Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аслов пас аз Маскаву Теҳрон ба Риёз рафт


Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ омодагии худро барои тавсеаи бештари ҳамкориҳо дар заминаҳои мухталиф эълон карданд. ​

Дар мулоқоти Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва шоҳзода Сауд ал-Файсал, вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ, ки рӯзи 31-уми март дар шаҳри Риёз баргузор шуд, равобити ин ду кишвари исломӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Ба иттилои вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ҷонибҳо омодагӣ ва рағбати худро ба таҳким ва тавсеаи бештари муносибатҳои дуҷониба дар заминаҳои гуногун баён кардаанд. Манбаъ мегӯяд, миёни ду ҷониб Ёддошти тафоҳум дар бораи ройзаниҳои дуҷонибаи сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ба имзо расидааст.

Арабистони Саудӣ - яке аз умдатарин кишварҳои узви Созмони конфронси исломӣ (СКИ) мебошад, ки соли 1992 истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф намуда, соли 2010 намояндагии дипломатии худро дар Тоҷикистон ифтитоҳ намудааст. Бунёди Саудии Рушд яке аз муассисаҳои молиявии ин кишвар аст, ки дар амалӣ намудани бархе лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар Тоҷикистон мушаххасан дар сохтмони роҳҳо ва мактабу беморхонаҳо фаолият мекунад.

Созиши содироти нирӯи корӣ ба Арабистони Саудӣ соли 2010 дар ҷараёни сафари Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ ҳосил шуда буд.

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин рӯзи 30-юми март дар қароргоҳи Бонки рушди исломӣ дар шаҳри Ҷидда бо Раиси Бонки мазкур Аҳмад Муҳаммад Алӣ низ дидор намудааст. Дар мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо Аҳмад Муҳаммад Алӣ омодагии худро ба амалишавии тарҳои муҳими зербиноӣ таъкид намудаанд. Бонки исломӣ саҳми Тоҷикистон дар густариши ҳамкориҳои кишварҳои узви ин бонкро мусбат арзёбӣ намудааст. Зимнан, иҷлоси 38-уми Шӯрои мудирони Бонки рушди исломӣ моҳи майи соли гузашта дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шуда буд.

Бонки исломии рушд аз соли 1973 ба ин сӯ барои ҷорӣ кардани низоми бонкдории исломӣ мекӯшад ва бино ба иттилои раҳбаронаш, маблағи оинномавиаш аз 2 миллиарди ибтидоӣ ба 150 миллиард доллар расидааст ва намунаи барҷастаи бонкдории исломӣ шумурда мешавад.Тоҷикистон аз соли 1996 узви Бонки исломии рушд аст ва то имрӯз бо кӯмакҳои молии ин ниҳод 23 созишномаро бо маблағи 200 миллион доллари ин бонк амалӣ кардааст.

Дар доираи ин сафар, вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ҳамчунин бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Иёд ибн Амин ал-Маданӣ низ мулоқот кардааст. Сироҷиддин Аслов ва Иёд ибн Амин ал-Маданӣ ҳамкории Тоҷикистон ва ин созмон, ҳамчунин масъалаҳои дигари байналмилалии мавриди эҳтимоми ҳар ду ҷонибро баҳс намудаанд. Дабири кулли ин созмон хостори таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар асоси Барномаи амал шудааст.

Тоҷикистон ки дар соли 1992 ба узвияти СҲИ пайвастааст, дар чанд соли ахир тавонистааст, бо муҳимтарин кишварҳои аъзои ин созмон, ба хусус кишварҳои арабӣ равобиту ҳамкориҳоеро ба роҳ монад.

Сафари вазири умури хориҷии Тоҷикистон аз пойтахти Арабистони Саудӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки ахиран ӯ ба Русия ва Эрон низ сафарҳои расмӣ анҷом дода буд.
XS
SM
MD
LG