Пайвандҳои дастрасӣ

Танфурӯшӣ ба ҷои кор. 8 моҳ "муҳоҷирати маҷбурӣ" дар Туркия


Ду сокини ноҳияи Турсунзода барои аз роҳи фиреб ба Туркия бурдан ва фурӯхтани як духтари 19-сола муттаҳам мешаванд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Нодира ва Шоира Тошеваҳо, сокинони ноҳияи Турсунзода, хабар дод, ки “барои харидуфурӯши одамон” муттаҳам мешаванд.

Масъулони ин ниҳоди қудратӣ рӯзи 28 феврал гуфтанд, Тошеваҳо моҳи апрели соли гузашта Ю.Ш. - як духтари нуздаҳсоларо аз Шаҳринав бо роҳи фиреб ба Истанбул бурда, сипас, ба танфурӯшӣ маҷбур кардаанд.

“Муайян карда шуд, онҳо бо маслиҳати пешакӣ моҳи апрели соли 2014, бо роҳи фиреб шаҳрванд Ю.Ш. соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Шаҳринавро ба шаҳри Истанбули Туркия бурда, барои фаъолияти фоҳишагарӣ ба зани номаълум бо номи “Фарида”, миллаташ озар, бо мақсади ба даст овардани маблағи пулӣ истифода намудаанд”,-омадааст дар хабари расмии Вазорати умури дохилӣ.

Дар идома гуфта шудааст, Ю.Ш. аз моҳи апрел то декабри соли 2014 дар Истанбул иҷборан танфурӯшӣ кардааст. Маъмурони пулис мегӯянд, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.

Ин бори аввал нест, ки сокинони кишвар ба ҷурми ҷалби занону духтарони тоҷик ба танфурӯшӣ дар Туркия ва кишварҳои арабӣ ба боздошт мешаванд. Чанде пештар дар шабакаи Интернет навори видеоие ҳам нашр шуд, ки дар он гурӯҳи ҷавонони тоҷик зани зоҳиран миёнасолро ба танфурӯшӣ ва қочоқи духтарони тоҷик ба кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла ба Туркия ва Имороти Муттаҳидаи Араб айбдор карда, ҳамчун муҷозот мӯи сарашро бо қайчӣ метарошанд.

Дар навори тақрибан якунимдақиқаӣ дида мешавад, ҳарчанд ҳеҷ кадоми онҳо чеҳраҳояшонро намоён намекунанд, вале ин ҷавонони “қозӣ” чанд нафаранд ва вақте як нафари онҳо бо қайчӣ мӯи сари ин занро метарошад, дигарон бо нидоҳои баланд бо забони тоҷикӣ хитоб ба ин зан мегӯянд, ки “акнун як майда намуд мегирӣ!”

Иштибоҳи сервер

Воооҳ, тавре мебинед, ин чизе нест, ки мебоист ба Шумо нишон медодем!

ин тор ба бахши фаннӣ фиристода мешавад ва фавран баррасӣ мегардад. Бахшиш мепурсем.

Лутфан тугмаи Ҷустуҷӯро барои пайдо кардани ин мавод пахш кунед

“Сартарош” баъд аз анҷоми тарошидани мӯи сари ин зан аз вай мепурсад, ки “Бас кардӣ?” Ва зан ҳам, ки бо тоҷикӣ сӯҳбат мекунад, гирён посух медиҳад: “Бас кардам.”

Инҷо ҷавони дуюм ба “истинтоқ” ҳамроҳ мешавад ва сабаби чунин муҷозоти худсаронаи ин занро шарҳ медиҳад: “Барои он ки мардумро фиреб накунеду набаред ва нафурӯшед дар Туркияву Дубай. Аз пушти духтарони мардум зиндагиатонро пеш набаред.”

Тобистони соли гузашта Вазорати умури хориҷии Амрико бо нашри гузориши худ дар бораи қочоқи инсон гуфт, мардони тоҷик дар сохтмонҳои Русия истисмор мешаванд ва занону кӯдаконро низ дар кишварҳои арабӣ, Русия, Қазоқистон ва Афғонистон ва дар дохили худи кишвар ба танфурӯшӣ маҷбур мекунанд. Занони тоҷикро умдатан аз тариқи Русия, Қирғизистон ва Озарбойҷон ба хориҷ барои танфурӯшӣ мебаранд.

Умдатан он заноне осебпазир ҳастанд, ки расман аз шавҳари худ ҷудо шудаанд ва ё шавҳаронашон ба Русия рафта онҳоро танҳо гузоштаанд. Дар ин гузориш омадааст, заноне, ки дар Тоҷикистон танфурӯшӣ мекунанд, мавриди истисмори ҷинсӣ қарор мегиранд. Азбаски танфурӯшӣ дар Тоҷикистон ғайриқонунӣ аст, давлати кишвар барои коҳиши тақозо ба танфурӯшӣ, баъзе аз мардонеро, ки аз хидмати ин духтарон истифода мебаранд, ҷазо додааст.

Давлати Амрико барои маҳви қочоқи инсон аз Тоҷикистон ба ҳукумат тавсия додааст, меъёрҳои мушахасси ташхиси қурбониёни қочоқи инсонро таҳия кунад, ба онҳое, ки аз истисмору сӯистифода ранҷ кашидаанд, кумак расонад ва кори ниҳодҳои муборизакунанда бо қоҷоқи инсонро беҳтар ҳамоҳанг созад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG