Пайвандҳои дастрасӣ

Сафири Тоҷикистон масъалаи раҳоии Гулрухсор Рофиеваро дар Яман бо вазирони хориҷа ва дохилаи ин кишвари арабӣ дар миён гузоштааст. Ин парастори тоҷик аз 29 октябр дар асорат қарор дорад.

Ардашер Қодирӣ, сафири Тоҷикистон дар Қатар бо супориши вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар як мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Яман Абдулло Ал-Соидӣ масъалаи раҳоии парастори тоҷик Гулрухсор Рофиеваро матраҳ кардааст.

Дафтари матбуоти вазорати хориҷаи Тоҷикистон рӯзи 8 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ин мулоқот рӯзи 7 январ баргузор шудааст ва Ардашер Қодирӣ дархости вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Асловро барои ҷустани тадобири бештар аз тарафи мақомоти Яман ба Ал-Соидӣ расондааст.

Тавре вазорати хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, ҷониби Яман дар мулоқот бо сафири тоҷик таъкид кардааст, ки мавзӯи раҳоии шаҳрванди Тоҷикистон дар авлавият қарор дорад ва пайгирии роҳҳои раҳоии ӯ аз дасти гаравгонгирон идома дорад.

Ба дунболи ин мулоқот сафири Тоҷикистон бо вазири корҳои дохилии Яман Ҷамол Рувайшон низ дидор анҷом дода, масъалаи ҳарчӣ зудтар раҳо кардани Гулрухсор Рофиеваро дар ин мулоқот низ таъкид кардааст. Ҷамол Рувайшон иброз доштааст, ки масъаларо таҳти назорати худ қарор дода, талош хоҳад кард дар фурсати кӯтоҳтарин ба натиҷае даст ёбанд.

Ду моҳи охири соли 2014 сокинони Тоҷикистонро сарнавишти ҳамшираи тиб Гулрухсор Рофиева, ки ба асорати як қабилаи яманӣ афтодааст, ба худ кашидааст. Гулрухсор Рофиева, сокини 36-солаи шаҳри Панҷакент, ки дар шӯъбаи занонаи шифохонаи низомии шаҳри Маъриби Яман кор мекард, рӯзи 29 октябри соли равон дар яке аз маҳаллаҳои ин шаҳр замоне рабуда шуд, ки нақлиёти бемористонро, ки он рӯз андаке таъхир кардааст, интизор нашуда, пиёда сӯи коргоҳаш равон шуд. Ӯ аз тариқи як ширкати Русия барои кор дар Яман истихдом шуда буд.

Тибқи маълумоти вазорати корҳои дохилии Яман, шаҳрванди Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ рабуда нашудааст. Ҷониби Яман итминон додааст, ки мақомоти амниятии кишвараш раванди гуфтушунидҳоро комилан зери назорат гирифтаанд ва бехатарии шаҳрванди Тоҷикистонро дар мадди аввал қарор додаанд. Сарчашмаҳои расмии Яман дар қазияи мазкур номи се бародарро аз қабилаи Оли Убайдаи минтақаи Маъриби Яман мебаранд, ки қаблан ҳам дар қазияҳои одамрабоӣ ва талаби мол бар ивази онҳо даст доштаанд.

Бо вуҷуди ваъдаҳои озод шудани ходими тиб аз асорат, ҳукумати Яман то ҳол натавонистааст ба раҳоии ин хонуми тоҷик муваффақ шавад. Ҳамчунин маълум нест, ки ҳадаф аз рабуда шудани ин ходими тиб чист ва чаро то ҳол ҳеҷ шарту шурути мушаххасе аз ҷониби рабояндагон пеш гузошта нашудааст?

Бино ба ҳисобҳо, дар Яман тақрибан 70 табиб аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Бо аҳли хонаводаҳояшон шумори ҷамъияти тоҷикон дар Яман ба тақрибан 200 нафар мерасад.

Дар гузашта низ ду даафъа – як бор дар соли 2007 ва бори дуюм дар соли 2011 – табибони тоҷик аз сӯи гурӯҳҳои одамрабо дар Яман рабуда шуданд. Дар ҳарду маврид гаравгонгирон дар ивази озодии табибон пул ва аз зиндонҳои Яман озод кардани ҳамқабилаҳои худро талаб гузошта буданд ва гаравгонҳои тоҷик баъди муддате бар асоси муомилаи давлат бо ин гурӯҳҳо ба озодӣ расиданд. Вале он ду қазияи қаблӣ ин қадар тӯл накашида буд, ки асорати Гулрухсор Рофиева.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG