Пайвандҳои дастрасӣ

Қарзи бонкӣ тоҷири тоҷикро дар хонаи худаш иҷоранишин кард. Таҷрибаи Абубакр Азизхоҷаев ягона нест ва садҳо оила мисли ӯ бинобар саривақт пардохт накардани қарзи бонкҳо аз манзилҳояшон маҳрум шуданд.

Абубакр Азизхоҷаев, мудири ширкати “Дурнамо”, барои равнақ додани кори ширкаташ аз яке аз бонкҳои Тоҷикистон 100 ҳазор доллар қарз гирифт ва дар иваз манзили зисташро ба гарав монд. Аммо дар ин миён кори ширкат омад накард ва бо ҳамин ягона хонааш аз даст рафт.

Абубакр ҳоло дар ҳамин хона, ки моли банк ба шумор меравад, иҷоранишин аст. Абубакр мегӯяд, қарз ҳам ба осонӣ ба даст омад ва иддао мекунад, ки кормандони бонк барои додани пул аз ришваи зиёд гирифтаанд.

“Аз ин сад ҳазор 8 ҳазор долларашро як корманди бонк ҳамчун “шапка” гирифт. Боз 48 ҳазорашро як корманди дигари бонк, ки ман аз ӯ қарздор будам, гирифт. Барои гирифтани ин қарз хонаи маро 175 ҳазор доллар қимат гузошта ба гарав монда будем. Кор омад накард ва ҳамин корманди бонк моро фиреб дода, хонаро ба номи дигар кас гузаронд”. – мегӯяд Абубакр Азизхоҷаев.

Мусоҳиби мо аз хавфи дар кӯча намондан, ба додгоҳ муроҷиат кардааст, то нисфе аз манзилро ба номи ӯ гузаронанд.

“Як солу як моҳ шуд дар суд саргардонем, ҳеҷ чиз ҳал нашуд. Ҳар моҳ барои дар хонаи худам нишастан ба корманди бонк 800 доллар иҷорапулӣ медиҳам.”- гуфт Абубакр Азизхоҷаев.

Беш аз ҳама мизони баланди қарзи бонкӣ ва ноадолатӣ дар додгоҳ Азизхоҷаевро нигарон кардааст ва умеди ӯ рӯз ба рӯз ба барқарор кардани адолат камтар мешавад. Бонк ҳоло фоизҳои қарзашро ҳар рӯз зам карда кӯшиш карда истодааст, ки ба нархи хонааш 175 ҳазор доллар баробар шавад. Қиссаи талхи “бехона” шудани Азизхоҷаев дар Тоҷикистон ягона нест ва ба ин монанд садҳо оила бинобар саривақт пардохт накардани қарзашон дар назди бонкҳо аз манзилҳояшон маҳрум шуданд.

Аммо ин вазъ метавонад иваз шавад, агар мақомоти Тоҷикистон тарҳеро ки Бонки Ҷаҳонӣ барои ислоҳи соҳаи бонкӣ омода кардааст, бипазирад. Ин тарҳ аз як сӯ мушкили ширкату корхонаҳо ва афроди алоҳидаро барои дарёфти қарзҳои бонкӣ осон мекунад ва аз сӯи дигар риски бе манзил мондани қарзгирандагонро коҳиш медиҳад. Зарина Одинаева, мудири тарҳи тақвияти инфрасохтори молиявии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ, ки масъалаи мазкурро бисёр омӯхтааст.

“Бисёре одамон ба ин мушкил дучор мешаванд, ки бонкҳо ба ҷои қарзи пардохтношуда манзилу хонаҳои одамонро мегирад. Мо пешниҳод дорем, ки барои таъмини қарз натанҳо хонаву иншоот балки амволи манқул низ истифода гардад.” – гуфт ӯ ба Радиои Озодӣ.

Аммо барои амалӣ кардани ин ислоҳот ба гуфтаи масъулони Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро зарур аст, ки ба 8 қонун тағйироту иловаҳо ворид кунад. Шарти аслии ин ислоҳот ҳамчунин ташкили як маркази вижае аст, ки дар он кулли амволи дар гарав гузошта шуда, дарҷ гардад, то як хона ё моли дигаре дар чанд бонк ба гарав гузошта нашавад.

“Ҳаштод дар сади тағйиру иловаҳо бояд ба Қонун дар бораи гарави амволи манқул ва Кодекси гражданӣ ворид карда шавад. Инҳо асосан ду санади асосие ҳастанд, ки ба ислоҳот ниёз доранд”- мегӯяд, Мурод Султонов, иқтисоддони Бонки Ҷаҳонӣ.

Ба гуфтаи Мурод Султонов, Бонки Ҷаҳонӣ айни ислоҳотро дар Чин роҳандозӣ кард ва таҳлилҳо нишон медиҳад, ки пас аз он мизони баҳраи қарзҳои бонкӣ поин рафт ва шумораи қарзгирандагон бештар шуданд. Дар таҳияи бастаи тағйиру иловаҳо Бонки миллӣ низ ширкат дорад, вале масъулони бонк аз шарҳи суду зиёни тағйирот ба иқтисоди кишвар худдорӣ карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG