Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мадина мегӯяд, умед дошт, ки "Зебосанами Иттиҳод" мешавад


Madina Olimshoeva, Tajik representative on USSR beauty
Madina Olimshoeva, Tajik representative on USSR beauty

Мадина Олимшоева, зебосанами зодаи Бадахшон, ки дар озмуни Зебосанами Иттиҳод дар Русия пирӯз шуд, мегӯяд, бовар дошт, ки дар ин озмун ғолиб меояд, ҳарчанд дар саҳна ҳаракатҳояш бе камиву костӣ набуд.

Мадина Олимшоева розӣ шуд бо Радиои Озодӣ аз тариқи шабакаи иҷтимоии В Контакте сӯҳбати кӯтоҳе анҷом диҳад.

Радиои Озодӣ: Фикр мекардед, ки дар ин озмун дар байни 15 намоянда аз кишварҳои шӯравии собиқ шумо пирӯз мешавед?

Мадина Олимшоева: “Ростӣ, ман фикр мекардам, умед доштам ва интизор будам, ки дар озмун пирӯз мешавам. Дар миёни ҳамаи ширкаткунандагон ман заъифтарин набудам ва дар саҳна худро хуб нигаҳ медоштам, ҳарчанд на ҳамаи корҳояш хуб пеш мерафт. Ҳамаи духтарон шоиста буданд ва ман бо ҳамаи онҳо дӯст шудам. Ман бахусус бовар доштам, ки Эллада аз Озарбойҷон, Серина аз Арманистон, Алина аз Ҷумҳурии Молдова ва Мая аз Гурҷистон пирӯз мегаванд. Мо ҳар чаҳор нафари худро мисли филми “Чаҳоргонаи Ҳайратангез” меномидем, бахусус Мая ва Сарвиноз аз Гурҷистонро ҳам мехостам зикр кунам."

Радиои Озодӣ: Вақт эълон карданд, ки Мадина Олимшоева дар озмуни Зебосанами Иттиҳод пирӯз шуд, шумо чӣ эҳсосе доштед?

Мадина Олимшоева: “Ин эҳсосро бо сухан баён карда наметавонам. Вақте ду нафар монд, ман аз Тоҷикистон ва намояндаи Туркманистон ва Ҷаҳона аз Туркманистон, ҷойи дуввумро гирифт, ман фаҳмидам, ки пирӯз шудам. Дар ҳамин лаҳза, гурӯҳи тарафдорони ман дар толор аз ҷояшон бархоста ва номи маро фарёд мезаданд. Ин як лаҳзаи фаромӯшношуданӣ буд ва ман намехостам, ки ин лаҳза ба поён бирасад.
http://vk.com/video93636960_166851768?hd=3&t=
Радиои Озодӣ: Бешак ҳоло бадзабонҳо хоҳанд гуфт, ки кадом як духтари тоҷик дар озмуни Зебосанами Иттиҳод ғолиб омад, ҳарчанд шоиста набуд ва ину он. Посухи шумо ба ингуна одамон чӣ ҳаст?

Мадина Олимшоева: “Ҳасад баред, вале оромона ва ҳасадатонро ошкор накунед. “(механдад)

Радиои Озодӣ: Ширкат кардан дар озмуни Зебосанами Иттиҳод, қарори худатон буд, ё тавсияи касе?

Мадина Олимшоева: “Ман дар бораи ин озмун соли гузашта хабардор шудам ва Гулноз, духтари помирии дигарро дастгирӣ мекардам, ки Тоҷикистонро намояндагӣ кард ва дар номинатсияи Маликаи Аққалиятҳо ҷойи аввалро гирифт. Баъдан ӯ ба ман пешниҳод кард, ки дар озмуни соли 2013 ширкат кунам ва ман бо хурсандӣ пазируфтам. Дар марҳилаи интихобӣ ширкат кардам ва маро зуд қабул карданд."

Радиои Озодӣ: Чанд сол боз дар шаҳри Санкт Петербург ҳастед ва ба чӣ кор машғулед?

Мадина Олимшоева: “Нӯҳ сол боз аст, ки дар шаҳри Санкт Петербург бо хонаводаамон зиндагӣ мекунем. Мо баъди солҳои 2000-ум баъди онки нерӯҳои марзбонии Русия Тоҷикистонро тарк карданд, ба шаҳри Санкт Петербург кӯч бастем. Ман дар ҳаминҷо мактабро хатм кардам ва дар соҳаи туризм таҳсили олӣ дорам."

Радиои Озодӣ: Бори охир кай дар Тоҷикистон будед?

Мадина Олимшоева: “Бори охир ҳамин тобистон ба Помир рафтам, ба назди бибиҳои азизам. Мо бо хонаводаамон саъй мекунем, ҳар тобистон ба хона ба Помир равем, зеро ватан ватан аст, ҳар гуна ки набошад, инсонро ба худ мекашад. “

Радиои Озодӣ: Хуб, унвони Зебосанами Иттиҳодро соҳиб шудед, акнун дар оянда чӣ кор мекунед?

Мадина Олимшоева: “Суоли сахт аст. Аз як тараф мехоҳам, мисли ҳамаи занҳои оддӣ хушбахт шавам, шавҳар кунам, фарзанд дошта бошам, вале аз сӯи дигар мехоҳам, карйера бисозам. Мутаасифона, кор дар соҳаи намоиши зебоӣ доимӣ нест ва шояд зиндагиамро ба ин соҳа вобаста нахоҳам кард. Вале агар барои аксбардорӣ даъват кунанд, шояд бо майли том розӣ шавам, зеро аз ин кор инсон бисёр лаззат мебарад. “

Мадина Олимшоева, як зебосанами зодаи Тоҷикистон рӯзи 6 декабр дар озмуни Зебосанами Иттиҳод, ки бори дуввум аст дар шаҳри Санкт Петербурги Русия баргузор мешавад, пирӯз омад. Дар ин озмун, ки дар он сокинони 15 кишвари шӯравии собиқ аз тариқи Интернет раъй доданд, намояндагон аз ҳамаи ин кишварҳо ширкат доштанд. Озмун бо мусоидати шаҳрдории Санкт Петербург сурат гирифт. Яке аз шартҳои озмун ин буд, ки духтарон дар либоси қаҳрамонҳои филмҳои шӯравии собиқ ба саҳна ҳозир шаванд, ва Мадина Олимшоева дар либоси шоҳзодахонум Будур аз филми “Чароғи сеҳрноки Аловуддин ба саҳна омад. Дар намоиши рақс, Мадина Олимшоева, рақси миллии тоҷикӣ ва аз мардуми ҷануби Тоҷикистонро иҷро кард.
XS
SM
MD
LG