Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин шаҳрванди 51-солаи Тоҷикистонро эъдом кард


Акси Ҳасан Юсуфов
Акси Ҳасан Юсуфов

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки тамоми талошҳо барои тағйири ҳукми қатли Ҳасан Юсуфов дар Урумчии Чин бенатиҷа буда, эъдоми ӯ субҳи рӯзи панҷшанбе сурат гирифтааст.

Хонаводаи Ҳасан Юсуфов, сокини 51-солаи Душанбе, то лаҳзаи охирини иҷрои ҳукми қатлаш дар Чин умед доштанд, ки ӯ эъдом намешавад. Аммо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 28 январ гуфт, ки бо вуҷуди талоши онҳо мақомоти Чин дар Урумчӣ ҳукми қатли ин шаҳрванди тоҷикро ба иҷро даровардаанд.

Вафо Ниятбеков - муовини сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷӣ ба Озодӣ гуфт, қабл аз иҷрои ҳукми қатл масъулони сафорати Тоҷикистон дар Чин бо Ҳасан Юсуфов мулоқот кардаанд. Юсуфов дар лаҳзаҳои охирини зиндагиаш хостааст, ки ҷасади ӯро ба Тоҷикистон баранд ва аз пайвандонаш узр хостааст. Ниятбеков мегӯяд, ки ҳоло барои овардани ҷасади Ҳасан Юсуфов сафорат бо ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистону Чин гуфтугӯ дорад.

Баҳодур Юсуфов
Баҳодур Юсуфов

Наздикони Ҳасан Юсуфовро хабари иҷро шудани ҳукми қатлаш мотамзада кардааст. Баҳодур Юсуфов - бародари Ҳасан ҳоло бештар аз ҳама аз он афсӯс мехӯрад, ки натавонистааст дар лаҳзаҳои охирин бародарашро бубинад.

“Ба хона омада ва гуфтанд, ки рӯзи 28-ум ҳукми қатлаш иҷро мешавад. Виза кардем, билет ёфтем, парвоз кардем, вале ҳавопаймои мо гашта омад. Пагоҳаш ба мо гуфтанд, ки алакай дер шуд, дида наметавонед, хубтараш ҷасадро интизор шавед,” -- мегӯяд Баҳодур.

Муқаддас Шодиева, хоҳари Ҳасан Юсуфов гуфт, дар бораи ҳукми қатли бародараш дар моҳи сентябри соли гузашта огоҳ шудааст. Ӯ гуфт, “дар радио шунидам, ки 11 тоҷикистонӣ дар Чин ҳукми эъдом гирифтаанд. Баъд ба додситонӣ муроҷиат кардам, ки фаҳмам дар он исми бародарам ҳаст, ё не. Ҷавоб омад, ки номаш ҳаст, вале санаи қатлаш маълум нест.”

Шодиева мегӯяд, чандин бор ба мақомоти Тоҷикистон муроҷиат кардаанд, то бародарашро аз боздоштгоҳи Чин ба Тоҷикистон биёранд, вале посухи мусбат нагирифтаанд. “Модарам 83-солаанд ва чизе дар бораи ин писарашон намедонанд. Мо ба модарамон дар бораи қазияи ӯ чизе нагуфтаем,” - -афзуд ӯ.

Ҳасан Юсуфов, соҳибкори тоҷик, панҷ сол пеш дар Урумчӣ бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дастгир шуда буд. Наздиконаш ба далели мушкили молӣ дар ин панҷ сол натавонистаанд боре бо ӯ тамос бигиранд ва мулоқот кунанд. Онҳо ҳатто намедонанд, ки Ҳасан дар кадом зиндон нигаҳдорӣ мешуд ва чӣ тавр боздошт шудааст.

Муқаддас Шодиева
Муқаддас Шодиева

Хабари боздошти ӯро 5 соли пеш як зани тоҷик телефонӣ ба хонаводааш расонда, дар иваз аз онҳо пули калон талаб кардааст. Баъдан хабари боздошти ӯро мақомот низ тасдиқ кардаанд. Муқаддас Шодиева мегӯяд, аммо боздошти бародараш бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ҳанӯз барояшон боварнакарданист. “Ягон бор бо чунин кор машғул набуданд. Дар оилаи мо аслан ин хел гапҳо набуд. Мо бо нони ҳалол зиндагиро пеш мебурдем ва фикр мекунем ӯ ба доми фиреб афтодааст. Ба мо гуфта буданд бо 3 кило боздошт шудааст,” – гуфт хоҳари Ҳасан Юсуфов.

Ҳасан Юсуфов падари ду фарзанд дар Тоҷикистон ошпаз буд ва солҳои 2008 барои беҳбуд бахшидани зиндагӣ ба Чин рафт. Ӯ дар ошхонаҳои он кишвар ошпазӣ мекард ва ҳамзамон ба тиҷорат машғул буд. Наздиконаш мегӯянд, аслан бовар надоранд, ки Ҳасан ба ҷиноят даст задааст.

Хоҳари Ҳасан Юсуфов: Модарам аз эъдоми бародарам хабар надорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:28 0:00

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир 16 шаҳрвандиТоҷикистон дар зиндонҳои Чин ва 3 шаҳрванди Чин дар зиндонҳои Тоҷикистон адои ҷазо мекунанд. Созишномаи табдили зиндониён дар байни Тоҷикистону Чин соли 2015 ба тасвиб расид. Қонунгузории Чин дар мавриди қочоқбарони маводи мухаддир ҷазоҳои хеле шадид, бо шумули ҳукми қатлро пешбинӣ мекунанд. Ба ҷуз аз Ҳасан Юсуфов, боз 3 шаҳрванди дигари Тоҷикистон, аз ҷумла як зан дар Чин бо айни ҷурми қочоқи маводи мухаддир ҳукми қатл гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG