Пайвандҳои дастрасӣ

Як хонандаи доимии сомонаи радиои Озодӣ бо номи Ватанӣ Алидодов, дар бораи рамзи «Чил» дар номгузории мавзеъҳо ба монанди «Чилмурид», «Чилхона» ваё «Чилтан», ки дар Бадахшон зиёд вомехӯранд матлабе фиристондааст.

Дар водии Вахон ҷойҳои муқаддас, ки бо калимаи рамзии «Чил» сар бо номи «Чилмурид» дар деҳаи Внукут, дар Зумудг «Чилхона», дар деҳаи Зунг «Чилтан» ва ҳоказо зиёданд.

Cоли 1998 дар рӯзномаи «Бадахшон» мақолаи «Чилтанони нек дар эътиқоди мардуми Помир» ба нашр расид, ки аз тарафи устоди кафедраи таърихи ДДХ Қаландаров таҳия гардида буд, ба нашр расид. Устод дар мақолааш роҷеъ ба пайдоиши «Чилтанон» овардааст: "Одамон ба муқаддасот ва тавоноии «Чилтанон» боварӣ дошта ӯро радкунандаи тамоми балоҳо меҳисобанд."

Чуноне ки аз мақолаи устод Қаландаров маълум мегардад, ки ин гуна достонҳо на танҳо дар Вахон, балки дар ноҳияҳои Роштқалъаю Рушон ва Ванҷ низ мавҷуданд. Пас аз ин қадамгоҳи «Чилтанон» ба таърих ва мазҳаби мардуми Бадахшон сахт алоқамандӣ дорад.

Қадамгоҳи «Чилтан» дар ҳудуди деҳаи Зунг мавзеи Сирч, дар баландии 8 км аз деҳа воқеъ гардидаст. Қадамгоҳ аз як дарахти калон, ки гирдогирдаш тақрибан 5 м меояд, иборат аст. Дарахт ба оилаи дарахтони паҳнбарг дохил мешавад. Ин дарахт дар дохили боғ ҷойгир шудааст.

А. А. Бобринский дар бораи «Чилтанон» чунин ривоят овардаст: "Аз шоҳе як духтар будааст ва ин духтар чил канизак доштааст. Дар як вақт ин чил канизак ҳомиладор мешаванд. Шоҳ аз ин хабардор шуда онҳоро дар гумбаз шинонда баъди чанд рӯз онҳо кӯдак таваллуд намуданд. Баъди таваллуд онҳо ба ҳар тараф фирор намуданд, кӯдакон бо қувваи ғайб калон шуданд. Вақте ки онҳо калон шуданд, аз масофае, ки аз модарҳояшон боқи монда буд, ба худ лунги духта ба шаҳр барои ҷамъ кардани садақа баромаданд. Онҳоро ҳамчун «Чилтанон» ёд мекунанд."

Дар мардуми Вахон доир ба «Чилтанон» чунин ривоят мавҷуд аст: "Дар замонҳои қадим марде дар баландии Сирч зиндагони мекарданд. Онҳо замин ва чорвои зиёде доштанд, вале ягон фарзанд надоштанд. Зану шавҳар дар фироқи фарзанд буданд. Дар яке аз рӯзҳои гарми баҳорон мард саргарми кишту кори замин буд, ки нохост чашмаш ба як пирамарди нуроние, ки дар назди чашма нишаста буд, афтод. Мард эҳтиромона сар фуруд оварда салом медиҳад. Онҳо муддате гуфтугӯ намуда, аз аҳволи ҳам огоҳ гаштанд. Пирамард ба марди сахӣ рӯ оварда аз аҳволи фарзандон пурсон шуд. Мард аз пурсиши пирамард ранҷур шуда, аз ду дидааш ашк ҷорӣ гашта посух дод, ки ғайр аз моли дунё чизе дигаре надорад.

