Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон дар Украина бо иттиҳоми узвият дар созмони террористӣ дастгир шудааст. Ҳоло масъалаи истирдоди ӯ ба Душанбе баррасӣ мешавад.

Хадамоти давлатии марзбонии Украина боздошти як шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистонро , ки ба узвият дар созмони террористӣ муттаҳам мешавад, тасдиқ кард. Андрей Демченко, сухангӯи Хадамоти марзбонии Украина рӯзи 13 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ин шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи 11 август ҳангоми тафтиши аснод дар хатти марзи фурудгоҳи байналмилалии Бориспол дар канори Киев, пойтахти Украина дастгир шудааст.

Андрей Демченко гуфт, ин шаҳрванди тоҷик аз Туркия ба Украина меомад, вале ҳангоми тафтиши санадҳояш маълум шуд, ки ӯ таҳти ҷустуҷӯи Интерпол қарор доштааст. Андрей Демченко афзуд, хадамоти марзбонӣ ин нафари дастгиршударо ба пулиси миллии Украина месупоранд ва пулис мавзӯи истирдоди ӯ ба Тоҷикистонро баррасӣ мекунад.

Мақомоти Украина аммо аз нашри номи ин боздоштшуда худдорӣ мекунанд ва мегӯянд, бар асоси қонун дар бораи маълумоти шахсӣ, ифшои маълумот дар бораи афроди гумонбар дар Украина мамнӯъ мебошад. Андрей Демченко аз посух ба ин суол ки ин ҷавони тоҷик ба узвият дар кадом гурӯҳи террористӣ гумон мешавад?, низ худдорӣ кард.

Чунин ба назар мерасад, ки аз масири Украина дар ин авохир онҳоe, ки дар пайи танг шудани вазъи созмони тундрави “Давлати исломӣ” ва гурӯҳҳои дигари ифротӣ аз Сурияву Ироқ тавассути Туркия баргаштанианд, низ истифода мебаранд.

Рӯзи 5 август марзбонони Украина дар фурудгоҳи Лвов як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки бо парвози Истамбул – Лвов омада буд, иҷозаи вуруд ба қаламрави Украина надоданд. Дар хабари расмии Хадамоти марзбонии Украина гуфта мешуд, ки ҳангоми тафтиши асноди мусофирон маълум шуд, ки бино ба маълумоти мақомоти амниятии ин кишвар, ин шаҳрванди тоҷик ба гумони ғолиб ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” мансуб буда, аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон таҳти ҷустуҷӯ қарор дорад. Сергей Мелнук, раҳбари Хадамоти марзбонии минтақаи Лвов гуфт, ин нафарро бо парвози баргашт ба Туркия бармегардонанд.

Ҳамин тавр, дар моҳи июни соли ҷорӣ ду шаҳрванди дигари Тоҷикистонро дар фурудгоҳи Харкови Украина дастгир карданд. Гуфта мешуд, ки онҳо аз тариқи парвози Истамбул –Харков омаданд, вале ҳангоми тафтиши шиносномаҳояшон маълум шуд, ки ҳарду ҳамчун узви эҳтимолии созмони “Давлати исломӣ” аз тариқи Интерпол таҳти ҷустуҷӯ қарор доранд. Матбуоти Украина аз қавли манобеи худ дар ниҳодҳои амниятӣ навишт, ки ин ду нафар дар Ховари Миёна роҳу шеваҳои сохтани бомб ва корбурди бомб бо истифода аз телефонҳои дастӣ барои анҷоми таркишҳои сарироҳиро омӯхтаанд. Сомонаи Vlasti.net" бо такя ба манобеи худ дар Хадамоти амнияти Украина ҳатто навишт, ки "боздоштшудагон эътироф кардаанд, ки қасди роҳандозии инқилоби исломӣ дар Тоҷикистонро доштанд."

"Давлати исломӣ" як гурӯҳи тундравест, ки дар соли 2014 қисмати бузурге аз қаламрави Сурия ва Ироқро тасарруф карда, дар ин манотиқ аз таъсиси “Хилофати исломӣ” хабар дод. Ин гурӯҳ бо қатли бераҳмонаи асирон ва мухолифонаш, аз ҷумла, зинда ба зинда гӯрондан ва сӯзондан ва қатлҳои дастҷамъӣ ном баровардааст.

Ширкати ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои бегона, аз ҷумла, дар Сурияву Ироқ ва Афғонистони ҳамсоя солҳои ахир як мояи ҷиддии нигаронии мақомоти Душанбе боқӣ мемонад. Мақомоти Тоҷикистон дар бораи ба сафи “Давлати исломӣ” ва гурӯҳҳои дигари ҷангҷӯ дар Сурияву Ироқ пайвастани ҳудуди 1100 шаҳрванди тоҷик ва ҳалокати то 300 нафари онҳо дар ҷангҳои Ховари Миёна сӯҳбат мекунанд ва ин тамоюлро барои амнияти кишвар таҳдидзо мешуморанд.

Душанбе барои онҳое, ки ихтиёран аз Сурияву Ироқ бармегарданд ва худро ба мақомот таслим мекунанд, пешниҳоди афв карда, ҳамчунин рӯйхати онҳоеро, ки узвияташон дар “Давлати исломӣ” ва гурӯҳҳои дигари тундрав ва ширкаташон дар ҷангҳои Сурияву Ироқ тасдиқ шудааст, барои таъқиб ба Интерпол супурдааст. Ҳамин тавр, соли 2015 дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон банди вижаи 401 (“зархаридӣ” )изофа карда шуд, ки барои ширкат дар ҷангҳо дар кишварҳои хориҷӣ ҳамчун ҷазо аз 5 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

"Моддаи 401. Зархаридӣ

1) Ҷалб, таълим, маблағгузорӣ ё таъминоти дигари моддии зархаридон, инчунин истифодаи онҳо дар задухўрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ, ­

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдоре, ки шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ ё нисбати ноболиғ содир намудааст,‐

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳафт то понздаҳ сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад.

3) Иштироки зархарид дар задухўрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ,‐

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Шахсе зархарид эътироф карда мешавад, ки махсус ҷалб гардида, бо мақсади гирифтани подоши моддӣ амал мекунад, шаҳрванди давлате намебошад, ки дар задухўрдҳои муссалоҳона ё амалиёти ҷангӣ иштирок мекунад, дар ҳудуди он сукунати доимӣ надорад, ба ҳайати шахсии қувваҳои мусаллаҳи давлате, ки дар ҳолати ҷанг қарор дорад, шомил намебошад ва барои иҷрои вазифаҳои расмӣ дар ҳайати қувваҳои мусаллаҳ аз ҷониби давлати дигар фиристода нашудааст."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG