Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусовии “Регар” бо “Хайр” ва «Хуҷанд» бо «Вахш»


Ду бозии даври ҳафтуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи шанбе, 18-уми май барпо гардид.

Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бозиро дар майдони худ бо тими “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби 0-0 анҷом дод.

Бозии “Хуҷанд”-и Хуҷанд бо тими меҳмон - “Вахш”-и Қӯрғонтеппа низ бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол ба охир расид.


Вале бозии ССКА “Помир”-и Душанбе бо “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Румӣ баргузор нашуд. Бар асоси низомномаи мусобиқот дастаи меҳмон - “Панҷшер”, ки ба ин бозӣ ҳозир нагашт, бо ҳисобии техникии 0-3 мағлуб ва дастаи мизбон – ССКА «Помир» бо ҳисобии техникии 3-0 ғолиб дониста шуд.


Ёдовар мешавем, ки даври ҳафтуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон рӯзи 17-уми май бо бозӣ миёни дастаҳои лигаи олӣ - «Истаравшан»-и Истаравшан ва «Равшан»-и Кӯлоб шурӯъ шуд.

Ин бозӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан бо ҳузури 7000 тамошогар барпо гардид, бо пирӯзии дастаи меҳмон - “Равшан” бо ҳисоби 3:1 хотима ёфт.

Соломон Течи, легионери африқоии “Равшан”аз Гана, дар нимаи аввали бозӣ, дар дақиқаи 28-ум ҳисобро боз кард. Ду голи дигари меҳмононро дар нимаи дувуми дидор Нуъмонҷон Ҳакимов дар дақиқаи 57-ум ва Бахтиёр Ҳасанов дар дақиқаи 74-ум ба ҳадаф расонданд. Як голи мизбононро Ғайрат Абдураззоқов, легионери узбакистонии «Истаравшан», дар дақиқаи 90+2 зад.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқот дастаҳои “Истиқлол”и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб, ки дар ҳамаи 5 бозӣ ғалаба кардаанд, бо 15-имтиёзӣ пешсафанд. Бо назардошти таносуби беҳтари тӯбҳо “Истиқлол” дар ҷойи аввал ва “Равшан”дар ҷойи дувум қарор доранд. Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, ки як бозӣ бештар кардааст, бо 13 имтиёз дар ҷойи севум мебошад.

Бозии охирини даври ҳафтум байни дастаҳои “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Истиқлол”-и Душанбе рӯзи якшанбе, 19-уми май дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир хоҳад шуд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 7-ум
17-уми май, ҷумъа.
«ИСТАРАВШАН» (Истаравшан) - «РАВШАН» (Кӯлоб) – 1-3. Голҳо: Соломон Течи , 28 (1:0), Нуъмонҷон Ҳакимов, 57 (2:0), Бахтиёр Ҳасанов, 74 (3:0), Ғайрат Абдураззоқов, 90+2 (3:1). Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ. 7000 тамошогар.

18-уми май, шанбе.
«РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода) - «ХАЙР» (Ваҳдат) – 0-0. Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).
Турсунзода, варзишгоҳи “Металлург”.

«ХУҶАНД» (Хуҷанд) - «ВАХШ» (Қӯрғонтеппа) - 0-0. Хуҷанд. Сардовар: Комилҷон Қурбонов (Турсунзода).
Хуҷанд, варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”.


ССКА «ПОМИР» (Душанбе) - «ПАНҶШЕР» (Ҷалолиддини Румӣ) - 3-0 (техникӣ).

19-уми май, якшанбе. Оғози бозӣ – соати 17.00
«ПАРВОЗ» (Бобоҷон Ғафуров) - «ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе). Сардовар: Парвиз Муртазоев (Душанбе).
Бобоҷон Ғафуров, варзишгоҳи “Фурудгоҳ”.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа


Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Истиқлол» (Душанбе) 5 5 0 0 18-4 15
2. «Равшан» (Кӯлоб) 5 5 0 0 11-2 15
3. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 6 4 1 1 11-7 13
4. «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 6 3 1 2 5-6 10
5. «Хайр» (Ваҳдат) 5 2 2 1 6-5 8
6. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 6 2 2 2 5-4 8
7. ССКА «Помир» (Душанбе) 6 1 3 2 4-3 6
8. «Энергетик» (Душанбе) 6 1 2 3 4-7 5
9. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 7 1 2 4 3-8 5
10. «Истаравшан» (Истаравшан) 6 0 2 4 3-10 2
11. «Панҷшер» (Румӣ) 6 0 1 5 5-19 1

Голзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев («Истиқлол») – 6 тӯб, Комил Саидов («Регар-ТадАЗ»), Юҷин Сепуйя («Истиқлол»), Нуъмонҷон Ҳакимов (“Равшан”) – 3-тӯбӣ.
XS
SM
MD
LG