Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду медали муштзанҳои тоҷик дар Минск


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии бокс дар Минск ду медал ба даст оварданд.

Муштзанҳоои тоҷик дар мусобиқаи XIV байналмилалии бокс ба хотираи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Виктор Ливенсев, ки аз 2 то 5 феврал дар Қасри варзиши пойтахти Беларус – Минск – баргузор шуд, бо ду медал (як нуқра ва як биринҷӣ) мукофотонида шуданд.

Ораз Авзалшоев дар рақобатҳо дар вазни зери 56 килограмм, ки дар даври ниманиҳоӣ бар Билол Миҳамдӣ аз Тунис пирӯз шуд, ба финал баромад. Вале Ораз дар қувваозмоии ниҳоӣ, ки шаби ҷумъаи 5 феврал баргузор шуд, аз Дмитрий Асанов (Беларус) мағлуб гашт ва бо медали нуқра сарфароз гашт.

Муштзани дигари тоҷик Анвар Юнусов дар ин мусобиқаи байналмилалӣ дар вазни то 60 килограмм дар даври аввал бар Карен Тонаканян (Арманистон) ғолиб омад. Рақиби дувумаш Вазген Сафарянс (Беларус) ба иллати латхӯрӣ аз сабқат даст кашид. Вале Анвар, ки дар даври ниманиҳоӣ аз Егор Қурбонов (Беларус) шикаст хӯрд, бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Дар се вазн муштзанҳои Беларус Дмитрий Асанов (56 кг), Павел Костромин (69 кг) ва Андрей Михайлов (75 кг) ғолиб омаданд. Инчунин Дидор Утилбоев (60 кг, Қазоқистон), Мигел Торрес-Феррен (64 кг, Эквадор), Карлос-Андрес Мин-Кайседо (Эквадор, 81 кг), Рустам Тулаганов (91 кг, Узбакистон) ва дигарон ҷойҳои аввалро азони худ карданд.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки барои бори чордаҳум доир шуд, беш аз 100 варзишгар аз 17 кишвар ширкат кард.

Мирзо Шамсиев, сармураббии дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон, рӯзи 6 феврал дар суҳбат бо “Озодӣ” гуфт, “муштзанҳои тоҷик ба мусобиқоти литсензионӣ барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия, ки аз 23 март то 3 апрел дар шаҳри Киняни Чин барпо мегардад, омодагӣ мегиранд.”

XS
SM
MD
LG