Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангҷӯи тоҷик дар Кӯфоби Дарвоз худро ба дарё андохтааст


Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, дар бораи боздошт ва кушта шудани ду шаҳрванди кишвар дар даргириҳои вулусволии Кӯфоби Бадахшони Афғонистон, ки бо Дарвози Тоҷикистон ҳаммарз аст, маълумоте дар ихтиёр надоранд.

Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон рӯзи 14 июл хабар дод, ки нерӯҳои амниятии он кишвар чаҳор узви гурӯҳи "Толибон", аз ҷумла як шаҳрванди Тоҷикистонро дар вулусволии Кӯфоби вилояти Бадахшон дастгир карданд.

Мақомоти амниятӣ аз шаҳрванди Тоҷикистон Шайх Муҳаммад Исо ном бурдаанд, ки узви гурӯҳи Мавлавӣ Ғуломуллоҳ, вулусволи номниҳоди "Толибон" дар минтақаи Кӯфи Дарвози Бадахшон будааст. Дар ин хабари Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон ҳамчунин гуфта мешавад, як нафари дигар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки Салмон ном доштааст, ба хотири дастгир нашудан худро ба дарё андохта ва кушта шудааст.

Бар гуфтаи масъулини амниятии Афғонистон, аз ин афрод автомати Калашников, як дастгоҳи PGS, ки аз он бештар дар масоили истихборотӣ кор гирифта мешавад, мусодира шуд.

Аммо Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 14 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "дар бораи дастгир ва кушта шудани ду нафаре, ки шаҳрванди Тоҷикистон гуфта шуданд, ба мо ягон маълумот ва ё дархост ворид нашудааст. Бинобар ҳамин, айни замон дар ин робита чизе гуфта наметавонем."

Улуғхоҷаев афзуд, ки дар сурати пайдо шудани маълумот дар бораи ин афрод, онро дар ихтиёри расонаҳо хоҳанд гузошт.

Постгоҳи марзбонӣ дар сарҳади байни Тоҷикистон ва Афғонистон
Постгоҳи марзбонӣ дар сарҳади байни Тоҷикистон ва Афғонистон

Сухангӯи Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ дар робита ба вазъи марзи давлатӣ бо Афғонистон дар пасманзари даргириҳо дар вулусволиҳои Роғистон ва Кӯфоби ҳаммарз бо Тоҷикистон гуфт, ки то ба ҳол ба марзи кишвар таҳдиде нашудааст ва талошҳои убури сарҳад ҳам сурат нагирифтааст.

Хабари боздошт ва куштани шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар вулусволи Кӯфоби Бадахшон дар ҳолест, ки рӯзи гузашта Раёсати амнияти миллии Афғонистон аз боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон дар вилояти шарқии Нангарҳор хабар дод ва гуфт, ки онҳо қасди пайвастан ба гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро доштанд.

Тайи моҳҳои ахир аз ҷангиёни тоҷик дар Сурияву Ироқ камтар хабар ба гӯш мерасад ва ҳоло расонаҳо асосан аз ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷангҳои Афғонистон хабар пахш мекунанд.

Зоҳири Давлат, коршиноси тоҷик дар посух ба ин суол, ки чӣ омилҳое метавонад ҷавонони тоҷикро ба Афғонистон бибарад, гуфт, "вақте ҷавонони содда ба доми фиребу найранги доираҳои манфиатдор меафтанд, онҳоро дар ҳама ҷо ба "бозӣ" медароранд. Замоне, ки "бозӣ"-и онҳо дар Ховари Миёна камранг мешавад, онҳоро ба ҷойи "бозӣ"-и ҷадид мебаранд. Хулоса, "бозича"-ҳоро ба ҳар харидоре, ки бозори гарм дошта бошад, мефурӯшанд. Ҳоло мебинем, ки роҳи "Шом" баста мешаваду дари "Хуросон" ба рӯяшон боз мегардад. Ба назари инҷониб, ононе, ки фиреб хӯрдаанд, ҷабҳаи нав намеҷӯянд, балки ба ҷабҳаи ҷадид оварда мешаванд."

Зоҳири Давлат, коршиноси тоҷик.
Зоҳири Давлат, коршиноси тоҷик.

Ба назари ин коршиноси тоҷик, "натиҷаи фиреб хӯрдани онҳо танҳо нобуд шудан дар арсаи задухӯрду кашмакашҳост. Бидуни дарку шинохти дуруст аз авзои ҷаҳон, ба гурӯҳҳое мепайванданд, ки бо ҳеҷ тарафе сари оштӣ надоранд, мисли ДОИШУ Толибону Ал-Қоида, ки ҳатто номашон ба нооромиву хушунату бераҳмӣ рақам мехӯрад..."

Давоми як соли ахир ин бори дуввум аст, ки толибон дар Дарвоз аз ҳузури худ хабар медиҳанд ва бо нерӯҳои давлатии афғон даргир мешаванд. Дар моҳи августи соли гузашта низ дар Кӯфоб миёни нерӯҳои давлатӣ ва толибони маҳаллӣ даргирӣ сурат гирифта буд.

Вилояти Бадахшон, ки дар чанд соли гузашта аз амнтарин минтақаҳои Афғонистон ба шумор мерафт, ҳоло ба майдони фаъолияти густурдаи ҷунбиши "Толибон" табдил шудааст,

XS
SM
MD
LG