Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози тоҷикистониҳои Вашингтон аз ҳодисаҳои Хоруғ


Ҳудуди 20 тан аз тоҷикҳои муқими Амрико дар назди сафорати Тоҷикистон дар Вошингтон пикети эътирозӣ доир карданд.

Ҳудуди 20 тан аз тоҷикҳои муқими Амрико дар назди сафорати Тоҷикистон дар Вошингтон пикети эътирозӣ доир карданд. Онҳо сулҳ дар вилояти Бадахшон, таҳқиқи байналмилалии хушунатҳои ахир ва эҳёи хутути иртибот бо ин вилоятро талаб доштанд. Давлат дар ин ҳафта дар пайи қатли як генерали амниятӣ амалиёти низомӣ алайҳи “ҷангиён”-ро дар Бадахшон оғоз кард, ки бино ба ҳисобҳо, то 70 кушта, аз ҷумла дар байни мардуми мулкӣ, ба ҷо гузошт. Ситора Ҷонмамадова, яке аз эътирозгарон дар Вошингтон ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, аз 24 июл ба ин сӯ наметавонад бо пайвандонаш дар Бадахшон тамос бигирад. Ӯ гуфт, “Шевае, ки дар пешбурди амалиёти низомӣ истифода шуд моро аз сарнавишти аҳли хонаводаву дӯстонам бехабар гузоштааст.”


XS
SM
MD
LG