Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷозоти футболбозони ҷангара ва доварони "беинсоф"


Имрӯз, 7-уми ноябр, дар ҷаласаи кумитаи назорату интизоми Федератсиони футболи Тоҷикистон ҳаводиси нохуш дар ҷараёни бозиҳои мусобиқаи қаҳрамонии кишвар баррасӣ ва гунаҳкорон муҷозот шуданд.

Кумитаи назорату интизоми Федератсиони футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар ҷаласае, ки рӯзи ҷумъа баргузор кард, ҳаводиси нохуши бозиҳои мусобиқаи қаҳрамонии кишварро баррасӣ ва гунаҳкоронро муҷозот намуд.

Чунонки дафтари матбуоти ФФТ хабар додааст, футболбозоне, ки дар ҷараёни бозии даври 16-уми мусобиқаи лигаи олӣ миёни дастаҳои «Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан) ва «Хуҷанд» (Хуҷанд) рӯзи 1-уми ноябр нисбати рақибонашон бадахлоқӣ карда, кодекси интизоми ФФТ-ро вайрон намудаанд, чунин ҷазо гирифтанд: бозигарони «Далерон-Ӯротеппа»Аъзам Ҳусейнов ва Абдураҳмон Қурбонов, бозигари «Хуҷанд» Соҳиб Ҳакимов ҳар кадом аз 2 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 1000 сомонӣ ҷарима карда шуданд.

Инчунин дар бозии «Вахш» (Қӯрғонтеппа) - «Равшан» (Кӯлоб) рӯзи 1-уми ноябр бозигари «Равшан» Тоҳири Баҳром барои шатта задани рақибаш аз 3 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 1000 сомонӣ ҷарима андохта шуд. Дар бозии «Хайр» (Ваҳдат) - «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) рӯзи 31-уми октябр бозигари «Парвоз» Ишмаел Клотей низ барои рафтори ношоиста нисбати рақибаш аз 3 бозӣ маҳрум гардид.

Ба ҷуз футболбозон, доварон низ муҷозот шуданд. Сардовари бозии дастаҳои «Далерон-Ӯротеппа» - «Хуҷанд» (1:0) Парвиз Муртазоеви душанбегӣ ва ёвараш Сафармаҳмад Шоймардонов аз ноҳияи Хуросон, ки аз ҷониби комиссиюни машваратии доварону нозирон ва шӯъбаи доварони ФФТ баҳои ғайриқаноатбахш гирифтанд, то охири мавсими имсола аз ҳаққи доварӣ маҳрум ва муҷозоти молӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG