Пайвандҳои дастрасӣ

«Asian Express Airline» - и Тоҷикистон ба рӯйхати ширкатҳое афтод, ки ба далели тааллуқ доштанашон ба Бобак Занҷонӣ аз сӯи ИА таҳрим шудаанд.

Ин таҳрим дар чаҳорчӯби чораҳои зидди барномаи ҳастаии Эрон ҷорӣ шуда, гуфта мешавад, даромади ширкати «Asian Express Airline» - и Тоҷикистон ба Эрон интиқол дода мешавад. Ширкати «Asian Express Airline» соли 2007 дар Тоҷикистон сабти ном шуд, аммо то ҳол ҳавопаймоҳои худро ба само баланд накардааст.

Ба ғайр аз «Asian Express Airline» боз ду ширкат - Kont Building ва Kont Trading ва ҳамчунин Kont Bank дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ки низ ба Бобак Занҷонӣ, як соҳибкори иронӣ тааллуқ доранд.

Аммо як масъули «Asian Express Airline», ки нахост, номаш ошкор шавад, гуфт, ин ширкат рабте ба хориҷа надорад: «Ба ягон ширкат ё соҳибкори хориҷӣ тааллуқ надорад. Ин ширкати Тоҷикистон аст. Ба ягон ширкати дохилу беруни Тоҷикистон рабте надорад. Овозаҳо дар ин маврид ҳам беасосанд.»


Раиси ширкати «Asian Express Airline Сӯҳроб Оймаҳмадов, писари Маҳамдамин Оймаҳмадов, намояндаи собиқи тиҷоратии Тоҷикистон дар Эрон аст, ки ҳоло дар мақоми раҳбарии ширкати Kont Trading фаъолият мекунад.

Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе таксиҳои «Asian Express” ба гардиш омаданд, ки масъулони ин ширкат низ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ нахостанд, аз онҳо ном бурда шавад.Зоҳиран, сухан аз чандин ширкате меравад, ки мансубияти ҳақиқии онҳо ба доираҳои муайяни болоӣ маълум, аммо барои ҷомеа номаълум боқӣ мемонад. Бино ба иттилои сомонаи Sanctionwiki, ҳамаи ширкатҳои номбаршуда ба Бобак Занҷонӣ тааллуқ доранд.

Занҷониро расонаҳои эронӣ «даллоли бузурги нафт» ва аз «падархонди иқтисоди Эрон» меноманд, ки то ба қудрат расидани Маҳмуди Аҳмадинажод як нафари умуман номаълум буд. Бино бар иттилои манобеи интернетӣ, Занҷонӣ зодаи Теҳрон, аммо табааи Дания буда, фаъолияти 64 ширкати худро дар Туркия, Эрон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Ҳамчунин расонаҳои эронӣ Занҷониро барои сирқати 300 миллион доллар муттаҳам мекунанд, ки чанд соли пеш аз фурӯши нафти Эрон дар хориҷ ба даст оварда, ин маблағро дар бонкаш дар Малайзия нигоҳ медорад.

Зимнан, ширкатҳои марбут ба Бобак Занҷонӣ дар Тоҷикистон аз соли 2007 ба ин сӯ сабти ном шуда, ҳамчунин Терминали автобусҳои Душанбе (Dushanbe Bus Terminal) ва Маркази тиҷоратии Душанбе (Dushanbe City Center) аз тарҳҳои онҳо ба шумор меоянд. Инчунин, бархе хонаҳои истиқоматиеро, ки дар хиёбони Саъдии Шерозӣ, шафати Сирки давлатӣ сохта мешаванд, низ ба Kont Building рабт медиҳанд.

Шоиоте аз пуштибонии афроди баландпояи Тоҷикистон аз ширкатҳои марбут ба Бобак Занҷонӣ вуҷуд доранд, ки то ба ҳол расман тасдиқ нашудаанд. Аммо парлумони Тоҷикистон моҳи октябри соли гузашта ширкати “Asian Express Airline” – ро ба хотири ворид ва мавриди истифода қарор додани таксиву мусофиркашонҳои байнишаҳрӣ, аз андоз ва пардохтҳои гумрукӣ озод кард, ки дар маҷмӯъ солона 6 миллион сомонӣ, ё бештар 1 миллиону 200 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Дар зимн, яке аз раҳбарони Asian Express Airline Рустам Саидов, ҳамзамон узви Шӯрои директорони Kont Bank, он замон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ робитаи ширкат бо афроди мансабдорро рад карда, гуфт:
"Мо диламон пур буд, ки моро давлат дастгирӣ мекунад. Аз ин рӯ нархи автобусҳоро ба таври реалӣ нишон додем. Ягон чизро дар инҷо пинҳон накардем. Ин ҷо кадом гапе аз хешутаборӣ нест. Мо муроҷиат кардем ва роҳбари давлат моро дастгирӣ кард."

Дар ҳамин ҳол, иддае аз коршиносон бар инанд, ки таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо эҳтимолан ба дигар ширкатҳои марбут ба Бобак Занҷонӣ таъсири худро расонанд.

Ба қавли масъулони ширкатҳо, Asian Express Airline, Kont Building, Kont Trading ва Kont Bank дар як ҳолдинги бузурги мавсум ба "Конт-групп" муттаҳид шудаанд. Ба қавли коршиносон, ин ҳолдинг ҳам як падидаи ҷадид дар қатори он силсилаширкатҳое, назири таҳти назорати «Ориёнбонк» мебошад, ки бахши умдае аз иқтисоди Тоҷикистонро дар даст доранд.
XS
SM
MD
LG