ҳамаҷиҳата пешқадам буд, бо баҳои аъло мехонд. Акнун намедонам чӣ кор кунам”,-гуфт ӯ.

Ин модар ҳамчунин мегӯяд, ҳамсараш то ҳол аз ин қазия огаҳӣ надорад. Ва худи ӯ баъд аз ин воқеа маҷбур шуд, корро партофта, хонашин шавад. Дар ҳамин ҳол, рӯзи 12-уми декабр ба дафтари Радиои Озодӣ модарони 3 духтари дигаре, ки дар навори видеоӣ дида мешаванд, омаданд ва гуфтанд, ҳоло онҳо аз тақдири минбаъдаи духтаронашон дар ташвишанд. Чунки баъд аз паҳн шудани ин навор дар Интернет ин духтарон дар як ҳолати бади равонӣ қарор дошта, аҳли хонаводаҳо метарсанд, то духтарон ба ҷони худ қасд накунанд.

Ба гуфтаи модарони се духтари дигар ҳам, то ин дам ягон рафтору кирдори бадахлоқонаи духтаронашонро мушоҳида накарда буданд. Онҳо низ гуфтанд, ки духтаронашон дар мактаб хуб мехонанд ва ин навори паҳнгашта барояшон ғайричашмдошт буд.

Шаби нуҳуми декабр дар торнамоҳои Ютюб ва Фейсбук ду навори ба ҳам монанди чаҳор духтари мактабхон пайдо шуд, ки онҳо бо якдигар алфози қабеҳ гуфта, якдигарро мебӯсанд, сигор мекашанд ва қисме аз тани худро намоиш медиҳанд. Онҳо гоҳе бо забони тоҷикӣ ва гоҳе ҳам ба русӣ сӯҳбат мекунанд.

Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ин навор хеле пештар сабт шуда, тоза ба саҳифаҳои Интернет роҳ ёфтааст. Дар ҳоле ки ба қавли масъулони ин ниҳод, онҳо духтарони дар наворбударо шиносоӣ ва онҳоро аз мактаб ихроҷ кардаанд. Cоҳибназар Сафаров, муовини мудири Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, дар шарҳи ин қазия гуфт, “агар хонандае, ки дар зинаи сеюми таҳсилот мехонад,вале рафтору кирдораш хилофи ҳама гуна қоидаҳои талабагӣ бошад, бо қарори шӯрои омӯзгорон метавонанд, аз мактаб хориҷ кунанд. Хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намешавад, чунки Тоҷикистон маълумоти асосиро ҳатмӣ медонад, то синфи нуҳ. Бо он хел рафтор, дар онҷо чӣ қадар намояндагони миллати мо мехонанд, мо арзишҳои худамонро дорем, ба хотири 2-3 нафар ҳамаи ҳамин арзишҳоро аз даст диҳем? Мактабро вайрон кунем, ҷомеаро вайрон кунем, ин миллатро чӣ кор кунем?”

Ҳамчунин, бинобар гуфтаи ҷаноби Сафаров, дар пайи ин қазия модарони ин толибилмон аз болои мактаб ба суд (додгоҳ) шикоят бурдаанд, вале худи модарон гуфтанд, ки онҳо ҳеҷ даъвое накардаанд, вале дар ин воқеа мактабро бештар гунаҳкор меҳисобанд. Зеро ба гуфтаашон дар мактаб назорат суст ба роҳ монда шудааст ва на ҳамаи дарсҳо дар вақташ гузаронида мешавад.

Тӯли як ҳафта мешавад, ки мактаби рақами ҳаштро роҳбари нав идора мекунад ва директори пешин аз вазифааш барканор шудааст. Вале Соҳибназар Сафаров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ӯ мувофиқи аттестатсияи Вазорати маорифи Тоҷикистон нагузаштааст, барои ҳамин озод шуд.”

Дар ҳамин ҳол, ҷомеашиносони тоҷик ихроҷи духтарон аз мактабро роҳи ҳалли ин қазия намедонанд, балки аз кормандони маориф даъват доранд, ки ба ин масъала амиқтар назар афканда, роҳи мусбат ва безарарро ҷӯё шаванд. Ҷомеашинос Файзалӣ Шукур гуфт, “дар даврони Шӯравӣ судҳои рафиқона буд. Агар ин духтарон ҳам як бор муҳокима шаванд, падару модаронашон, худи духтарҳо ба як хулоса меоянд. Коллектив ба як хулоса меояд, ин худ мешавад барои атрофиён як сабақ. Имрӯз он духтарон 10-11-ум мехонанд, ҳоло хоманд. Мустақилият чист намедонанд, обрӯ чист намедонанд. Фаҳмондан даркор, ки ту аъмоли нодуруст кардӣ ва як умр ин доғ ба ту мемонад. Онҳоро баръакс аз мактаб дур кардан лозим нест.”

Бо ин ҳол, ин навори видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук вокунишҳои асосан манфӣ ва шадидлаҳнеро ба миён овард. Бисёриҳо дар ин баҳсҳо рӯи қонун дар бораи масъулияти волидайн барои таълиму тарбияи фарзандон таъкид кардаанд, ки барои “корҳои ғайриахлоқӣ”-и фарзандони ноболиғ ба волидон “ҷазо” муқаррар мекунад. Вале тавре ба мо маълум шуд, ин волидон аз сӯи мақомот барои амалкарди безеби духтаронашон ҳамагӣ чиҳил сомонӣ ҷарима шудаанд.
XS
SM
MD
LG