Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Тоҷикистон бар Чин дар қаҳрамонии Осиё (U-19)


Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар бозии дувумаш дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё миёни бозигарони синашон то 19-сола дастаи Чинро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.

Ин бозии даври дувуми гурӯҳи “D” шаби 18-уми октябр дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Манамаи Баҳрайн барпо гардид. Ҳисоби бозӣ дар дақиқаи севуми дидор боз шуд. Тӯбро Эҳсони Панҷшанбе ба ҳадаф расонд. Голи дувуми мунтахаби Тоҷикистонро Нуриддин Ҳамроқулов дар дақиқаи 65-ум бо зарбаи сар ба дарвозаи мунтахаби Чин ворид кард.

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар бозӣ муқобили Чин чунин буд: Беҳрӯз Хайриев, Доробҷон Эргашев, Табрези Давлатмир, Кароматулло Саидов (капитан), Муҳаммадҷони Ҳасан (Далер Ёдгоров, 64), Мӯҳсинҷон Парпиев, Нуриддин Ҳамроқулов (Амирҷон Сафаров, 83), Ваҳдат Ҳанонов, Зоир Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе (Ҳоҷибой Зиёев, 82), Азимҷон Раҳмонов.​

Сардовари ин бозӣ Ҷамил Ҷумъа Абдулҳусайн Муҳаммад аз Баҳрайн ба се бозигари мунтахаби Чин корти зард нишон дод, аммо ягон бозигари дастаи Тоҷикистон огоҳӣ нагирифтааст.

Дар бозии дигари даври дувуми гурӯҳи “D”, ки шаби 18-уми октябр дар варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»-и шаҳри Манамаи Баҳрайн баргузор шуд, мунтахаби Узбакистон бар тими Австралия бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар аввалин бозиаш дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё миёни бозигарони синашон то 19-сола аз тими Узбакистон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрда буд. Ин бозии даври аввали гурӯҳи “D” рӯзи 15 октябр дар варзишгоҳи "Халифа Спорт Сити"-и шаҳри Манамаи Баҳрайн баргузор шуд.

Ҳисоби ин бозиро Кароматулло Саидов, капитани дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, дар дақиқаи бистуми дидор боз кард. Дар нимаи дувуми бозӣ мунтахаби Узбакистон ба дарвозаи дастаи Тоҷикистон ду гол зада, бозиро ба фоидаи худ анҷом дод. Саидҷамол Давлатҷонов дар дақиқаи 67-ум ҳисобро баробар намуд. Голи дувум ва ҳалкунандаро Ҷасурбек Яхшибоев дар дақиқаи 72-юм ба ҳадаф расонд.

Баъди натиҷагирии бозиҳои ду даври мусобиқа дар гурӯҳи “D” мунтахаби Узбакистон бо шаш имтиёз дар ҷойи аввал аст. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Австралия сеимтиёзӣ гирифтаанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо Тоҷикистон (3-2) нисбат ба Австралия (3-3) як зина боло – дар ҷойи дувум қарор дорад. Австралия мақоми севумро касб кардааст. Чин бидуни имтиёз ва таносуби тӯбҳояш 0-3 дар зинаи охирин – чаҳорум – ҷойгир шудааст.

Ҳамин тариқ, мунтахаби Узбакистон сарфи назар аз натиҷаи бозии охиринаш бо Чин пешакӣ ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Австралия барои роҳхати дувум мубориза мебаранд.

Бозии ниҳоии сабқати гурӯҳиро мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббии даста Виталий Левченко рӯзи ҷумъаи 21-уми октябр дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Манамаи Баҳрайн бо дастаи Австралия анҷом медиҳад. Ин бозӣ соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (21:30 — ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад. Дар мавриди роҳ ёфтан ба даври чаҳорякниҳоӣ мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «С» — Қатар, Ҷопон, Яман ё Эрон - рақобат мекунад.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2016 дар Баҳрайн 16 даста, ки ба чаҳор гурӯҳ тақсим шудааст, барои медалҳо мубориза мебарад. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ меёбанд.

