Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин ҷашнвораи синамои тоҷик дар пойтахти Бритониё 14 август шурӯъ шуда, панҷ рӯз идома меёбад.

Ҷашнвора бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Бритониё ва созмони «Пайванд» дар бинои Китобхонаи марказии Кенсингтон мегузарад.

Носир Саидов, раиси студияи «Тоҷикфилм», ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо ахиран ҳашт филмро бо субтитрҳои инглисӣ таъмин карда, ба Лондон фиристоданд. Ба гуфтаи ӯ, тайи панҷ рӯз тамошобинон ҳам филмҳои классикӣ ё замони шӯравӣ ва ҳам филмҳои таҳиягарони муосирро тамошо хоҳанд кард. Аз филмҳои пешин «Лайлӣ ва Маҷнун», «Рустам ва Сӯҳроб», «Тақдири шоир», «Ишқи аввали Хоҷа Насриддин» ва «Достони Сиёвуш» интихоб шудаанд. Синамои муосири тоҷикро филмҳои «Ситораҳои сари танӯр»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ, «Братан»-и Бахтиёр Худойназаров ва «Қиёми рӯз»-и Носир Саидов муаррифӣ хоҳанд кард. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки барои муаррифии ин филмҳо гурӯҳе аз ҳунармандони тоҷик ба Лондон хоҳад рафт ё на.

Носир Саидов ҳамчунин гуфт, банду басти филми наваш «Оинаи беҷило» бояд ба зудӣ анҷом ёбад, зеро ахиран аз шаҳри Пусани Кореяи Ҷанубӣ нома гирифт, ки дар чаҳорчӯби ҷашнвораи синамо дар ин шаҳр нахустнамоишии ҷаҳонии филм баргузор мешавад. Ҷашнвораи байналмилалии синамо дар Пусан, ки бузургтарин ҷашнвора дар қораи Осиё маҳсуб мешавад, моҳи октябри соли равон баргузор хоҳад шуд. Чанд сол пеш дигар филми Носир Саидов “Қиёми рӯз” дар ин ҷашнвораи яке аз ҷоизаҳои асосиро соҳиб шуда буд.

Нахустнамоиши филми “Ойинаи беҷило” дар шаҳри Душанбе рӯзи 2 сентябр баргузор мегардад.

“Ойинаи беҷило” аз рӯи филмномаи Бахтиёр Каримов дар жанри драмаи психологӣ офарида шудааст ва дар он нақшҳои асосиро ҳунармандони маъруф Муҳаммадалӣ Маҳмадов ва Моҳпайкар Ёрова бозидаанд. Барои иҷрои ду нақши асосии дигар таҳиягар ҳунармандони ғайриҳирфаиро ҷалб кардааст. Зимнан, бори аввал филми студияи «Тоҷикфилм» тавассути дастгоҳи ALEXA-и ширкати ARRI, яке аз беҳтарин дастгоҳҳои филмбардории муосир, ба навор гирифта шудааст. Ин дастгоҳ, ки филмҳои Ҳолливуду Боливуд бо он навор бардошта мешаванд, соли гузашта аз сӯи ин студия бо қимати 200 ҳазор евро харида шуда буд.

Носир Саидов баъд аз таҳияи филми «Қиёми рӯз» маъруф шуд. Ин филм, ки сенарияашро Сафари Ҳақдод навиштааст, соҳиби чандин ҷоиза дар ҷашнвораҳои байналмилалии синамо дар Ҳиндустон, Русия, Корея, Австрия, Эрон, Ҷопон ва дигар кишварҳо гардид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG