Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти интизомии Русия се шаҳрванди Тоҷикистонро бо 150 килограм ҳероин боздошт карданд, ки онро дар дохили харбузаҳо ҷой карда ва то ба Маскав расонидаанд.

Пулиси вилояти Маскав дар як амалиёти муштарак бо кормандони ниҳоди зидди маводи мухаддир дар ин минтақа, шаҳрвандони Тоҷикистонро бо 150 кило маводи мухаддири "ҳероин" дастгир кардааст.

Ба иттилои телеканали “МИР 24”, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки “соҳиби бор” гуфта мешаванд, ин миқдор ҳероинро дар автомошинаи навъи “Газел” аз Тоҷикистон ба ин шаҳр дар дохили харбузаҳо ва қуттиҳо ҷой карда ва расонидаанд. Мақомоти Маскав гуфтаанд, барои дастгир кардани соҳибони ин бор чанд ҳафта онҳоро таъқиб кардаанд.

Ба гуфтаи мақомоти пулиси вилояти Маскав, азбаски ҳероин дар дохили харбузаҳои махсус, ки буйи хуш доранд, ҷой карда шуда буд, пайдо кардани он барои сагҳои бӯйгир то ҷое монеа эҷод кардааст.

Автомашинаи “Газел” дар вилояти Маскав дар як хонаи хусусӣ ҳангоми берун кардани борҳо, аз тарафи кормандони мақомот дастгир шудааст ва дар ин маҳал 3 шаҳрванди Тоҷикистон боздошт гардидаанд. Аммо то ҳол ному насаби ин шаҳрвандони Тоҷикистон гуфта нашудааст.

Ин бори аввал нест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон барои қочоқи маводи мухаддир дар ин кишвар боздошт мешаванд. Тоҷикистон, ки бо Афғонистон марзи муштарак дорад, яке аз масирҳои интиқоли маводи мухаддир ба Русия ва Аврупо ба шумор меравад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG