Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

«Истиқлол»-и Тоҷикистон 15 апрел дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бар «Ал-Қодсия»-и Кувайт бо ҳисоби 2-0 ғалаба кард.

Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони феълии Тоҷикистон, дар даври чоруми сабқати интихобии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) дар гурӯҳи “С” шоми чоршанбеи 15 апрел дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бошгоҳи «Ал-Қодсия», қаҳрамони бисёркаратаи Кувайт ва барандаи феълии Ҷоми AFC-ро бо ҳисоби 2-0 шикаст дод. Ин бозӣ бо ҳузури 15 000 тамошобин хеле пуршиддату шавқангез сурат гирифт.

Сардовари ин бозӣ Пратап Сингх (Ҳиндустон) барои дар ҷаримагоҳи меҳмонон афтондани капитани “Истиқлол” Дилшод Восиев ҷаримаи ёздаҳметра таъин кард. Тӯбро нимҳимоятгар Нуриддин Давронов аз пеналтӣ дар дақиқаи 53-юм ба ҳадаф расонд.

Баъди даҳ дақиқа голи дувуми “Истиқлол”-ро ҳамлагар Манучеҳр Ҷалилов зад. Вай тӯби ба ӯ ҳавододаи Дилшод Восиевро аз масофаи наздик ба тӯри дарвозаи кувайтиҳо равон кард.

Ҳайати дастаҳо дар ин бозӣ чунин буд:

"Истиқлол" (Тоҷикистон): 1. Никола Стошич. 2. Сиёвуш Асроров. 8. Нуриддин Давронов. 9. Хуршед Маҳмудов (39.Парвиз Умарбоев, 77). 11. Ҷаҳонгир Ҷалилов. 15. Петро Ковалчук. 17. Дилшод Восиев (7.Умедҷон Шарифов, 87). 18.Фатҳулло Фатҳуллоев (4.Эраҷ Раҷабов, 89). 19. Аҳтам Назаров. 22. Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ. 63. Манучеҳр Ҷалилов.

Сармураббӣ: Мубин Эргашев.

"Ал-Қодсия" (Кувайт): 23. Абдулраҳмон Ал-Фадҳлӣ. 3. Аҳмад Ал-Зефирӣ. 5. Султон Ал-Энезӣ (55.Редҳа Абдулҷаббор, 76). 7. Ҳамад Амон (29. Абдуллоҳ Ал-Батер, 62). 9.Файсал Ал-Азимӣ (15.Сауд Ал-Меҷмед, 80). 11. Фаҳд Ал-Иброҳим. 18. Амир Ал-Фадл. 31. ДаниэлСуботич. 35. Сауд Ал-Ансорӣ. 37. Рашид Сумайла. 60. Муҳаммад Ал-Наср.

Сармураббӣ: Рашид Ал-Бедайҳ.

Дар нишасти матбуотӣ, ки пас аз ин бозӣ баргузор шуд, Рашид Ал-Бедайҳ, сармураббии «Ал-Қодсия», ба хабарнигорон гуфт, “дар қисми аввал бозӣ тақрибан баробар буд. Тӯб бештар дар нимаи майдон ҳаракат мекард. Ҳарду даста барои голзанӣ талоши зиёд карданд, вале дар нимаи аввал муваффақ нашуданд. Мо бояд аз ҳуҷумҳои ҷавобӣ пурсамар истифода мекардем, вале ин тавр нашуд. Дар қисми дувум соҳибони майдон маҳорати хуб нишон дода, тавонистанд аз ҳуҷумҳои ҷавобӣ пурсамар истифода кунанд ва голи дувумро ба дарвозаи дастаи мо заданд. Ин футбол аст. Дастаи пурқувват пирӯз мешавад. Имрӯз “Истиқлол” ҳамаҷониба пурзӯр буд ва ғолиб омад ”.

Мубин Эргашев, сармураббии «Истиқлол», дар ин нишаст чунин иброз дошт: “Имрӯз бозӣ хеле зебо, пурмазмун ва шавқовар гузашт. Аз номи даста ба мухлисонамон барои дастгириашон изҳори сипос мекунам. Дар бошгоҳи мо бозигароне ҷамъ омадаанд, ки қодиранд вазифаҳои мушаххасро бо сарбаландӣ ба ҷо оранд. Мо ба ин бозӣ хуб омодагӣ дидем ва бачаҳо иродаи қавӣ нишон дода, дар интиҳо ба натиҷаи мусбат ноил шуданд”.

Дар бозии дигари даври чоруми сабқати гурӯҳи “С” шаби чоршанбеи 15-уми апрел «Эрбил»-и Ироқ дар майдони худ аз «Аҳал»-и Туркманистон бо ҳисоби 2-3 шикаст хӯрд.

Баъди натиҷагирии чор даври сабқати интихобӣ дар гурӯҳи “С” “Истиқлол”ва“Ал-Қодсия” бо 7-имтиёзӣ пшсафанд. “Истиқлол” (таносуби тӯбҳояш - 7-6) дар ҷойи якум ва “Ал-Қодсия” (5-4) дар ҷои дувум қарор доранд. “Аҳал” бо 6 имтиёз дар ҷои севум ва “Эрбил” бо 3 имтиёз дар ҷои чоруманд.

Ҷоми АФК-2015. Гурӯҳи "С"

Даври 1-ум

25 феврал (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Эрбил» (Ироқ) – 1:3

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Аҳал» (Туркманистон) - 2:0

Даври 2-юм

11 март (чоршанбе)

«Аҳал» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) - 1-2

«Эрбил» (Ироқ) – «Ал-Қодсия» (Кувайт) - 0-1

Даври 3-юм

18 март (чоршанбе)

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) - 2-2

«Аҳал» (Туркманистон) – «Эрбил» (Ироқ) -2-1

Даври 4-ум

15 апрел (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Қодсия» (Кувайт)-2-0

«Эрбил» (Ироқ) – «Аҳал» (Туркманистон) -2-3

Даври 5-ум

29 апрел (чоршанбе)

«Эрбил» (Ироқ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Аҳал» (Туркманистон) – «Ал-Қодсия» (Кувайт)

Даври 6-ум

13 май (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Аҳал» (Туркманистон)

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Эрбил» (Ироқ)

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG