Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бардошти HRW аз интихоботи Тоҷикистон "ғаразомез" аст?


Tajikistan – View of “Kokhi Millat”, Dushanbe, Jul2008
Tajikistan – View of “Kokhi Millat”, Dushanbe, Jul2008

Дидбони ҳуқуқи башар HRW мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон бояд ба саркӯби мухолифонаш хотима диҳад ва фазои муносиберо барои интихоботи озоду одилона фароҳам оварад.

HRW аз раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хостааст, ки ваъдаи додааш дар Брусселро дар бораи баргузории интихоботи шаффофу демократӣ иҷро кунад. Дар гузориш, аз ҷумла гуфта мешавад, зимни фишор ва монеагузории мақомот, номзади Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон- Ойниҳол Бобоназарова натавонист имзоҳои матлубро ҷамъ орад ва дар ниҳоят аз сабқат берун шуд.

Дидбони ҳуқуқи башар ҳамчунин аз боздошти Зайд Саидов, собиқ вазири саноат ва соҳибкор, баъд аз эълони таъсиси ҳизби сиёсӣ бо номи Тоҷикистони нав, интиқод кардааст. Дар ин замина ба мактубҳои таҳдидомез ба унвони Зайд Саидов бо талаби дур шудан аз сиёсат ишора карда, ин ҳамаро фишори ҳукумат ба мухолифонаш номидааст.

Интиқоди Дидбони ҳуқуқи башар аз интихоботи Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:46 0:00
Линки мустақим


Дар давоми гузориш Дидбони ҳуқуқи башар ҳамла ва латукуби Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар арафаи таҷлили 40-солагии ин ҳизб ва ба 14 соли ҳабс маҳкум кардани раиси ҲНИТ дар Бадахшон будаи Шерик Карамхудоевро мисол оварда гуфтааст, ҳукумати Тоҷикистон барои фишороварӣ ба мухолифон аз ҳар усуле кор мегирад.

Абдуманон Додоев
Абдуманон Додоев
Human Rights Watch бо дархости Тоҷикистон боздошт шудани Умаралӣ Қуватов, дар Иморати Муттаҳидаи Араб ва нопадид шудани Салимбой Шамсиддинов, рӯзноманигор ва роҳбари ҷамъияти узбекони Тоҷикистонро натиҷаи нақзи қонун дар ин кишвар донистааст.

Аммо масъулони ниҳодҳои давлати Тоҷикистон ин гузориши Human Rights Watch-ро «ғаразомез ва якҷониба» хонда, мегӯянд, муҳтавои он вазъияти воқеиро дар кишвар инъикос намекунад.

Абдуманнон Додоев, раиси дастгоҳи КМИРТ дар суҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт, маъракаи интихобот мутобиқ ба қонунҳои Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалӣ идома дорад ва гузориши HRW бепоя аст, чунки ягон далел надорад дар қиболи интиқодҳояш аз Ҳукумати Тоҷикистон: «онҳо навиштаанд, ки гӯё мо Бобоназароваро ба қайд нагирифтем. Ин хел нест, онҳо ягон ҳуҷҷат барои ба қайд гирифтан ба мо пешниҳод накарданд. Мо се рӯз муҳлати имзоҷамъкуниро тамдид кардем. Рӯзи 11-уми октябр охирин рӯзи бақайдгирии номзадҳо низ мо интизори ҳуҷҷатҳои Бобоназарова будем. Аммо пешниҳод накарданд ва худи Бобоназарова эътироф кард, ки онҳо имзоҳои заруриро ҷамъ оварда натавонистанд».

Ҷаноби Додоев, афзуд, онҳо ба он иддаои HRW, ки навиштааст, дар интихоботи президентии Тоҷикистон рақобати ҷиддӣ мушоҳида намешавад ва номзадҳои сабтиномшуда аз пуштибонии сиёсӣ бархурдоранд розӣ нестанд ва инро андешаи ғаразноки ҳамин созмон мешуморанд.

Аммо коршиносони мустақил мегуянд гуфтаҳои HRW ҷон дорад ва воқеан ҳам интихобот бо нақзи густурдаи ҳуқуқи мардум ва фишори сахт болои мухолифон шурӯъ шудав, идома дорад.

Амнияти Абдуназар, коршиноси мустақил ва раҳбари бунёди демкоратия дар Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷараёни интихобот ҳизбҳое, ки воқеан ҷонибдор доранд, натавонистанд имзоҳои лозимро ҷамъ биоранд: «Вале ҳизбҳое, ки аслан «вуҷуд» надоранд, дар як муддати кӯтоҳ, бе ягон мушкилот тамоми имзоҳои лозимро ҷамъ карданд. Чунки ҳизби ҳоким зӯран он имзоҳоро ҷамъ мекунанд, хоҳанд ё нахоҳанд. Дигар ин, ки дар дили мардум барои ҳизбҳои мухолиф имзо гузоштан тарсу ҳарос аст, ба он хотир, ки он шахсе имзо мемонад, метавонад аз ҳуқуқҳои шаҳрвандии худ маҳрум шавад".

Амнияти Абдуназар
Амнияти Абдуназар
Аммо баракси гуфтаҳои ҷаноби Абдулназар аъзоёни ҲХДТ созмони HRW-ро дар стандартҳои дугона айбдор сохта мегуянд, ки ин созмон ба ҳамаи кишварҳои бархӯрди ягона надорад. Усмон Солеҳ, сухангӯи ҳизби ҳокими халқии демократӣ мегӯяд мутассифона, як таҳаввуле миёни созмонҳои байналмилалӣ роиҷ аст, ки онҳо танҳо камбудиро мекобанд ва дастовардҳоро нодида мегиранд. Вай мегӯяд: «дар Афғонистоне, ки ноором аст ва зери тиру туфанг, интихобот барпо мешавад, магар дар Тоҷикистон, ки фазои сулҳу суббот ва ваҳдат танинандоз аст, оё интихобот шафофу демократӣ нахоҳад гузашт?»

Ҷаноби Солеҳ афзуд дар Тоҷикистон ҳама идораҳо фаъоланд ва дар сурати қонуншиканӣ додгоҳ аст, ки онро ҳаллу фасл мекунад ва дар раванди интихобот низ агар нақзи қонун пеш ояд, ҳар ҳизби сиёсӣ метавонад ба додгоҳ муроҷиат кунад ва мушкили худро дар чорчӯби қонун ҳал намоянд.

Интихоботи президентии Тоҷикистон рӯзи 6-уми ноябр баргузор мешавад ва дар он шаш номзад бо ҳам рақобат мекунанд. Бисёре аз коршиносон ба ин назаранд, ки бо берун мондани номзади Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ Ойниҳол Бобоназарова, "интрига"-и интихоботӣ аз байн рафт ва Эмомалӣ Раҳмон бидуни рақиби ҷиддӣ монд.
XS
SM
MD
LG