Бояд гуфт, ки дастаҳо дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷавонони Осиё-2016 дар Баҳрайн барои чаҳор роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон-2017 дар Кореяи Ҷанубӣ мубориза мебаранд. Агар дар Манама Кореяи Ҷанубӣ ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёбад, он гоҳ дастае, ки дар қаҳрамонии Осиё-2016 ҷойи панҷумро мегирад, соҳиби роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон-2017 мешавад.

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё миёни дастаҳои мунтахаби зери 19-сола рӯзи 13 октябр дар Баҳрайн шурӯъ шуд ва то 30 октябр идома хоҳад дошт.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2016 байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола

Гурӯҳи «А»: Баҳрайн, Тайланд, Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ.

Гурӯҳи «В»: Кореяи Шимолӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Ироқ, Ветнам.

Гурӯҳи «С»: Қатар, Ҷопон, Яман, Эрон.

Гурӯҳи «D»: Узбакистон, Чин, Австралия, Тоҷикистон.

Тақвими бозиҳо

Даври 1-ум
13 октябр (панҷшанбе)

1. Баҳрайн – Арабистони Саудӣ – 3:2. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»
2. Тайланд – Кореяи Ҷанубӣ – 1:3. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

14 октябр (ҷумъа)
3. Кореяи Шимолӣ – Ветнам – 1:2. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»
4. ИМА – Ироқ – 0:1. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»
5. Қатар – Эрон – 1:1. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн
6. Ҷопон – Яман - 3:0. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

15 октябр (шанбе)
7. Узбакистон – Тоҷикистон – 2:1. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

8. Чин – Австралия - 0:1. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

Даври 2-юм

16 октябр (якшанбе)

9. Арабистони Саудӣ – Тайланд – 4:0. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

10. Кореяи Ҷанубӣ – Баҳрайн – 2:1. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

17 октябр (душанбе)

11. Ветнам – ИМА – 1:1. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

12. Ироқ – Кореяи Шимолӣ – 4:0. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

13. Эрон – Ҷопон – 0:0. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

14. Яман – Қатар – 0:1. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

18 октябр (сешанбе)

15. Тоҷикистон– Чин – 2:0. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

16. Австралия – Узбакистон – 2:3. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

Даври 3-юм

19 октябр (чоршанбе)

17. Баҳрайн – Тайланд. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

18. Кореяи Ҷанубӣ – Арабистони Саудӣ. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

20 октябр (панҷшанбе)

19. Кореяи Шимолӣ – ИМА. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

20. Ироқ – Ветнам. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

21. Қатар – Ҷопон. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

22. Яман – Эрон. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

21 октябр (ҷумъа)

23. Узбакистон – Чин. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

24. Австралия – Тоҷикистон. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

Бозиҳои чорякниҳоӣ

23 октябр (якшанбе)

25. 1 «А» – 2 «В». Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

26. 1 «В» – 2 «А». Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

24 октябр (душанбе)

27. 1 «С» – 2 «D». Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

28. 1 «D»– 2 «С». Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

27 октябр (панҷшанбе)

*Плей-офф 1 – Мағлубшудаи 25 – Мағлубшудаи 27. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

*Плей-офф 2 – Мағлубшудаи 26 – Мағлубшудаи 28. Варзишгоҳи миллииБаҳрайн

Бозиҳои ниманиҳоӣ

29. Ғолиби 25 – Ғолиби 27. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

30. Ғолиби 26 – Ғолиби 28. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

30 октябр (якшанбе)

*Плей-офф 3 – Ғолиби плей-офф 1 – Ғолиби 2. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

Бозии ниҳоӣ

31. Ғолиби 29 – Ғолиби 30. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

* Бозиҳои плей-офф дар мавриде баргузор мешаванд, ки агар Кореяи Ҷанубӣба даври ниманиҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё роҳ ёбад. Дар ин мавридғолиби плей-офф-3 ба қаҳрамонии ҷаҳон-2017, ки дар Кореяи Ҷанубӣ доирмешавад, роҳхат мегирад.

XS
SM
MD
LG