Пирамард баъд аз шӯнидани ин суханон мардро тасалло дода асояшро ба замин халонда ва ба мард гуфт, ки ин ниҳолро ҳамчун ёдгори парвариш карда, номи онро «Чилтанон» диҳад. Мард аз ин кирдори пир дар ҳайрат монда фикр кард, ки ин хушкасо кай дарахти гул шудааст. Пирамард даст ба бағал бурда себеро баровард ва ба мард дароз кард ва маслиҳат дод, ки себро бо ҳамроҳии занаш ду пора сохта хамроҳ бихӯранд, иншоаллоҳ дарди бефарзадиро даво мебахшад. Мард аз ин гуфтаҳои пир дилшод гашта хост ба ӯ миннатдорӣ намояд, лекин ӯ аллакай аз чашм нопадид гардида буд. Мард ба хона расид, ҳамаи воқеъаро ба занаш гуфт ва ҳарду себи додагии пирро ду пора сохта хамроҳ хӯрданд.
Мард рӯзе назди он асое, ки пир шинонда буд рафт ва дид, ки асо мисли ниҳоли навруста сар то по сабз шудаст. Аз ин вақт сар карда мард ҳар саҳар ин ниҳолро об медод ва нигоҳубин мекард. Як саҳар мард бо муҳаббати об додани кишт сӯи киштзор равон гашт. Ӯ ба киштзор расида саргарми кор шуд, ки ҳудҳуде сари санг нишаста бо забони худ сӯи деҳқон гӯё сирреро мекушод. Мард аз овози ҳудҳуд пайхас кард ва сӯи хона шитофт. Вақте мард вориди хона гардид дид, ки занаш чил писар таваллуд кардаст. Баъд марду зан дар ҳайрат шуданд ва фикр намуданд, ки дар ин рӯзгори сахт чил фарзандро чӣ тавр тарбия менамоянд. Баъд ба хулосае омаданд, ки аз байнашон як тифлро интихоб кунанд ва дигаронро ба тарафи кӯҳи Жуй, ки шимолтари Сирч вокеъ аст, баранд. Мард кӯдаконро ба ба сабаде андохт ва ба кӯҳи Жуй равон шуд. Ӯ тифлаконро зери кафидаи санге гузошта ба хона баргашт.

Аз ин ҳол чанд сол гузашт ва ягон кас воқифи ин сир нашуд. Тифлеро ки мард бо худ гузошта буд, аллакай ба ҳар кори падар ёрӣ мерасонд. Рӯзе мард озими кӯҳсор мегардад ва дар роҳ ногоҳ чашмаш ба кӯдакони сершумор афтод, ки дар марғзор машғули бозӣ буданд. Мард бо тааҷуб ба тифлон нигоҳ мекард, ки ногоҳ рамае аз оҳувон аз кӯҳ фаромада, ҳар яки тифлаконро ҳамчун модар бо шири худ сер кардан гирифтанд. Мард ба хона баргашта ҳамаи инро ба занаш нақл намуд. Аз ин вақт зан ба назди тифлакон рафтани падарро ҳар саҳар талаб мекард. Мард ҳар саҳар назди тифлакон мерафт. Рӯзе зан ба мард гуфт, ки дасти фарзандатро бигир ва ӯ низ мехоҳад аз танҳои ба худ ҳамроҳе пайдо бикунад. Онҳо ҳар рӯз ба кӯҳ мерафтанд ва бо ҳам бозӣ мекарданд. Вақте ки тифлакон ба онҳо наздик омадани падарро медиданд зуд зери санг ҷо мешуданд. Мард аз рафтанаш ҳар рӯз ба кӯҳ безор шуд хост байни эшон тифлеро ҳамроҳи фарзандаш оварад. Ӯ ба писараш чунин маслиҳат дод, ки вақти ба назди додарон расидем муддате бо онҳо бозӣ намуда, якеро аз даст гирифта то омадани ман нигоҳ дор. Писар ин суханонро қабул намуд. Падар зери санг пинҳон шуд ва додарон саргарми бозӣ шуданд. Нохост тифл аз дасти бародараш маҳкам дошт ва омадани падарро интизори кашид. Чун тифлакон омадани падарро бидиданд ҳар дуро зери санг кашиданд. Падар чун ин ҳолатро бидид гиребон чок кард ва гирёну нолон назди занаш омад. Зан низ чун ин ҳолатро бидид гирён шуд ва ҳар ду ба ҷустуҷӯи фарзандашон баромаданд. Дар роҳ назари онҳо ба пире афтод ва назди ӯ рафта хидмат намуданд ва воқеаро ба пир нақл намуданд. Пир ба онҳо гуфт, ки бе амри Ғаффор ман наметавонам саҳви шуморо бубахшам. Шумо аз хобу хурдашон тарсида онҳоро бераҳмона зери санг партофтед. Оқибат дидет, ки соҳиби замон чӣ тавр оҳувонро баҳри онҳо доя ва санги хороро барояшон бистар намуд. Ҳукми Яздон он нест, ки чил писар назди шумо баргардад. Кирдигор фақат як писарро, ки бо ранҷу азоб калон намудаед, бахшидааст. Пир даст сӯи осмон бурда дуо менамояд. Ногоҳ кӯҳ кафиду аз дохили он чил писари аблаксавор берун омаданд.

Пир ба ҷавон рӯ оварда амр намуд, ки туро амр аст, ки ба падару модарат хизмат кунӣ ва аз ҳаракату баракати онҳо файз хоҳӣ ёфт. Ба дигарон бошад амр, ки ҳамчун мурғе ба осмон пар зада ба ҳар диёр раҳсипор шаванд ва раҳнамои халқ бошанд. Чун ба ҳар маконе, ки маскан гирифтанд он маконро «Чилтанон» ном ниҳанд.

Ватанӣ Алидодов.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG