Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Равшан" ҳамагӣ бо 15 бозигар ба Урдун меравад


Имшаб тими футболи "Равшан" ба шаҳри Аммон, пойтахти кишвари Урдун сафар мекунад, вале ба далели мушкилоти молӣ бо худ танҳо 15 футболбозро мебарад.

Масъулони дафтари матбуотии дастаи "Равшан" рӯзи душанбеи 31-уми март дар сӯҳбат бо радиои "Озодӣ" гуфтанд, ки бинобар мушкилоти молӣ ва тарк кардани чанд тан аз футболбозони ҳайати асосии даста, танҳо 19 нафар барои ширкат дар бозиҳои ҷоми АФК ба шоҳигарии Урдун сафар мекунанд.

Ба гуфтаи ин масъулон дар ҳайат ҳамагӣ 15 футболбоз, ду мураббӣ, менеҷери даста ва тарҷумон шомиланд ва бозӣ бо дастаи «Зат-Рас»-и Урдун чоршанбеи 2-юми апрел сурат мегирад. Ба ин тартиб Ҷовидон Бобоев, сухангӯи тими "Равшан", табиб ва маҳсгари даста дар ҳайати тим дар сафар ба Урдун нахоҳанд буд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи масъулони тими "Равшан", даста барои бозӣ дар Урдун омодагӣ ва тамринот анҷом надодааст. Танҳо дар ин миён 5 тан аз футболбозони дастаи «Равшан» дар бозии дӯстона миёни тими миллии Тоҷикистон ва мунтахаби легионерҳо бозӣ кардаанд. Дар ин бозӣ аз дастаи миллии Тоҷикистон, дарвозабон - Рустам Ризоев, нимҳимоятгарон - Ҳасан Рустамов ва Бахтиёр Ҳасанов ва ҷониби мунтахаби легионерҳои Тоҷикистон, ҳимоятгар - Содиқ Мусо ва ҳамлагар - Саламон Течи ширкат карданд.

Дар ҳамин ҳол як манбаъ дигар аз дастаи «Равшан» ба «Озодӣ» иттилоъ дод, ки эҳтимол аз ин ҳайат се нафари дигар бо сабаби пардохт нашудани маблағи зарурӣ барои будубош ва чиптаи ҳавопаймо ба Урдун сафар накунанд ва мумкин аст, ҳайати "Равшан" -ро 16 нафар намояндагӣ кунад.

Бозӣ байни дастаҳои «Равшан» - Кӯлоб ва «Зат-Рас»-и Урдун шоми 2 - апрел дар шаҳри Аммон баргузор мешавад ва интизор меравад, ки ин бозӣ тариқи шабакаи beIN Sport 10 ва сомонаҳои www.beinsports.tv ё www.en.beinsports.net мустақиман пахш гардад.

Хисрав Умаров, як мухлиси дастаи «Равшан» зимни сӯҳбат ба радиои "Озодӣ" иброз дошт, ки мухлисон мисли бозиҳои пешин шоми 2-апрел ҳатман дар як гӯшаи шаҳр ҷамъ мешаванд ва барои муваффақияти даста мухлисӣ хоҳанд кард. Хисрав мегӯяд, ҳарчанд аз камбуди молӣ ва тарк кардани футболбозони асосии даста дарак доранд, вале барои комёбии даста бо дӯстон ҷамъ мешаванд ва ҳатман бозии "Равшан" -ро тамошо мекунанд.
XS
SM
MD
LG