Пайвандҳои дастрасӣ

Арзёбиҳои сулҳи тоҷикон дар остонаи ҷашни ваҳдат


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари пешини Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари пешини Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик.

Дар Душанбе ҳамоиши сулҳу ваҳдати миллӣ бо ширкати таҳлилгарону донишмандони тоҷик ҷараён дорад.

"Созишномаи сулҳ ва ризояти миллӣ аҳамияти сарнавиштсози таърихӣ дошта, он дар радифи эъломияи истиқлоли Тоҷикистон қарор дорад." Ин матлаб рӯзи ҷумъаи 22-юми июн зимни баргузории ҳамоише ба муносибати таҷлили 15-умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе баён гардид.

Бобохон Маҳмадов, раиси Маркази мутолеоти стратегии вобаста ба дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни таъкид бар аҳамияти таърихии санади сулҳи миёни тоҷикон гуфт, "агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлолият ва соҳибихтиёриро дода бошад, пас, Созишнома дар ватани мо сулҳу салоҳро таъмин намуд." Маҳмадов ҳамчунин таъкид кард, ки "агар дар ватани мо бо шарофати Созишномаи сулҳ ва оштии миллӣ сулҳу амонӣ пойдор намегардид, хатари аз даст додани истиқлолият ба мо таҳдлид менамуд."

Кароматулло Олимов

Кароматулло Олимов

Ин ҳам дар ҳоле, ки Кароматулло Олимов, муовини раиси Академияи улуми Тоҷикистон ва узви собиқи Комиссияи Оштии Миллӣ сабабҳои низои байни тоҷиконро ба чолиш кашида ва таъмини сулҳу ваҳдат дар кишварро омили муҳим барои куллияи мардум донист. Ҷаноби Олимов нақшаи низои Тоҷикистонро ба фурӯпошии Шӯравӣ марбут донист ва гуфт, "маҳз ин пошхӯрӣ сабаб шуд, ки дар бархе аз кишварҳои пасошӯравӣ низоъҳо рух бидиҳанд, аммо дар Тоҷикистон ин низоъ ба "фоҷиаи бузург" табдил ёфт."

Ба таъкиди Кароматулло Олимов, "омода набудани кадрҳои раҳбарии вақти Тоҷикистон ба чунин дигаргунӣ ва ҳанӯз ҳам пойбанди "марказ" будану мустақилият надоштан, аз сабабҳои дигари низоъ дар Тоҷикистон гардид." Вай ҳамчунин популизми гурӯҳҳо, таассуби маҳалгароӣ, фалаҷ шудани сохторҳои қудратӣ, фаъол шудани гурӯҳҳои ҷиноятӣ ва ҳамчунин аз ин вазъият истифода кардани кишварҳои минтақаро аз сабабҳои дигари сар задани низоъ дар Тоҷикистон арзёбӣ кард.

Абдунабӣ Сатторзода, узви собиқи ҳайати музокиракунандаи сулҳи тоҷикон ва аз аъзои собиқи Комиссияи Оштии Миллӣ (КОМ) низ ба "таҳмилӣ" будани низоъ дар аввали даҳаи 90-уми қарни гузашта дар Тоҷикистон таъкид кард ва гуфт, бо гузашти солҳо аз он рӯзҳои мудҳиш, рӯшан мешавад, ки кишварҳои ҳамсоя ва минтақа дар ин ҷанг даст доранд. Аммо ба эътиқоди Сатторзода, маҳз "хиради азалии мардуми тоҷик" ва "ҷоннисориҳои раҳбарони ҳар ду тараф - Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари ИНОТ, мардуму миллати тоҷикро ба сулҳу субот расонид."

Абдунабӣ Сатторзода

Абдунабӣ Сатторзода

Ҳамоиши "Плюрализм ва масъалаҳои замонашавии низоми сиёсӣ дар Тоҷикистон" дар ду бахш "Ваҳдати миллӣ: заминаҳои таърихӣ ва аҳамияти амалии он" ва "Иҷрои амалии сиёсати сулҳу ваҳдат ва гуногунандешӣ: Таҷрибаи минтақаҳо" ҷараён дорад. Дар чорчуби ин ҳамоиш 20 гузоришу мақолаҳои илмӣ тавассути масъулону коршиносони соҳаҳои мухталиф пешниҳод хоҳад шуд.

Интизор меравад, дар поёни ин ҳамоиш назару андешаҳо ва хулосаҳои музокиракунандагон натиҷагирӣ ва барои истифода пешниҳод шавад. Зимнан, то таҷлили 15-умин солгарди рӯзи Ваҳдати Миллӣ камтар аз як ҳафтаи дигар боқӣ мондааст ва ҳоло маҳфилу нишастҳо, ҳамоишҳои илмии бахшида ба ин рӯз дар саросари кишвар ҷараён доранд.

Созишномаи сулҳ ва оштии миллӣ 27-уми июни соли 1997-ум дар шаҳри Маскав аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур ва марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари ИНОТ, ба имзо расида буд. Ҳукумати Тоҷикистон ин санаро ба унвони рӯзи Ваҳдати миллӣ дар феҳристи ҷаншҳои расмӣ ворид кард ва ҳамасола ин сана бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG